Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 505 "Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади такмили механизми маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, истифодабарии самараноки маблағҳои буҷетӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои замимашудаи маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тасдиқ карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумиро тибқи меъёрҳои минималӣ ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (замимаи 1) ва ҷадвали гузариш ба маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 (замимаи 2) амалӣ намоянд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2007 № 505

ш. Душанбе