Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 501 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015"

Санаи амалкуни: 05.09.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикмстон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномам рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурим Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ, афзун гардонидани саршумор ва маҳсулнокии чорвои зотӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ба Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани чорвои хушзот, асбобу анҷом ва таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ, ҷиҳати таьмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои зотпарварӣ ва сектори хусусӣ ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589).

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2008-2015 бо мақсади ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи зикргардида чораҳои мушаххас андешанд.

4. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, барои татбиқи Барномаи рушди зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2007 № 501

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурим Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ, афзун гардонидани саршумор ва маҳсулнокии чорвои зотӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ба Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорвои Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани чорвои хушзот, асбобу анҷом ва таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ, ҷиҳати таьмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои зотпарварӣ ва сектори хусусӣ ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намоянд.