БАРНОМАИ рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)
Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади нигоҳ доштани хазинаи ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумор, чорвои зотӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ҳайвоноти кишоварзӣ ба ин васила таъмин намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо маводҳои зотӣ таҳия гардидааст.
Селексия ҳамчун яке аз усулҳои муҳим ва қадимаи такмил додани сифаҳҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои чорво ба ҳисоб рафта, дар оянда низ боқӣ хоҳад монд.
Кори зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биотехнологӣ-генетикӣ ва хоҷагидорӣ мебошад, ки барои ҳифз ва такмил додани авлодҳо, ҷинсҳо ва зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст. Ба ҷуз аз гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯавӣ оид ба ташкил ва пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ бо истифода аз дастовардҳои ҷаҳонии селексия ва ирсиятшиносӣ, рушди минбаъдаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи чорводорӣ, пеш аз ҳама ба заминаи зотпарварии соҳа барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии "Барномаи паст кардаии сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009", ки яке аз вазифаҳои он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи зотпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумотҳои охирини баҳисобгирии зотҳо (соли 1990) саршумори чорвои калони шохдори зотӣ 360.5 ҳаз. сар. аз ҷумла хушзот 189.4 ҳаз. сар. саршумори модагов мутаносибан - 133.1 ва 71.8 ҳаз сар. гӯсфанд - 1318,0 ҳаз. ва 997,1 ҳаз. сар, буз 107.3 ва
73.8. асп - 34.7 ва 22,6 ҳаз. сарро ташкил медод.
Таҳлили маълумотхои аттестатсионии соли 2006 аз он шаҳодат медиҳанд, ки саршумори чорвои зотӣ чанд маротиба кам гардидааст, Теъдоди чорвои хушзот (элита ва дараҷаи 1-ум) дар ҳамаи хоҷагиҳои зотпарпарӣ чунин ҳаст:
чорвои калони шохдор (ширӣ) - зотӣ 91.7 фоиз ва хушзот - 89.2 фоиз;
аз ҷумла модагов - зотӣ 93.1 фоиз ва хушзот - 92.3 фоиз:
чорвои калони шохдор (гӯштӣ)- зотӣ - 97.6 фоиз ва хушзот - 95.6 фоиз;
гӯсфанд ва буз - зотӣ - 85.-5 фоиз ва хушзот - 87.2 фоиз;
асп - зотӣ - 93.3 фоиз ва хушзот - 89.0 фоиз.
Чунин ҳолат дар заводҳо ва хоҷагиҳои зотпарварӣ низ ба вуқӯъ омада, саршумори чорвои хушзот хеле кам гардидааст.
Бо дар назардошти ҳолати рӯҳдода дар соҳа ва ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштани хоҷагиҳои зотпарварӣ, қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермахои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" қабул гардид, ки дар шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ 49 адад хоҷагиҳо шомил мебошанд.
Дар шароити имрӯза беш аз 89 фоизи саршумори чорво ба сектори аҳолӣ рост меояд, ки аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест. Истифодаи маводҳои зотӣ, хизматрасонии зоотехникию байторӣ маҳдуд буда, таъминот бо хӯрока ва захираи он суст гардидааст.
Вазни қиёсии зироатҳои хӯроки чорво дар сохтори заминҳои киштшаванда аз 27.7 фоизи соли 1991 то 12.2 фоиз кам гардида, ба ҳисоби 1 сар чорвои шартӣ то 0,06 гектар рост меояд. Ҳамзамон ҳосилнокии зироатҳои асосии хӯроки чорво бошад, аз 18.5 то 45.3 фоиз ва дар чарогоҳҳо аз 2.5 то 3.0 маротиба паст шудааст. Аз ин рӯ, таьмин аз рӯи ҳаҷм ва ғизонокӣ (энергияи таҷзия) ба қадри 40-50 фоиз, моддаи хушк ва протеин дар фасли тобистон 60-70 фоиз, зимистон 30-40 фонз мерасад, ки омили асосии боздошти пешрафти соҳа мебошад.
Дар оянда зарур аст, ки имконияту захираҳо барои беҳтаргардонии сифатҳои маҳсулнокию зотии чорво тавассути амалигардонии корҳои селексинию зотпарварӣ, афзунгардонии истеҳсоли хӯрокиҳои чарогоҳӣ ва идора намудани истифодабарии самараноки манбаъҳои табии истеҳсоли хӯрока равона карда шаванд.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои ҷорӣ намудани сиёсаси ягонаи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунӣ омода гардидааст. Барои нигоҳ доштани фондҳои ирсӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ (махсусан ҷавҳари зот) ва мукаммал гардонидани сифатҳои маҳсулнокию ирсии чорво ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
- амалигардонии назорати ҳатмии илмию методӣ, оид ба системаи пешбурди кори зотпарварӣ, новобаста аз шакли моликият;
- дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ барқарор намуданм иқтидорҳои истеҳсолии заводҳо ва хоҷагиҳои зотпарварӣ оид ба афзун намудани истеҳсоли маводҳои зотӣ (ҷавонаҳои зотӣ) ва маҳсулоти зотӣ (нутфа):
- барқароркунии иқтидори стансияҳо ва парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, оид ба намуд ва зотҳои чорво;
- эҳё намудани нуқтаҳо ва стансияҳои бордоркунии сунъии чорво ва таъмини онҳо бо маводҳои зотӣ (чорвои наслдеҳи баландсифат, нутфа ва ҷанин), махсусан дар назди ҷамоатҳо:
- гузаронидани санҷиши чорвои баландмаҳсул (буққа, қӯчкор ва таккаҳо) аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокӣ;
- ворид намудани чорвои наслдеҳи баландмаҳсул ва маводҳои зотӣ аз хориҷи кишвар:
- таъсиси додани хоҷагиҳои "элевер"-ӣ оид ба парвариши мақсадноки ҷавонаҳои хушзоти чорво дар назди хоҷагиҳои давлатии зотпарварӣ ва стансияҳои бордоркунии сунъӣ;
- аз нав дида баромадани вобастакунии майдонҳои чарогоҳҳои табиӣ, вобаста ба ғунҷоиши саршумор ва оқилона истифода бурдани чарогоҳҳои мавсимӣ:
бунёди бонки нутфа ва захираи маълумотҳо дар бораи фонди ирсии чорвои сермаҳсул;
- ҳавасамандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аҳолӣ) барои ташкил намудани фермаҳои хурди зотпарварии фермерӣ, оид ба афзоишдиҳии чорвои ширию гӯштӣ ва гӯсфандони сергӯшту серравған;
- таҳия ва тасдиқи стандарҳои миллии меъёрҳо ва қоидаҳо (оид ба намуд ва зотҳо) дар соҳаи чорводорӣ;
- таьмин намудани санҷиши ҳатмии маҳсулоти зотӣ ва маводҳои зотпарварӣ;
- тайёр намудани мутахассисони бордоркунии сунъии чорво ва такмили савияи тахассусии онҳо.
3. Мақсади Барнома
Мақсади Барнома, таъмин намудани раванди бозтавлидии (такрористеҳсолкунӣ) чорвои хушзот баҳри такмил додани сифатҳои ирсию маҳсулнокии он ва афзоишдиҳии чорвои сермаҳсул, инчунин ҳифзи фондҳои ирсии зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, зоту намудҳои ҳайвонҳои камшумору аз байн рафтаистода, ки дар корҳои селексионӣ муфиданд, мебошад.
Мақсади таҳияи "Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз чунин бахшҳо иборат аст:
- нигоҳ доштан ва тадриҷан тараққӣ додани зотпарварӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи муосир дар соҳа;
- афзудани рақобатпазирии маводи зотӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ тавассутӣ зиёд намудани маҳсулнокӣ ва сифатҳои ирсии чорво:
- такмил додани тарзу усулҳо ва равандҳои (протсесҳои) технологӣ оид ба такрористеҳсолкунии маводҳои зотӣ;
- афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба воситаи муҳайё сохтани шароитҳо барои зиёдшавии саршумори чорвои хушзот, махсусан саршумори чорвои модаи наслдеҳ ва маҳсулнокии он дар ҳама шаклҳои хоҷигиҳо;
- асоснок намудани, ташкили воридот ва тақсимоту фурӯши чорвои хушзот, нутфа ва ҷанини онҳо;
Амалигардонии Барномаи мазкур барои устувор нигоҳ доштани қобилияти ирсии зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, беҳтаргардонии аломатҳои наслҳои онҳо мусоидат карда, бо ин васила дар маҷмӯъ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаро таъмин менамояд.
Барои амалигардонии Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст (замимаи 3). Амалӣ гардидани Барнома ба афзудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии хоҷагиҳои зотпарварӣ, шумораи нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ва чорвои зотӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. (замимаҳои 4. 5).
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории "Барномаи рущди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол ба ин мақсадҳо 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд аз ҳисоби ҷалби сармояи ватанӣ аа хориҷӣ грантҳо таьмин карда мешаванд.
Замимаи 1
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии
чорво дар Ҷумҳурии Точикистон
барои солҳои 2008-2015"
Талаботи соҳаи зотпарварӣ оид ба маблаггузорй аз хисоби буҷаи чумҳуриявӣ барои хнридорӣ намудани воситахои асосӣ ва гардишӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)
+---+-------------------------------------------------+--------------ҷ
| № | Номгӯи воситаҳои асосӣ ва гардишӣ |Маблағи умумӣ |
|т/т| |(ҳаз.сомонӣ) |
+---+-------------------------------------------------+--------------+
|1 |Харидории чорвои зотӣ аз дохили ҷумҳурӣ |100,0 |
+---+-------------------------------------------------+--------------+
|2. |Харидории таҷҳизот ва асбобу анҷоми бордоркунии | |
| |сунъии чорво |100,0 |
+---+-------------------------------------------------+--------------+
Замимаи 2
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии
чорво дар Ҷумҳурии Точикистон
барои солҳои 2008-2015"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)
+--+----------------------------------------+---------+--------------ҷ
| №|Нишондиҳандаҳо |Воҳиди | Солҳо |
| | |ченак +-------+------+
| | | | 2014 | 2015 |
+--+----------------------------------------+---------+-------+------+
|1.|Миқдори нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ |адад |285 |300 |
+--+----------------------------------------+---------+-------+------+
|2.|Саршумори чорвои сунъӣ бордоршуда |сар |27000 |30000 |
+--+----------------------------------------+---------+-------+------+
|3.|Насли хушзот аз бордоркунии сунъӣ |сар |20500 |23000 |
+--+----------------------------------------+---------+-------+------+
Замимаи 3
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии
чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома
+---+------------------------+-------+-------------------------------ҷ
|№ | Номгуи чорабинихо |Мухлати| Мутасадди |
|т/т| |ичро, | |
| | |(сол) | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 1.|Тахия ва тасдик намудани|2008 |Вазорати кишоварзии |
| |нохиябандии зотхо дар |2009 |Чумхурии Точикистон, |
| |минтакахои Чумхурии | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |Тоыикистон | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|2. |Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|3. |Ташкили нуктахои бодор- |доими |Вазорати кишоварзии |
| |кунии сунъи дар сектори | |Чумхурии Точикистон |
| |ахоли ва таъмини онхо | | |
| |бо тачхизот ва маводхои | | |
| |биологи ва зоти | | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|4. |Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 5.|Тахия ва тасдики стан- |2008- |Вазорати кишоварзии |
| |дартхо, меъёрхо ва |2010 |Чумхурии Точикистон, |
| |кондахои милли дар сохаи| |Академияи илмхои кишоварзии |
| |зотпарвари (оид ба намуд| |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| |ва зотхои чорво) | |Точикистон. Агентии стандарти- |
| | | |затсия, метрология, сертификат-|
| | | |сия ва нозироти савдои назди |
| | | |Хукумати Чумхурии Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|6. |Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) |
+---+----------------------------------------------------------------+
| 7.|Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 8.|Таъмини хиязи зотхои |доими |Вазорати кишоварзии |
| |чорво тавассути | |Чумхурии Точикистон, |
| |афзоишдихии хамзот | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 9.|Бахисобгирии нишондихан-|доими |Вазорати кишоварзии |
| |дахои сохаи зотпарвари | |Чумхурии Точикистон, |
| | | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|10.|Тахияи ва пешниход |2008- |Вазорати кишоварзии |
| |намудани барномахои |2010 |Чумхурии Точикистон, |
| |инвеститсиони оид ба | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |рушди сохаи зотпарвари | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|11.|Тайёр намудани мутахас- |доими |Вазорати кишоварзии |
| |сисони ому делу и | |Чумхурии Точикистон, |
| |искусственному осемене- | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |нию и повышению их | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| |квалификации | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|12.|Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) |
+---+----------------------------------------------------------------+
|13 |Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589) |
+---+----------------------------------------------------------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2007, № 501
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади нигоҳ доштани хазинаи ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумор, чорвои зотӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ҳайвоноти кишоварзӣ ба ин васила таъмин намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо маводҳои зотӣ таҳия гардидааст.
Селексия ҳамчун яке аз усулҳои муҳим ва қадимаи такмил додани сифаҳҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои чорво ба ҳисоб рафта, дар оянда низ боқӣ хоҳад монд.
Кори зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биотехнологӣ-генетикӣ ва хоҷагидорӣ мебошад, ки барои ҳифз ва такмил додани авлодҳо, ҷинсҳо ва зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст. Ба ҷуз аз гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯавӣ оид ба ташкил ва пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ бо истифода аз дастовардҳои ҷаҳонии селексия ва ирсиятшиносӣ, рушди минбаъдаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи чорводорӣ, пеш аз ҳама ба заминаи зотпарварии соҳа барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии "Барномаи паст кардаии сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009", ки яке аз вазифаҳои он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи зотпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумотҳои охирини баҳисобгирии зотҳо (соли 1990) саршумори чорвои калони шохдори зотӣ 360.5 ҳаз. сар. аз ҷумла хушзот 189.4 ҳаз. сар. саршумори модагов мутаносибан - 133.1 ва 71.8 ҳаз сар. гӯсфанд - 1318,0 ҳаз. ва 997,1 ҳаз. сар, буз 107.3 ва 73.8. асп - 34.7 ва 22,6 ҳаз. сарро ташкил медод.
Таҳлили маълумотхои аттестатсионии соли 2006 аз он шаҳодат медиҳанд, ки саршумори чорвои зотӣ чанд маротиба кам гардидааст, Теъдоди чорвои хушзот (элита ва дараҷаи 1-ум) дар ҳамаи хоҷагиҳои зотпарпарӣ чунин ҳаст:
чорвои калони шохдор (ширӣ) - зотӣ 91.7 фоиз ва хушзот - 89.2 фоиз;
аз ҷумла модагов - зотӣ 93.1 фоиз ва хушзот - 92.3 фоиз:
чорвои калони шохдор (гӯштӣ)- зотӣ - 97.6 фоиз ва хушзот - 95.6 фоиз;
гӯсфанд ва буз - зотӣ - 85.-5 фоиз ва хушзот - 87.2 фоиз;
асп - зотӣ - 93.3 фоиз ва хушзот - 89.0 фоиз.
Чунин ҳолат дар заводҳо ва хоҷагиҳои зотпарварӣ низ ба вуқӯъ омада, саршумори чорвои хушзот хеле кам гардидааст.
Бо дар назардошти ҳолати рӯҳдода дар соҳа ва ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштани хоҷагиҳои зотпарварӣ, қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермахои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" қабул гардид, ки дар шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ 49 адад хоҷагиҳо шомил мебошанд.
Дар шароити имрӯза беш аз 89 фоизи саршумори чорво ба сектори аҳолӣ рост меояд, ки аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест. Истифодаи маводҳои зотӣ, хизматрасонии зоотехникию байторӣ маҳдуд буда, таъминот бо хӯрока ва захираи он суст гардидааст.
Вазни қиёсии зироатҳои хӯроки чорво дар сохтори заминҳои киштшаванда аз 27.7 фоизи соли 1991 то 12.2 фоиз кам гардида, ба ҳисоби 1 сар чорвои шартӣ то 0,06 гектар рост меояд. Ҳамзамон ҳосилнокии зироатҳои асосии хӯроки чорво бошад, аз 18.5 то 45.3 фоиз ва дар чарогоҳҳо аз 2.5 то 3.0 маротиба паст шудааст. Аз ин рӯ, таьмин аз рӯи ҳаҷм ва ғизонокӣ (энергияи таҷзия) ба қадри 40-50 фоиз, моддаи хушк ва протеин дар фасли тобистон 60-70 фоиз, зимистон 30-40 фонз мерасад, ки омили асосии боздошти пешрафти соҳа мебошад.
Дар оянда зарур аст, ки имконияту захираҳо барои беҳтаргардонии сифатҳои маҳсулнокию зотии чорво тавассути амалигардонии корҳои селексинию зотпарварӣ, афзунгардонии истеҳсоли хӯрокиҳои чарогоҳӣ ва идора намудани истифодабарии самараноки манбаъҳои табии истеҳсоли хӯрока равона карда шаванд.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои ҷорӣ намудани сиёсаси ягонаи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунӣ омода гардидааст. Барои нигоҳ доштани фондҳои ирсӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ (махсусан ҷавҳари зот) ва мукаммал гардонидани сифатҳои маҳсулнокию ирсии чорво ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
- амалигардонии назорати ҳатмии илмию методӣ, оид ба системаи пешбурди кори зотпарварӣ, новобаста аз шакли моликият;
- дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ барқарор намуданм иқтидорҳои истеҳсолии заводҳо ва хоҷагиҳои зотпарварӣ оид ба афзун намудани истеҳсоли маводҳои зотӣ (ҷавонаҳои зотӣ) ва маҳсулоти зотӣ (нутфа):
- барқароркунии иқтидори стансияҳо ва парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, оид ба намуд ва зотҳои чорво;
- эҳё намудани нуқтаҳо ва стансияҳои бордоркунии сунъии чорво ва таъмини онҳо бо маводҳои зотӣ (чорвои наслдеҳи баландсифат, нутфа ва ҷанин), махсусан дар назди ҷамоатҳо:
- гузаронидани санҷиши чорвои баландмаҳсул (буққа, қӯчкор ва таккаҳо) аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокӣ;
- ворид намудани чорвои наслдеҳи баландмаҳсул ва маводҳои зотӣ аз хориҷи кишвар:
- таъсиси додани хоҷагиҳои "элевер"-ӣ оид ба парвариши мақсадноки ҷавонаҳои хушзоти чорво дар назди хоҷагиҳои давлатии зотпарварӣ ва стансияҳои бордоркунии сунъӣ;
- аз нав дида баромадани вобастакунии майдонҳои чарогоҳҳои табиӣ, вобаста ба ғунҷоиши саршумор ва оқилона истифода бурдани чарогоҳҳои мавсимӣ:
бунёди бонки нутфа ва захираи маълумотҳо дар бораи фонди ирсии чорвои сермаҳсул;
- ҳавасамандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аҳолӣ) барои ташкил намудани фермаҳои хурди зотпарварии фермерӣ, оид ба афзоишдиҳии чорвои ширию гӯштӣ ва гӯсфандони сергӯшту серравған;
- таҳия ва тасдиқи стандарҳои миллии меъёрҳо ва қоидаҳо (оид ба намуд ва зотҳо) дар соҳаи чорводорӣ;
- таьмин намудани санҷиши ҳатмии маҳсулоти зотӣ ва маводҳои зотпарварӣ;
- тайёр намудани мутахассисони бордоркунии сунъии чорво ва такмили савияи тахассусии онҳо.
3. Мақсади Барнома
Мақсади Барнома, таъмин намудани раванди бозтавлидии (такрористеҳсолкунӣ) чорвои хушзот баҳри такмил додани сифатҳои ирсию маҳсулнокии он ва афзоишдиҳии чорвои сермаҳсул, инчунин ҳифзи фондҳои ирсии зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, зоту намудҳои ҳайвонҳои камшумору аз байн рафтаистода, ки дар корҳои селексионӣ муфиданд, мебошад.
Мақсади таҳияи "Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз чунин бахшҳо иборат аст:
- нигоҳ доштан ва тадриҷан тараққӣ додани зотпарварӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи муосир дар соҳа;
- афзудани рақобатпазирии маводи зотӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ тавассутӣ зиёд намудани маҳсулнокӣ ва сифатҳои ирсии чорво:
- такмил додани тарзу усулҳо ва равандҳои (протсесҳои) технологӣ оид ба такрористеҳсолкунии маводҳои зотӣ;
- афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба воситаи муҳайё сохтани шароитҳо барои зиёдшавии саршумори чорвои хушзот, махсусан саршумори чорвои модаи наслдеҳ ва маҳсулнокии он дар ҳама шаклҳои хоҷигиҳо;
- асоснок намудани, ташкили воридот ва тақсимоту фурӯши чорвои хушзот, нутфа ва ҷанини онҳо;
Амалигардонии Барномаи мазкур барои устувор нигоҳ доштани қобилияти ирсии зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, беҳтаргардонии аломатҳои наслҳои онҳо мусоидат карда, бо ин васила дар маҷмӯъ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаро таъмин менамояд.
Барои амалигардонии Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст (замимаи 3). Амалӣ гардидани Барнома ба афзудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии хоҷагиҳои зотпарварӣ, шумораи нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ва чорвои зотӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. (замимаҳои 4. 5).
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгузории "Барномаи рущди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол ба ин мақсадҳо 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд аз ҳисоби ҷалби сармояи ватанӣ аа хориҷӣ грантҳо таьмин карда мешаванд.
Замимаи 1
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Талаботи соҳаи зотпарварӣ оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------ҷ
| № |Номгуи воситахои асоси |Вохиди |Микдор| Нархи як|Нархи |
|т/т|ва гардон |ченак | | вохид |умуми |
| | | | | (сомони)|(хаз. сомони)|
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| 1 |Ворид намудани чавонахои | сар | 40 | 10000 | 400,0 |
| |зоти ва буккахои наслди- | | | | |
| |хандаи зотхои сергушт | | | | |
| |(аз Федератсияи Россия, | | | | |
| |Чумхурии Казокистон) | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| 2 |Ворид намудани кучкорхои | сар | 150 | 1500 | 225,0 |
| |хушзот (аз Чумхурии | | | | |
| |Узбекистон, Туркманистон)| | | | |
| |(Федератсияи Россия) | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| 3 |Ворид намудани таккахои | сар | 40 | 5000 | 200,0 |
| |зоти ангори (аз ИМА ва | | | | |
| |Австрия) | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| 4 |Харидори намудани |мачмуъ | 100 | 5750 | 575,0 |
| |тачхизотхо ва лавозимот- | | | | |
| |хои бордоркунии сунъии | | | | |
| |чорво | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| 5 |Дастгохи истехсоли |мачмуъ | 1 | 200000 | 200,0 |
| |нитрогени (азот) моеъ | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
| |Хамаги | | | | 1600,0 |
| | | | | | |
+---+-------------------------+-------+------+---------+-------------+
Замимаи 2
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Талаботи соҳаи зотпарварӣ дар сармоя барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------ҷ
|№ | Номгуи воситахои асоси |Вохиди |Микдор |Нархи як |Нархи |
|р/т| ва гардиши |ченак | |вохид |умуми |
| | | | |(сомони) |(хазор |
| | | | | |сомони) |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|1. |Тахияи стандартхои милли | адад | 16 | 10000 | 160.0 |
| |доир ба зотхои чорво | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|2. |Ворид намудани нутфаи | | | | |
| |буккахо, кучкор ва такка- | воя |100000 | 15 | 1500.0 |
| |хои наслдиханда | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|3 |Озмоишгохи биотехнология | мачмуъ | 1 | 254500 | 254.5 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|4 |Тачхизоти озмоишгохи | | 1 | 34500 | 34.5 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|5 |Тачхизот барои яхкунонии | мачмуъ | 3 | 12000 | 36.0 |
| |нутфа | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|6 |Харид намудани автомашинаи| адад | 2 | 44800 | 89.6 |
| |махсусгардонидашуда барои | | | | |
| |кашонидани азоти моеъ | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|7 |Мухити гизои барои парва- | |20000 | 9.75 | 195,0 |
| |риши чанини чорво | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|8 |Маводхои хамрохкунанда | | | | |
| |барои яхкунонии нутфаи | | | | |
| |чорво | | | | 100.0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|9 |Воситаи доимии (статсиона-| | | | |
| |ри) захиракунандаи нутфа | | 2 | 21000 | 42.0 |
| |ва чанин | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+ /
|10 |Маводи биологи | | | | 70.0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|11 |Маводи кимиёви | | | | 100.0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|12 |Асбобхо, тачхизот барои | | | | |
| |нишонгузории чорво | | 500 | 125 | 62.5 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|13 |Маводи тамгагузории чорво | | 100000| 1,5 | I50.0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|14 |Омодасозии тавсияхо ва | | | | |
| |маводи иттилооти- | | | | |
| |машварарти | | 50 | 1000 | 50,0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|15 |Тармим ва баркарорсозии | | | | |
| |марказхои селексиони | | 3 | 200000 | 600.0 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
|16 |Ташкил намудани омузиш ва | | | | |
| |бозомузонидани мутахас- | | | | |
| |сисони бордоркунии | | | | |
| |сунъии чорво | | | | |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
| |ХАМАГИ | | | | 3544.1 |
+---+--------------------------+---------+-------+---------+---------+
Замимаи 3
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома
+---+------------------------+-------+-------------------------------ҷ
|№ | Номгуи чорабинихо |Мухлати| Мутасадди |
|т/т| |ичро, | |
| | |(сол) | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 1.|Тахия ва тасдик намудани|2008 |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |нохиябандии зотхо дар |2009 |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |минтакахои Чумхурии | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |Тоыикистон | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|2. |Баркарорсозии иктидорхои|доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |истехсолии заводхо ва | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |хочагихои зотпарвари | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |оид ба нигохдории | |Точикистон,макомоти ичроияи |
| |фондхои ирсии чорво | |хокимияти давлатии вилоятхо ва |
| | | |шахру нохияхо |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|3. |Ташкили нуктахои бодор- |доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |кунии сунъи дар сектори | |табиати Чумхурии Точикистон |
| |ахоли ва таъмини онхо | | |
| |бо тачхизот ва маводхои | | |
| |биологи ва зоти | | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|4. |Таъсис намудани |доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |"элеверхо" оид ба | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |парвариши чавонахои | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |хушзот | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 5.|Тахия ва тасдики стан- |2008- |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |дартхо, меъёрхо ва |2010 |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |кондахои милли дар сохаи| |Академияи илмхои кишоварзии |
| |зотпарвари (оид ба намуд| |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| |ва зотхои чорво) | |Точикистон. Агентии стандарти- |
| | | |затсия, метрология, сертификат-|
| | | |сия ва нозироти савдои назди |
| | | |Хукумати Чумхурии Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|6. |Экспертизаи маводхои |доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |зотпарвари (махсулоти | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |зотпарвари) ва бакайдги-| |Академияи илмхои кишоварзии |
| |рии давлатии онхо | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 7.|Тахияи механизми дастги-|2008- |Вазорати рушди иктисод ва |
| |рии давлатии сохаи |2009 |савдои Чумхурии Точикистон, |
| |зотпарвари | |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| | | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| | | |Вазорати молияи Чумхурии |
| | | |Точикистон, |
| | | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 8.|Таъмини хиязи зотхои |доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |чорво тавассути | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |афзоишдихии хамзот | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
| 9.|Бахисобгирии нишондихан-|доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |дахои сохаи зотпарвари | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| | | |Академияи илмхои кишоварзии |
| | | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|10.|Тахияи ва пешниход |2008- |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |намудани барномахои |2010 |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |инвеститсиони оид ба | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |рушди сохаи зотпарвари | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|11.|Тайёр намудани мутахас- |доими |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |сисони ому делу и | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |искусственному осемене- | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |нию и повышению их | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| |квалификации | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|12.|Мусоидат намудан барои | |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |амалигардонии карорхои | |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |Хукумати Чумхурии | |Академияи илмхои кишоварзии |
| |Точикистон аз 16 марти | |Точикистон, Донишгохи аграрии |
| |соли 1999 № 98, аз 2 | |Точикистон |
| |декабри соли 2003 № 515,| | |
| |аз 1 сентябри соли 2005 | | |
| |№338, аз 1 октябри соли | | |
| |2006 года №451 | | |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
|13 |Бунёд намудани захираи |2010- |Вазорати кишоварзи ва хифзи |
| |нутфа, чанин, ва |2015 |табиати Чумхурии Точикистон, |
| |маълумотхо оид ба | |Маркази чумхуриявии биотехноло-|
| |генофондхои чорвои | |гияи чорвои институти илмии |
| |сермахсул ва камшумор- | |тадкикотии чорводории |
| |монда | |Точикистон |
+---+------------------------+-------+-------------------------------+
Замимаи 4
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Пешбинии натиҷаҳои истеҳсолии хоҷагиҳои зотпарвар дар солҳои 2008-2015
+----------------+----------+----------------------------------------ҷ
|Нишондихандахо |Вохиди | Солхо |
| |ченак +----+----+----+----+----+----+----+-----+
| | |2008|2009|2010|2011|2012|2013|2014|2015 |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
| | Гов |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Хамаги |хазор |18.8|19.5|20.3|21.3|22.4|23.3|24.2|25.0 |
| |сар | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори |хазор |0.14|0.14|0.15|0.16|0.16|0.17|0.17|0.18 |
|буккахои |сар | | | | | | | | |
|наслдех | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори |хазор |4.8 |5.05|5.45|5.77|6.30|6.93|7.62|8.40 |
|модагов |сар | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Вазни киёсии |фоиз |25.5|25. |26. |27. |28. |29. |31. |33.6 |
|модагов дар пода| | |89 |84 |09 |13 |74 |49 | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Гусола ба |сар |68.8|70.0|72.0|74.5|75.5|77.5|80.0|80.0 |
|100 модагов | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Ширдуши аз 1 сар|кг |2350|2350|2900|3200|3500|3850|4200|4500 |
|модагов | | | | | | | | | |
+ ---------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Фуруши |хазор | 0.9| 1.0| 1.3|1.5 |1.7 |2.0 |2.2 | 2.5 |
|чавонахои |сар | | | | | | | | |
|хушзот | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Вазни киёсии |фоиз |28.5|30.0|35.0|40.0|45.0|50.0|60.0|70.0 |
|говхои зоти | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
| Гусфандон ва бузхо |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
| Хамаги | хазор |214.|225.|237.|247.|257.|270.|276.|280. |
| | сар |40 | 0 | 5 | 0 | 0 |0 | 5 | 0 |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори | хазор |2.1 |2.2 |2.4 |2.5 |2.6 |2.7 |2.8 |2.8 |
|кучкор ва такка-| сар | | | | | | | | |
|хои наслдех | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори мешхо | хазор |109.|119.|131.|139.|149.|159.|165.|175. |
|ва моддабузхо | сар |34 |25 |80 |55 |00 |30 | 90 |00 |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Вазни киёсии | фоиз |51.0|53.0|55.5|56.5|58.0|59.0|60.0|62.5 |
|мешхо ва мода- | | | | | | | | | |
|бузхо | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори барра | сар | 88 | 90 | 91 | 92 | 93 | 94 | 95 | 96 |
|ва бузгола ба | | | | | | | | | |
|100 меш | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Тароши пашм | кг | 1.4| 1.5|1.7 |1.9 |2.0 |2.1 |2.1 |2.1 |
|аз 1 сар | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Фуруши | хазор |1.5 |2.5 |3.5 |5.5 |7.5 | 8.5|9.5 |10.0 |
|чавонахои | сар | | | | | | | | |
|хушзот | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Вазни киёсии |процент |30.0|35.0|40.0|45.0|55.0|65.0|75.0| 85.0|
|гусфанд ва буз- | | | | | | | | | |
|хои зоти | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
| Аспхо |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Хамаги | хазор |3.9 |4.0 |4.1 |4.2 | 4.4| 4.6| 4.8| 5.0 |
| | сар | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори | сар |60.0|62.2|65.0|67.0|70.0| 75 |80 | 85 |
|айгирхои | | | | | | | | | |
|наслдех | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори | хазор |1.10|1.2 |1.4 |1.6 |1.7 |1.8 |1.9 | 2.0 |
|байталхо | сар | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Саршумори тойча | фоиз | 52 | 54 | 56 | 57 | 58 | 59 | 60 | 62 |
|ба 100 байтал | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Фуруши | хазор | 11 | 20 | 30 | 35 | 40 |45 | 50 | 60 |
|чавонахои | сар | | | | | | | | |
|хушзот | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|Вазни киёсии | фоиз | 24 | 28 | 38 | 50 | 55 | 60 | 65 | 70 |
|аспхои зоти | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
Замимаи 5
Ба "Барномаи рушди соҳаи
зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2015"
Нақшаи зиёд намудани шумораи нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ва беҳтар намудани зоти чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ
+----------------+----------+----------------------------------------ҷ
|Нишондихандахо |Вохиди | Солхо |
| |ченак +----+----+----+----+----+----+----+-----+
| | |2008|2009|2010|2011|2012|2013|2014|2015 |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|1. Микдори | адад |200 | 220|240 |260 |280 |300 |320 | 340 |
| нуктахои бор-| | | | | | | | | |
| доркунии | | | | | | | | | |
| сунъии чорво | | | | | | | | | |
| дар хамаи | | | | | | | | | |
| шаклхои хоча-| | | | | | | | | |
| гидори | | | | | | | | | |
+----------------+----------+----+----+----+----+----+----+----+-----+
|2. Саршумори | сар |120 |162 |216 |322 |412 |44 |533 |563 |
| чорвои зоти | |30 | 00 |00 |50 |00 |780 |70 |00 |