Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003 № 313
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003 № 313 "Дар бораи тасдиқи Низомнома ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" тасдиқ карда шудааст, ба тариқи зайл ифода карда шавад:
Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз рӯи вазифа)
Раиси Комиссия: -муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Комиссия: -сардори Раёсати ҳамкориҳои ҳарбӣбайналхалқии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аъзои Комиссия:
-сардори Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти хифзи ҳуқуки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-мудири бахши саноати мудофиаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби комиссия);
-сардори Раёсати равобити байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сардори Раёсати захираҳои давлатӣ ва сафарбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сармутахассиси Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сардори Шӯъбаи ҳукуқ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сардори Раёсати санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳо ва сифати маҳсулот дар саноати вазнини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-сардори Раёсати бозрасии техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи ҳайати нави Комиссия хабардор намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 августи соли 2007 № 466
ш. Душанбе