Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 460 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"

Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода" маъқул дониста шавад.

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимии Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро тибқи стандартҳои таълимӣ, мувофиқи қонунгузории маориф таҳия ва қабул намоянд.

3. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода" аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода амалӣ карда шавад.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро бо биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, таҷҳизот, нақлиёт, алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникии зарурӣ таъмин намояд.

5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода"-ро бо тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

6. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006 № 603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷоҳу панҷум дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода".

Сархатҳои панҷоҳу панҷум - шасту ҳаштум мутобиқан сархатҳои панҷоҳу шашум - шасту нуҳум ҳисобида шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон           Э. Раҳмонов

аз 31 августи соли 2007 № 460

ш. Душанбе