ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад
Бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиёд кардани истеҳсоли пахта ва содда намудани тартиби фуруши маҳсулоти пахта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба фаслҳои 1-2 Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад, тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
Сархати нуҳуми фасли 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Чигити пахта, бо мақсади истифодаи оқилона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар заводҳои пахтатозакуни захира ва нигоҳ дошта мешаванд, ба истеҳсолкунандагони пахта бошад, арзиши чигити техникии барояшон мансуббуда мувофиқи нархҳои аҳдномави пардохта мешавад. Фурӯши ин навъи чигит ба корхонаҳои равғанкашӣ мувофиқи дархости онҳо бо шарти пардохти пешакии арзиши чигит ба роҳ монда мешавад."
Баъди ин сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мувофиқи хоҳиши истеҳсолкунандагони пахта метавонанд чигитро дар асоси аҳдномаи сетарафа, ки миёни истеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ ва корхонаҳои равғанкашӣ, бо шарти баргардондани маҳсулоти тайёри дар аҳднома муқарраршуда, ба фурӯш мебароранд";
сархати чоруми фасли 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Фурӯши нахи пахта, линт ва улюк аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо асъори табдили озод ва бо шарти пардохти пешакии аз рӯи нархҳои рӯзи таҳвил муқарраргардидаи Биржаи пахтаи Ливерпуль, бо дарназардошти баровардани хароҷоти нақлиётию тиҷоратӣ, ки ҳар ҳафта Вазорати иҷтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодоти Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, инчунин бо пардохти ҳатмии андози фурӯш ва фурӯши баробари ҳаҷми нахи пахта линт ва улюке, ки барои эхтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст, сурат мегирад";
Дар сархати панҷум баъди калимаи "харидорон" ибораи "ё" хориҷ шуда, баъди калимаи "биржа" бошад, ҷумлаи мазмуни зайл илова карда шавад: "мувофиқи хоҳиши истеҳсолкунандагони пахта, маҳсулоти зикргардида метавонад ҳамчунин тавассути Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҳатмии қарордодҳо дар Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ ба фуруш расонда мешавад.";
пас аз сархати шашум сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Корхонаҳои пахтатозакуние, ки барои хизматҳои вобаста ба захира, нигоҳдорӣ, коркард ва ҳамлу нақли пахта, нахи пахта, линт, улюк ва маҳсулоти дигари пахта мутобиқати қарордодҳои (шартномаҳои) ба имзо расонидаашон аз истеҳсолкунандагони пахта дар шакли натура маҳсудот мегиранд, ба фуруши нахи пахта, линт ва улюк ба воситаи Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Муомилоти фьючерсӣ ва форвардии хариду фурӯши маҳсулоти пахта миёни шахсони юридикӣ ва воқеи (резидент ва ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон) новобаста аз шакли моликият аз як тараф ва истеҳсолкунандагони пахта аз тарафи дигар дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қайд гирифта шудани онҳо дар мӯҳлати як моҳи пас аз рӯзи бастани шартнома дар Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ қонуни ҳисобида мешавад".
сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум сархатҳои нуҳум ва даҳум ҳисобида шаванд
сархати даҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Истеҳсолкунандагони пахта тибқи рӯйхати якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ муайяннамудаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 20 фоизи пахта, линт ва улюкро барои эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ захира мекунанд, содироти он бошад, пас аз пардохти пешакӣ ва пардохти ҳатмии андози фурӯш сурат мегирад.
Агар истеъмолгарон ин маҳсулотро дар давоми семоҳа нагиранд, он бо мувофиқаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба истеъмолгарони дигар фурӯхта мешавад.";
сархати нуҳум сархати ёздаҳум ҳисобида шуда, дар ҳамон ҷо пас аз калимаҳои "хулосаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ" калимаҳои "(то оғози фаъолияти биржаи пахта)" илова карда шаванд, калимаҳои "борхат-хабарномаи Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бошад, бо калимаҳои "тасдиқномаи Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии маҳсулоти пахтаи фурӯхташаванда" иваз карда шаванд.
2. Ба мақсади танзими содироти маҳсулоти пахта берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурие, ки аз истеҳсолкунандагони пахта барои пушонидани қарзҳояшон нахи пахта, линт ва улюк мегиранд, маҳсулоти номбурдаро тавассути Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш мерасонанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 1997 № 58
ш. Душанбе