Низомномаи намунавии Марказҳои дасттирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон аз 1 октябри соли 2007, № 504

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 504 

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 504 

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии Марказҳои дасттирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон (минбаъд-Марказҳо) сохтори ташкилии махсусгардонидашудае мебошанд, ки дастгирӣ ва кӯмаки маҷмӯиро ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон амалӣ менамоянд.

2. Марказҳо инчунин ба шахсони калонсол ва ноболиғ, ки гирифтори фиреб ва ҷабру зӯроварии рӯҳию ҷисмонӣ қарор доштанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон", инчунин аз рӯи меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушаххасгардонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон чун ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон муайян шудаанд, кӯмак мерасонанд.

3. Марказҳо ба шахсоне, ки бо ташаббуси худ ба онҳо муроҷиат намудаанд, инчунин ба онҳое, ки аз тарафи мақомоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти шуғл, муҳоҷират ва дигар субъектони мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон фиристода шудаанд, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд кӯмак расонанд.

4. Марказҳо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дастурамал қарор медиҳанд.

5. Марказхо шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои моликияти худ, баланси мустақил, мӯҳр, бланк бо сабти номи худ, суроғаи ҳуқуқӣ, суратҳисоб дар марказҳои хазинадории идораҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз чумла суратҳисобҳои ғайрибуҷетӣ барои воридоти маблағҳо аз корхонаю ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳои байналмилалии донорӣ мебошанд.

Марказҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъсис, азнав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

II. Ташкили фаъолияти Марказҳо

6. Марказхо мутобиқи қоидаҳои марказҳои дастгирй ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд бо ташаббуси муассис (муассисон) бо мувофиқаи бевосита бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года №504

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года №504

Типовое положение о Центрах поддержки и помощи жертвам торговли людьми

I. Общее положение

1. Центры поддержки и помощи жертвам торговли людьми (далее - Центры), являются специализированными организационными структурами, осуществляющими поддержку и оказание комплексной помощи лицам, пострадавшим от торговли людьми.

2. Центры также оказывают помощь, взрослым и несовершеннолетним лицам, подвергшимся обману и психофизическому насилию и определенными в качестве жертв торговли людьми в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О борьбе против торговли людьми", а также международными стандартами по идентификации жертв торговли людьми, признанными Республикой Таджикистан.

3. Центры могут оказывать помощь как обратившимся по собственной инициативе, так и по направлению органов системы социальной защиты населения, образования, здравоохранения, правоохранительных органов, служб занятости, миграции и других субъектов борьбы против торговли людьми в рамках законодательства Республики Таджикистан.

4. Центры в своей деятельности руководствуются Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О борьбе против торговли людьми", другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, решениями Межведомственной комиссии по борьбе против торговли людьми, рекомендациями международных правозащитных и донорских организации.

5. Центры являются юридическими лицами, имеют собственное имущество, самостоятельный баланс, печать, бланк со своим наименованием, юридический адрес, счета в центрах казначейства финансовых учреждений местных органов государственной власти, в том числе внебюджетные счета для поступления средств от предприятий и организаций, общественных объединений, граждан и международных донорских организаций.

Центры учреждаются, реорганизуется и ликвидируется в установленном законодательством порядке.

II. Организация деятельности Центра

6. Центры создаются согласно Правилам создания Центров поддержки и помощи жертвам торговли людьми, утвержденные Правительством Республики Таджикистан по инициативе учредителя (учредителей) при тесном согласовании с Межведомственной комиссии по борьбе против торговли людьми и регистрируется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

...