Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО-и Роғун"
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва бо мақсади тезонидани сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО-и Роғун" таъсис дода шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ барои ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фонди оинномавии Ҷамъияти мазкур аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамарказ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳуқуқию ташкилии таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО-и Роғун", аз ҷумла масъалаҳои ташаккули сармояи оинномавӣ, бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии эмиссияи барориши саҳмияҳо, ташкил намудани мақомоти идоракунӣ ва муайян намудани мақомоти идоракунӣ ва муайян намудани маҳали ҷойгиршавии Ҷамъияти мазкурро тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2005 № 49 "Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Роғун" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 августи соли 2007 № 454
ш. Душанбе