Сархати сеюми банди 1 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2000с. № 152 беэътибор дониста шуд
Сархати панҷум ва шашуми банди 1 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.05.2003с. № 223 беэътибор дониста шуд
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳoи танзими ситонидани музд барои хизматрасонии заводҳои пахтатозакунӣ ва такмили механизми фурӯши пахта
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2000с. № 152 , аз 15.05.2003с. № 223)
Ба мақсади зиёд кардани манфиатнокии пахтаистеҳсолкунандагон ва заводҳои пахтатозакунӣ барои беҳтар гардонидани сифат ва афзун намудани баромади маҳсулот ва инчунин такмили механизми фурӯши пахта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки аз ҳосили соли 1999 шурӯъ намуда:
хароҷоти (хизматрасонии) заводҳои пахтатозакунӣ, ки бо захираю нигаҳдорӣ, коркард, ҳамлу нақли пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта вобаста мебошад, аз ҳисоби пахтаистеҳсолкунандагон вобаста аз риояи заводҳои пахтатозакунӣ меъёрҳои муқаррарнамудаи баромади маҳсулоти пахта оид ба навъҳои селексионӣ ва навъҳои гуногуни пахта ва таҳияи маҳсулоти сифатноке, ки ба талаботи меъёрҳои техникӣ ва стандартҳои амалкунанда мувофиқ мебошад, пардохта мешавад;
дараҷаи ниҳоии хароҷоти зикргашта ба андозаи то 10 фоиз аз арзиши як тонна нахи пахта, на бештар аз мутаносиб ба 110 доллари ИМА бе баҳисобгирии андоз аз арзиши изофа муайян карда мешавад;
Сархати сеюми банди 1 беэътибор дониста шуд
ҳангоми таъмини заводҳои пахтатозакунӣ иҷрои меъёрҳои баромади маҳсулоти ҳамаи нав ва намуди пахта ва гирифтани на камтар аз 31 фоиз баромади нахи пахта бо мувофиқаи пахтаистеҳсолкунандагон пардохти хароҷот бо нахи пахта иҷозат дода мешавад;
фурӯши нахи пахта ва маҳсулоти дигари пахтаро (ба ғайр аз чигити пахта) заводҳои пахтатозакунӣ бо тартиби муқарраркардаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 "Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо" тариқи Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
Сархати панҷум ва шашуми банди 1 беэътибор дониста шуд
фурӯши чигити пахта ба корхонаю ташкилот ва фирмаҳои дигар, инчунин барои додугирифти бартерӣ ва истифодаи он чун хӯроки чорво манъ карда мешавад. Ашхосе, ки дар истифодаи чигити пахта ба хатогӣ роҳ медиҳанд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Роҳбарони заводҳои пахтатозакунӣ дар хусуси қатъиян кам намудани мӯҳлати коркард ва нигоҳдории ҳосили пахта, инчунин барои паст кардани хароҷоти ғайриистеҳсолӣ ва арзиши аслии хизмати расонидамешуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Ба пахтаистеҳсолкунандагон тавсия дода шавад, ки бо мувофиқаи тарафҳо дар асоси шартнома онҳо ҳуқуқ доранд:
ба заводҳои пахтатозакунӣ пахтаи хомро ба шарте таъмин намоянд, ки агар заводҳои пахтатозакунӣ дар мӯҳлати се рӯз маблағи ашёи супоридашударо пардохт намоянд;
бо сармоягузорон ҳисобу китобро тариқи пахтаи хом анҷом диҳанд;
нархи пахтаи супоридашуда мутобиқи шартномаҳои миёни пахтаистеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ ва сармоягузорон баста шуда, муайян карда мешавад.
Шартномаҳои хариду фурӯши имзошудаи пахта бояд ҳатман дар Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон ба мақсади амалӣ намудани баҳисобгирии фавр ва назорат ба қайд гирифта шаванд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон тавсияномаи муайян намудани нархи хариди пешакии пахта вобаста ба навъҳои гуногуни селексионию саноатӣ онро таҳия намуда, ба маълумоти пахтаистеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ, сармоягузорон ва дигар ташкилоти манфиатдор расонад.
5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои пахтакор ба маълумоти пахтаистеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ ва сармоягузорон мазмуни қарори мазкурро расонанд ва назорати доимиро аз ҳисобу китоби дуруст ва саривақти миёни пахтаистеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ ва сармоягузорон муқаррар намоянд.
6. Дар банди 8 Тартиби муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит ва фурӯши онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 тасдиқ шудааст, баъди калимаи "Фурӯши" калимаҳои "ҳаҷми боқимондаи баъди иҷрои шартномаҳои қарордодҳо басташуда ва бе ҷалби инвеститсия рӯёнида шудаи" илова карда шаванд.
7. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
сархати 3 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 "Дар бораи тадбирҳои иловагии беҳтар намудани истифодаи чигити техникӣ";
бандҳои 3 ва 7 Тартиби муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит ва фурӯши онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 "Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо" тасдиқ гардидааст.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 22 октябри соли 1999 № 421
ш. Душанбе