Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 сентябри соли 1998 № 369
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит ва фурӯши онҳо
I. ТАШКИЛИ КОР ОИД БА ЗАХИРА НАМУДАНИ ҲОСИЛИ ПАХТА ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ҲАҶМҲОИ ҲОСИЛ ШУДАНИ НАХИ ПАХТА ВА ДИГАР МАҲСУЛОТИ ПАХТА (ЛИНТ, УЛЮК, ПАТИ ПАХТА ВА ЧИГИТ)
1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии зарурии миқдор ва сифати ҳосили пахтаи истеҳсолшуда, дуруст захира, хушк, тоза ва коркард намудан, инчунин боэътимод нигоҳ доштани нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта истеҳсолкунандагони пахта бо заводҳои пахта ё пунктҳои пахтақабулкуни барои расондани хизматҳои зикргардида шартнома мебанданд.
2. Заводҳои пахта ба пунктҳои қабули пахта сарфи назар аз тобеияти идори дар асоси ин шартномаҳо қабул, захира кардан, нигоҳ доштани ҳосили пахта ва аз он коркарди маҳсулоти пахтаро мутобиқи талаботи стандарти давлати ва дигар асноди меъёрию техники ба таври алоҳида тибқи хоҷагиҳо, аз рӯи навъҳои саноати, тухми ба амал мебароранд ва ба мақомоти омор бо тартиби муқарраршуда ҳисобот медиҳанд.
3. Хароҷоти (хизматрасонии) корхонаҳои пахтатозакуни, ки бо захира кардан, нигоҳ доштан, коркард ва ҳамлу нақли ҳосили пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта вобаста аст, аз ҷониби истеҳсолкунандагони пахта бо пул ё ин ки бо иҷозати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти пахта пардохта мешавад.
4. Ҳар сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" ва Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя меъёрҳои зеринро таҳия ва тасдиқ мекунанд:
ҷудо кардани нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит, сакатҳои истеҳсолоти асоси ва табдил додани ҳосили пахта ба навъҳои саноатии нахи пахта;
Хароҷоти (хизматрасонии) заводҳои пахта (аз рӯи минтақа), ки бо захира кардан, нигоҳ доштан, коркард, ҳамлу нақл ва истеҳсоли як тонна пахта ва дигар маҳсулоти пахта вобаста мебошанд.
5. Меъёрҳои зикргардида аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" ба маълумоти ҳамаи истеҳсолкунандагони пахта ва заводҳои пахта расонида мешавад ва барои мураттаб сохтани шартномаҳо дар байни онҳо асос мебошад.
6. Чигит (техники ва тухми) танҳо дар заводҳои пахта таҳти ҷавобгарии шахсии директорҳои заводҳои пахта, роҳбарони Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик", Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои пахтакор нигоҳ дошта мешавад.
7. Додани чигити техники ба корхонаҳои равғанбарори ва заводҳои хурди равған, ки дорои иҷозатномаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин ҳисобу китоб бо истеҳсолкунандагони пахта бо тартиби муқарраркардаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 "Дар бораи тадбирҳои иловагии беҳтар намудани истифодаи чигити техники", додани чигити тухми бошад, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 460 "Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани парвариши тухмии пахта" анҷом дода мешавад.
II. ФУРӯШИ НАХИ ПАХТА ВА ДИГАР МАҲСУЛОТИ ПАХТА, ИНЧУНИН БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ АСНОДИ ЗАРУРӢ
8. Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахтаро истеҳсолкунандагони пахта танҳо дар марказҳои савдо ё музоядаҳо, ки Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон мегузаронад, амали мегардонанд. Дар ин маврид қарордодҳо оид ба хариду фурӯши маҳсулоти пахта, ки байни истеҳсолкунандагони пахта ва харидорон берун аз биржаи зикргардида баста шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.
9. Нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта, ки барои эҳтиёҷоти дохилиҷумҳурияви гирифта мешаванд, бояд аз ҳудуди ҷумҳури содир нагарданд.
10. Бо розигии истеҳсолкунандагони пахта, нахи пахта, линт, улюкро фақат бо корхонаҳои саноатии ҷумҳури ҳамчун ашьёи хоми боздеҳи барои таъмини кори мӯътадили онҳо, баъди пардохти ҳатмии андозҳои муқарраргардида ва расмикунонии дахлдори аснод дар Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон додан мумкин аст.
11. Истеҳсолкунандагони пахта фурӯши нахи пахта, линт, улюк ва пати пахтаро берун аз ҷумҳури танҳо бо асъори хориҷи, дар дохили ҷумҳури бошад, бо асъори милли муодили доллари ШМА ва аз рӯи нархи дар савдои Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон ба миёномада, дар лаҳзаи пардохт ба сатҳи нархи ҷаҳони нигаронидашуда бо пардохти ҳатмии андозҳои муқарраргардида анҷом медиҳанд. Фурӯши маҳсулоти зикршуда дар дохили ҷумҳури бо тарҳ кардани хароҷоти вобаста бо фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта, ки Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" якҷоя муайян карданд, ба амал бароварда мешавад.
12. Ҳисобу китоб барои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани нахи пахта, линт ва улюк бо истифодаи се шакли пардохти (пардохти пешакии садфоиза, аккредитиви садфоизаи бебозхонд барои тамоми ҳаҷми маҳсулот, аккредитиви бебозхонд бо шарти пардохти пешакии на камтар аз 35 фоизи арзиши ҳар як қисми маҳсулоти фурӯхташаванда барои фурӯшанда ва харидор қобили қабул, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 197 № 823 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фурӯши маҳсулоти пахта" муқаррар карда шудааст, анҷом дода мешавад.
13. Фурӯши маҳсулоти пахта тибқи қарордодҳои фючерию форварди ва шартномаҳо дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта, бо иҷозати Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санади муқоисаи мутақобила, ки байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон Тартиб дода шуда, бо мӯҳру имзоҳои роҳбарон ва сармусоҳибони тарафҳои дахлдор ва бо Маълумоти банкҳои хизматгузор, мақомоти минтақавии гумрук тасдиқгардида дода шудааст, сурат мегирад.
14. Расмикунонии гумрукии содироти нахи пахта, линт, улюк ва пати пахта дар мавриди ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани асноди зерин сурат мегирад;
қарордоди (шартномаи) биржави ё шиносномаи муомилоти Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон;
иҷозатномаи Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон оид ба шартномаҳо дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта ва қарордодҳои фючерию форварди;
тасдиқномаи бонки дар хусуси пардохти пешакии садфоиза ё дар бораи вуруди аккредетив;
тасдиқномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти андоз аз фурӯш.
15. Талаботи мақомоти ваколатдор ҷиҳати ба истеҳсолкунандагони пахта ё харидорон пешниҳод намудани асноди иловаги барои гирифтани иҷозат ба фурӯши маҳсулоти пахта ва расмикунонии бор роҳ дода намешавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст.