Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳам додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" ва таъсис додани Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.02.2008 № 58)
Дар асоси моддаи 242 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади истихроҷи самараноки конҳои канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" барҳам дода шавад.
2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи барҳамдиҳии Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" тасдиқ карда шавад.
3. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар мӯҳлати се моҳ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти барҳамдиҳиро гузаронад ва аз натиҷаи фаъолияташ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
4. Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд - КМКДҶ "Тиллои Тоҷик") таъсис дода шавад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи баланси барҳамдиҳӣ амволи Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз"-и барҳамдодашударо ба тавозуни КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" гузаронанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи КМКДҶ "Тиллои Тоҷик"-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
6. Нигоҳдорӣ ва маблағгузории КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад.
7. Дар сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМКДҶ "Тиллом Тоҷик" таьсис дода шавад.
8. Аз номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 тасдиқ карда шудааст, сархати "Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" хориҷ карда шавад.
9. Ба номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик".
10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1994 № 513 "Дар бораи таъсис додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 октябри соли 2007 № 508
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2007 № 508
Ҳайати Комиссияи барҳамдиҳии Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз"
Раиси комиссия:
Сайфиев М.Н. - муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои комиссия:
Норинов Ҷ.Н. - муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳақдодов М.М. - муовини Вазири энергетика ва соноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Менглиев Р.Ш. - муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ахмедов М. - муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллоев Х.Ш. - муовини Директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмонов И.У. - мудири шӯъбаи таҳлили корҳои ҷустуҷӯӣ ва инкишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амирхонов Т.- Директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳам додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" ва таъсис додани Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"
Дар асоси моддаи 242 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади истихроҷи самараноки конҳои канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" барҳам дода шавад.
2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи барҳамдиҳии Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" тасдиқ карда шавад.
3. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар мӯҳлати се моҳ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти барҳамдиҳиро гузаронад ва аз натиҷаи фаъолияташ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
4. Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд - КМКДҶ "Тиллои Тоҷик") таъсис дода шавад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи баланси барҳамдиҳӣ амволи Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз"-и барҳамдодашударо ба тавозуни КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" гузаронанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи КМКДҶ "Тиллои Тоҷик"-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
6. Нигоҳдорӣ ва маблағгузории КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад.
7. Дар сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМКДҶ "Тиллом Тоҷик" таьсис дода шавад.
8. Аз номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 тасдиқ карда шудааст, сархати "Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" хориҷ карда шавад.
9. Ба номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: