Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 аз 31 октябри соли 2005, № 395

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2005 № 395

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010

Муқаддима

Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2006-2010 (минбаъд - Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" (моддаи 28) ва Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004 - 2009 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2004 № 291) таҳия шуда, вазифа ва роҳҳои асосии рушди соҳаи тарбияи томактабиро муайян мекунад.

Зарурияти таҳияи Барнома аз он иборат аст, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактаби ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта шавад ва ба шароити нави иқтисодию иҷтимои мувофиқ гардонида шавад.

Барнома бо дастгирии офиси минтақавии дар Алмаато будаи Ташкилоти таҳсилот, фарҳанг ва илми СММ (ЮНЕСКО), ки моҳҳои июн - сентябри соли 2004 дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқи вазъи тарбияву таълим дар муассисаҳои томактаби, эҳтиёҷи кӯдакону волидони навоҳии Шуғнону Ванҷи ВМКБ, Панҷакенту Айнии вилояти Суғд, шаҳри Кӯлобу ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ноҳияҳои Файзободу Роғун гузаронида шуда буд, омода гардидааст.

1. Таҳлили вазъи муассисаҳои томактабӣ

Омӯзиши вазъи муассисаҳои томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар 5 соли охир (солҳои 1999 - 2004) миқдори онҳо торафт кам шудааст:

Ҷадвали 1

+-----Т-------+----------------Т------------+-----------------------Тҷ
|  Солҳо      |Шумораи муассисаҳои томакта- | Шӯмораи кӯдакон дар онҳµ
|             |бии доимоамалкунанда         |                        |
+-------------+-----------------------------+------------------------+
|   1999      |           523               |           51614        |
|             |                             |                        |
|   2000      |           502               |           53409        |
|             |                             |                        |
|   2001      |           501               |           57312        |
|             |                             |                        |
|   2002      |           496               |           59763        |
|             |                             |                        |
|   2003      |           494               |           62950        |
|             |                             |                        |
|   2004      |           492               |           61893        |

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон

Нишондодҳо тасдиқ мекунанд, ки агар дар соли 1999 шумораи муассисаҳои доимоамалкунандаи томактаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 523 ададро ташкил диҳанд, пас онҳо дар соли 2004 ба 492 адад расида, нисбати соли 1999 ба миқдори 31 адад кам шудаанд. Вале бояд зикр кард, ки миқдори қабули кӯдакон дар ин муассисаҳо аз 51700 ба 62000 расида, талаботи волидон ба кӯдакистонҳо меафзояд. Аз шумораи умумии аҳолии 0-7 сола (1350,0 нафар) танҳо 6,2 % кӯдакони синни томактаби ба муассисаҳои томактаби фаро гирифта шудаанд, зеро солҳои охир дар мамлакат шумораи аҳолии ин синну сол хело афзудааст ва то соли 2004 ин афзоиш ба тариқи зайл аст:

Ҷадвали 2

+--------------+----------Т----+----------------+-------------------ҷ
|              | Шумораи аҳолии|Шумораи кудакони| Фоизи фарогирии   |
|              | 0-7 сола      |дар муассисаҳои | кудакон дар муас- |
|              | (ҳазор нафар) |томактаби фаро  | сисаҳои томактаби |
|              |               |гирифташуда     |                   |
|              |               |(ҳазор нафар)   |                   |
+-Т--Т---------+---------------+----------------+-------------------+
| Ҷумҳурии     |    1350,0     |    63,0        |      4,7          |
| Тоҷикистон   |               |                |                   |
+---Р----------+---------------+----------------+-------------------+
| ВМКБ         |    34,0       |    1,6         |      4,7          |
+--------------+---------------+----------------+-------------------+
| Вилояти      |    366,1      |    23,0        |      6,3          |
| Суғд         |               |                |                   |

| Вилояти      |    518,8      |    12,2        |      2,4          |
| Хатлон       |               |                |                   |

| ш. Душанбе   |    117,9      |    19,5        |      16,5         |
+---Т----------+---------------+----------------+-------------------+
| НТҶ          |    313,2      |    6,7         |      2,1          |

Ҷадвали мазкур нишон медиҳад, ки вазъи фарогирии кӯдакон дар минтақаҳои гуногун баробар нест. Масалан, агар дар шаҳри Душанбе фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактаби 16,5% бошад, дар вилояти Суғд 6,3 %, вилояти Хатлон 2,4 % ва шаҳру ноҳияҳоия тобеи ҷумҳури 2,1% аст. Махсусан ин масъала дар вилояти Хатлон ташвишовар аст, зеро шумораи аҳолии 0-7 солаи вилояти Хатлон (518,8) аз шумораи умумии аҳолии ин синну соли минтақаҳои дигари ҷумҳури хеле зиёд аст, лекин фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур фақат 2,4 %-ро ташкил медиҳад. Ин аст, ки қариб 95 % кӯдакон (хусусан дар деҳот) бе тайёри ва малакаҳои зурурии ҳаёти ба мактаб фаро гирифта мешаванд.

Аз солҳои 1994-96 сар карда дар ноҳияҳои Муминобод, Ховалинг, Балҷувон, Шӯрободи вилояти Хатлон; ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури (Варзоб, Тавилдара) муассисаҳои томактаби фаъолияти худро қатъ намудаанд ва то ҳол барқарор нагардидаанд.

Солҳои охир муассисаҳои томактаби бо ашёҳои тарбиявию таълим таъмин карда намешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати аз сабаби кам будани буҷети давлати барои таъмини муассисаҳои томактаби ба таври қофи маблағ ҷудо намекунанд. Имрӯз зери назорати қатъи гирифтани хӯроки кӯдакон, хизматрасонии тибби муҳим аст, зеро онҳо ба меъёр, ғизоноки ва талаботҳои ҳифзи саломатии кӯдакон ҷавобгӯй нестанд. Муассисаҳое, ки барои кӯдакистонҳои ҷумҳури таҷҳизоту бозичаҳоро бо назардошти синни солу кӯдакон бояд истеҳсол намоянд, вуҷуд надоранд.

Дар системаи тарбияи томактаби 4475 нафар кормандони омӯзгори фаъолият доранд, ки аз онҳо 24,7% бо маълумоти оли, 50% бо маълумоти миёнаи махсус, 43 % бо маълумоти миёнаи педагоги, 5% бо маълумоти олии нопурра ва 20,3 % бо маълумоти миёнаи умуми мебошанд.

Вазъи таъмини шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо мутахассисони соҳа ташвишовар аст, зеро аз 68 ноҳияҳои ҷумҳури 38-то идораю шӯъбаҳои маориф мутассадиёни кор бо муассисаҳои томактаби дошта бошанд ҳам, аз байни онҳо танҳо 10% мутахассисони соҳа мебошанд. Чунки дар аксарияти ноҳияҳо шумораи кӯдакистонҳо кам буда, назорати фаоълияти кори онҳо ба зиммаи мудирони кабинетҳои методи ё кормандони ғайриихтисоси шӯъбаҳои маориф гузошта шудааст. Ин амал имконият намедиҳад, ки шӯъбаҳои маориф фаъолияти кӯдакистонҳоро таҳти назорати қатъи гиранду вобаста ба шароити маҳал ва инкишофу мушкилоти онҳо дар назди мақомоти болоии идоракунии маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати масъалагузори кунанд. Дар муассисаҳои томактаби, ғайр аз ин, мебел (дар хонаҳои бози, хоб), таҷҳизоти варзиши, фонди китобҳои бачагона, бозичаҳо, асбобҳои аёнии таълим комилан фарсуда шудаанд ва ё аз чунин васоил маҳруманд. Возеҳ аст, ки ин ба сифати тарбияву таълими кӯдакон таъсири манфи мерасонад. Солҳои охир аксарияти биноҳо таъмири пурра нашудаанд ва баъзеашон таъмири давриро надидаанд. Дар натиҷа боми биноҳои кӯдакистонҳо мечакад, қубурҳои обгузар ва хатҳои барқ аз кор баромадаанд (ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ванҷи ВМКБ; Айни, Ашт, Зафарободи вилояти Суғд, Бохтар, Бешкент, Кулоб, Темурмалик Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои ш Душанбе, Роғун ва ғайраҳо).

Хулоса, фарогирии кӯдакони синни томактаби дар кӯдакистонҳо ва сифати тарбияю таълими кӯдакон дар онҳо бо бисёр сабабҳои иқтисодию иҷтимои ба талаботи имрӯза ҷавобгуй нест.

2 . Мониторинги муассисаҳои томактабӣ

Дар Тоҷикистон оид ба проблемаҳои тарбияи томактаби, сифати таълими томактаби, сабабҳои пурра таъмин нашудани ҳуқуқи кӯдакони синни томактаби ба нигоҳубин ва аз ҷиҳати илми асоснок намудани онҳо корҳои тадқиқоти гузаронида нашудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои томактаби бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоти байналмилалии дар Алмато будаи ЮНЕСКО мониторинги муассисаҳои томактабии ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ ( ВМКБ), Панҷакент, Айни ( вилояти Суғд), Кулоб, Бешкент (вилояти Хатлон) ва Файзободу Роғун (НТҶ) гузаронида шуд. Мақсади асосии омӯзиш аз масъалахои зерин иборат буд:

- баҳо додан ба вазъи тарбияву таълим дар муассисаҳои томактаби ва муайян кардани эҳтиёҷи кӯдакону оилаҳо ба тарбияи томактаби дар ноҳияҳои пилоти;

- таҳлили вазъи иҷтимои, моддию техникии муассисаҳои мазкур ва сохтори онҳо (шумораи муассисаҳои томактаби ва кӯдакон, расонидани хизматҳои гуногун, таъмин бо барномаҳо, проблемаҳои таъмин бо мутахассисон ва маблағгузори);

- муайян намудани проблемаҳои тарбияи томактаби ва роҳҳои бартараф кардани онҳо, таҳияи тавсияҳо ва накшаҳо барои кӯдаконе, ки ба кӯдакистонҳо фаро гирифта нашудаанд;

Вазифаҳои асосии омӯзиш:

- муайян кардани сатҳи тарбияю таълими кӯдакони синни томактаби дар оила ва кӯдакистонҳо;

- нишон додани шароитҳои мавҷудаи тарбия ва таълими кӯдакон;

- инъикоси манбаъҳои маблағгузори, таъмини кӯдакистонҳо бо кадрҳои ихтисосманд ва маводи методи барои тарбия ва инкишофи кӯдак;

- мушоҳидаи тамоили робитаи оила ва кӯдакистон дар тарбияи кӯдакон;

Корхои тадқиқоти дар шаҳру ноҳияҳо бо усулхои пурсишнома (барои кормандони масъули шӯъбаҳои маориф, сарварону мураббиёни муассисаҳои томактаби, падару модарон, кормандони. ҳукуматҳои маҳалли, ҷамоатҳо ва ғайрахо), мубоҳисаи инфироди, расмгири ва ҷамъ овардани маълумот ҷараён гирифт. Дар доираи тадқиқоти мазкур 926 нафар фаро гирифта шуданд, аз ҷумла:

- волидайн, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, ҷамоатҳо-714 нафар;

- мудирон ва мушовирони кӯдакистонҳо - 72 нафар;

- мураббиён-124 нафар;

- мутахассисони шӯъбаҳои маориф - 16 нафар.

Натиҷаи омӯзиши масъалаи мазкур дар ноҳияҳои интихобшуда нишон дод, ки муассисаҳои томактаби ба мушкилоти иқтисодию иҷтимои нигоҳ накарда, мавҷудияти худро нигоҳ дошта, кори тарбияю таълими тарбиягирандагонро тибқи ҳуҷҷатҳои меъёри, аз ҷумла барномаи таълимии "Роҳнамои мурабби" дуруст ба роҳ мондаанд. Мутаассифона, дар онҳо душворихои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо танҳо ба шӯъбаҳои маориф вобаста нест. ҳолати биноҳои кӯдакистонҳо, нуқтаҳои об (Ванҷ Бешкент, Шуғнон, Айнӣ), барқ ва системаи гармидиҳанда (Шуғнон, Ванҷ Панҷакенту Бешкент) хароб буда, пурра таъмирталабанд. ҳамаи таҷҳизоти хонаҳои бози, хоб, бозичаҳо мувофиқи синну сол, аёният оид ба машгулиятҳои гуногуни пешбинишудаи барномаи "Роҳнамои мурабби" кӯҳнаю фарсуда шудаанд ё таъмин нестанд.

Яке аз вазифаҳои ҳалталаби муассисаҳои томактаби таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисоси соҳа аст. Аз 206 нафар кормандони педагогии кӯдакистонҳои ноҳияҳои пилоти 30,7 % маълумоти миёнаи умуми доранд.

Аз шумораи умумии падару модароне, ки ба саволҳо посух доданд 93 фоизашон гирифтани тарбияи томактабиро зарур мешуморанд, 5% онҳо тарбияи томактабии хонагиро дуруст меҳисобанд ва фақат 2% волидайн ба саволи гузошташуда ҷавоб дода натавонистанд.

Ғайр аз ин, дар ҷумҳурии мо асосан муассисаҳои давлатии томактаби амал мекунанд. Сабабҳои инкишоф наёфтани муассисаҳои хусусию ғайридавлатӣ барои кӯдакон, пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани маълумотнокии падару модарон оид ба афзалиятнокии тарбияи томактаби, камбизоатии оилаҳо, такмил наёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқи, бемасъулиятии роҳбарони аксарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, шӯъбаҳои маориф ва дигарҳо мебошад. Инчунин, нокифоя будани маблағгузории муассисаҳои томактаби боиси сол то сол паст гардидани нуфузи соҳа шудааст.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади Барнома мутобики қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба танзим даровардани системаи тарбияи томактаби беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактаби аст.

Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- ҷоннок намудани тарбияи томактаби ва беҳтар кардани сифати омодагии кӯдакон ба мактаб дар кӯдакистонҳо тавассути ташкил намудани гурӯҳҳои тайёри ба мактаб дар назди кӯдакистонҳо ва мактабҳои таҳсилоти умуми;

- такмили базаи меъёрии ҳуқуқии системаи тарбияи томактаби;

- дарки афзалиятноки ва таҳкими заминаи омӯзиши забонҳои давлати ва хориҷи, бахусус русию англиси, дар кӯдакистонҳо;

- беҳтар намудани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои муассисаҳои томактаби;

- мустаҳкам намудани базаи моддию техники ва иҷтимоии муассисаҳои томактаби;

- таъмини раванди таълими томактаби бо маводи таълими, илмию методи;

- ҳамкори бо ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматти дар мавриди баланд бардоштани маълумотнокии падару модарон дар тарбияи кӯдакон ва тайёр намудани онҳо ба мактаб (кӯдаконе, ки ба кӯдакистонҳо фаро гирифта нашудаанд);

- такмили маҳорати касбии мушовирони шӯъбаҳои маориф, сарварон ва мураббиёни кӯдакистонҳо тавассути чопи маводу дастурҳои методи, табодули назар ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар;

4. Роҳхои амали гаштани Барнома

Бо мақсади амали гаштани мақсаду вазифахои гузошташуда зарур аст:

- дар навбати аввал, заминаи ҳуқуқии ҳифзи кӯдак мустаҳкам гардад:

- таъмини вариантнокии мазмун, шаклҳо ва усулҳои тарбияи томактаби дар кӯдакистонҳо;

- ташхиси инкишофи кӯдак дар ҷараёни таълим ва беҳтар намудани муҳити ташаккули он дар муассисаи томактаби;

- таъмини заминаи модди-техники ва таълимию методии муассисаҳои томактаби;

- васеъ ба роҳ мондани шаклу намудҳои нави муассисаҳои томактаби барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди инкишоф;

- дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳури таъсис додани хадамоти психологи-тибби ва педагоги;

- таъмини омодагии пешазмактабии кӯдакон дар заминаи таҳсилоти томактаби;

- таҳия ва татбиқи Стандарти давлатии таълими томактаби;

- таҷдиди назар намудани мазмуни тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактаби бо назардошти талаботи давлат ва ҷомеа;

Дар баланд бардоштани сифати тарбияву таълими томактаби фароҳам овардани шароитҳо барои ташаккули шахсияти кӯдак дар кӯдакон пайдо намудани малакаҳои зарури барои омодаги ба мактаб асос аст. Дар мазмуну мундариҷаи фаъолияти кории муассисаҳои томактаби ба омӯзиши забонҳои давлати, русию англиси бояд диққати махсус дод. Яке аз вазифаҳои муҳимми тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактаби инкишофи ақли, эҳсосот ва нигоҳ доштану мустаҳкам намудани ҳолати ҷисмонию рӯҳии кӯдак аст.

Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба кӯдакистонҳо лозим аст, ки заминаи ҳуқуқию маблағгузории соҳа мустаҳкам гардад ва намудҳои гуногуни муассисаҳои томактаби ташкил шаванд:

- муассисаҳои томактабии равияҳои варзишию табобати, эстетики, экологи, гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд, кӯдакони инкишофашон маҳдуд ва ғайраҳо;

- кӯдакистонҳои оилави;

- таъсиси гурӯҳҳои тайёри ба мактаб дар заминаи мактабҳои таҳсилоти умумии деҳоте, ки кӯдакистонҳо фаъолият намекунанд;

- яслиҳо, кӯдакистонҳо, ясли-кӯдакистонҳо;

- муассисаҳои томактабии комплексии "Мактаб-кӯдакистон";

Дар идораю шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури идоракуни ва расонидани ёрии методи ба кӯдакистонҳоро бояд мутахассисони ихтисосманди соҳаи томактаби ба ӯҳда дошта бошанд. Ин имконият медиҳад, ки проблемаҳои инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои томактаби саривакт ва самаранок ҳаллу фасл шаванд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои мазкур бо маводи методи ва гузаронидани тадқиқотҳои илмию педагоги дар системаи тарбияи томактаби зарурияти таъсиси Маркази ҷумҳуриявии илми - методи ба миён меояд.

Дар оянда барои зиёд намудани шумораи кӯдакон дар кӯдакистонҳо, хусусан дар деҳот сохтани биноҳои комплексии "Мактаб-кӯдакистон" ба мақсад мувофиқ аст.

5. Маблағгузории Барнома

Барои такмил ва инкишоф додани системаи тарбияи томактаби шароити модди ва базаи мустаҳками иқтисоди зарур аст. Манбаъҳои маблағгузории татбиқи Барномаи давлатии инкишофи соҳаи томактабиро барои солҳои минбаъда Буҷети давлати муайян мекунанд. Маблағгузории Барнома аз Буҷети давлати, ки барои дастгоҳи маркази, муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ҳамасола ҷудо карда мешавад ва инчунин аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлати ва сарпарастон пешбини шудаанд, сурат мегирад (Замимаҳои 1 ва 2).

6. Тайёр кардани кадрҳо ва такмили ихтисосӣ кормандони муассисаҳои томактабӣ

Базаи тайёркунии мутахассисон барои муассисаҳои томактаби донишгоҳҳо ва коллеҷҳои омӯзгории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳар сол 140 нафар факултаҳои педагогикаи томактабиро хатм менамоянд, ки аз онҳо танҳо 8-10% ба ҷойи кор ҳозир мешаванд. Аз ин лиҳоз, механизми ҷалб ва вобасткунии хатмкунандагони факултаҳои томактабии мактабҳои олии омӯзгориро барои кор, хусусан дар деҳот, таҳия кардан лозим аст.

Бояд хатмкунандагони факултаи томактабии мактабҳои олии омӯзгори дар баробари гирифтани ихтисоси асоси, инчунин имконияти гирифтани ихтисосҳои иловагии педагог-рӯҳшиноси кор бо кӯдакони синни томактаби, менеҷменти тарбияи томактаби, забонҳои хориҷиро дошта бошанд.

Курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои томактаби дар донишкадаҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд, лекин новобаста аз он, ки чунин марказҳо дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе низ фаъолият мекунанд, онҳо самараи дилхоҳ намедиханд.

Аз ин лиҳоз, таҳия ва амали гардонидани технологияи таълими фосилави оид ба такмили ихтисоси кормандони педагогии муассисаҳои томактаби дар донишкадаҳои такмили ихтисос, марказҳои методи ба мақсад мувофиқ аст.

Инкишофи алоқаҳои байналмилали оид ба таҷрибаивазкуни, такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои томактаби, омӯхтани система, моделҳои гуногуни тарбияи томактабии давлатҳои хориҷи кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳангоми гузаронидани курсҳои такмили ихтисос аз технологияи нави ҳозиразамон, ки ба фаъолияти амали вусъат мебахшад, истифода кардан лозим аст.

Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳурияви, ба монанди "Кӯдакистони сол", "Мудири сол", конференсияҳои илми-амали ва семинарҳо роҷеъ ба сайқал додани маҳорати касбии мураббиён ва проблемаҳои тарбияи томактаби ба мақсад мувофиқ аст.

7. Натиҷаи ниҳоии Барнома

Барномаи зикршуда бояд давра ба давра татбиқ гардад. Дар системаи тарбия ва таълими томактаби базаи меъёрии ҳуқуқи, асосҳои илмию методи оид ба инкишофи шабакаи муассисаҳои томактаби таъсиси гурӯҳҳо ва синфҳои тайёри ба мактаб таҳия ва мустаҳкам мешавад. Сифати ҷо ба ҷогузории кадрҳо дар идораю шӯъбаҳои маорифи тамоми минтақаҳо беҳтар мегардад.

Сатҳи сифати тарбияву таълим дар муассисаҳои томактаби баланд мешавад. Истифодаи шаклҳо ва усулҳои наву фаъол дар тайёркуни ва такмили ихтисоси кормандони педагогии кӯдакистонҳо ба беҳтар шудани маҳорати касбии онҳо кӯмак мерасонад. Таҳия, нашр ва дастрас намудани адабиёти бачагона, маводи таълимию методи барои муассисаҳои томактаби ҳаллу фасли худро меёбад.

Аз ҳисоби ташкили гурӯҳҳо ва синфҳои тайёри ба мактаб дар заминаи кӯдакистонҳо ва мактабҳои таҳсилоти умуми фоизи фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактаби зиёд мегардад ва омодагии кӯдакон ба мактаб беҳтар мешавад. Мақоми мурабби дар ҷомеа баланд бардошта мешавад.

* Замимаҳо оварда намешаванд.