Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 "Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.05.2003с. № 223 беъэтибор дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо

Бо мақсади такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи муайян кардани ҳаҷмҳои истеҳсоли пахта, нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит ва фурӯши онҳо тасдиқ карда шавад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" Тартиби зикршударо ба маълумоти ҳамаи истеҳсолкунандагони пахта ва заводҳои пахта расонида, якҷоя бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба онҳо дар истифодаи самараноки захираҳои ҳосили пахта, нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит ва фурӯши онҳо маслиҳатҳои зарури диҳанд.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

заводҳои пахта ва пунктҳои қабули пахта сарфи назар аз тобеияти идори ҳар моҳ ба Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷмҳои қабули ҳосили пахта, коркарди он, инчунин коркарди нахи пахта, линт, улюк, пати пахта, чигит, фурӯш ва боқимондаи онҳо тибқи ҳар истеҳсолкунандаи пахта мувофиқи форма дар мӯҳлатҳои якҷоя бо Корпоратсияи ҷумҳуриявии ,Пахтаи Тоҷик, ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардан ин агент ҳисобот пешниҳод мекунанд. Саривақт пешниҳод накардани ҳисобот вайрон намудани интизоми давлати ҳисобида мешавад ва нисбат ба ашхосе, ки ба чунин ҳолатҳо роҳ медиҳанд, мутобиқи қонунгузории ҷори дода мешавад;

шартномаҳо дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта, қарордодҳо оид ба муомилоти фючерию форварди дар хусуси хариду фурӯши нахи пахта ва линт байни сармоягузорон - ашхоси ҳуқуқию воқеи (резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) сарфи назар аз шакли моликият, аз як тараф ва истеҳсолкунандагони пахта, аз тарафи дигар, дар мавриди ба қайдгирии (муайянкунии) онҳо бо мувофиқаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон эътиборнок ҳисобида мешаванд;

бақайдгирии ворид шудани маблағҳои пули ва захираҳои моддию техники тибқи шартномаҳои истеҳсоли якҷояи пахта ва қарордодҳо оид ба муомилоти фючерию форварди ба зиммаи Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии инвеститсиони (Агроинвестбанк) ва дигар бонкҳои хизматгузор, кори назорат ба иҷрои ин шартномаҳо (қарордодҳо), санҷиши мӯътамад будани асноди тафтиши тарафайн, ки байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон бо маълумоти тасдиқгардидаи бонкҳои хизматгузор ва мақомоти минтақавии гумрук тартиб дода шудаанд, ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон гузошта мешаванд;

маҳсулоти пахта то фурӯш танҳо дар заводҳои пахта нигоҳ дошта мешавад. Баровардани ин маҳсулот аз ҳудуди заводҳои пахта аз ҷониби истеҳсолкунандагони пахта бо пешниҳод кардани хулосаи Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон, асноди тасдиқкунандаи бонки дар бораи пешпардохти садфоиза ё ворид шудани аккредитив, асноди тасдиқкунандаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пардохти андози муқарраршуда ва эътимодномаи истеҳсолкунандагони пахта ба ҳар қисмати пахтае, ки фурӯхта мешавад, амали мегардад. Масъулият барои нигаҳдории маҳсулот мутобиқи талаботи ГОСТ ва баровардани он аз ҳудуди заводҳои пахта дар асоси ин аснод шахсан ба зиммаи директорҳои заводҳои пахта гузошта мешавад. Ба ашхосе, ки худсарона ба кашонидани маҳсулоти пахта бе пешниҳоди асноди зикргардида роҳ медиҳанд, мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгари кашида мешаванд;

ситонидани музд ва мукофотпулии комиссия барои гузаронидани ташхисҳо, барраси ва ба қайд гирифтани қарордодҳо, шартномаҳо, муайян кардани истеҳсолкунандаи молҳо, додани сертификатҳо ҳангоми фурӯши маҳсулот мувофиқи андоза ва тартиби муқарраркардаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 468 "Дар бораи тадбирҳои ба тартиб овардани ситонидани ҳаққи хизматрасони ҳангоми барасмиятдарории аснод барои содироти маҳсулот" анҷом дода мешаванд.

3. Беэътибор дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 "Дар бораи тартиби фурӯши пахта, нахи пахта (аз ҷумла линт ва улюке), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда дар ихтиёри истеҳсолкунандатони пахта гузошта мешавад";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 58 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқ гардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад";

банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 59 "Дар бораи таъсиси Биржаи пахтаи ҷумҳури";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1997 № 400 "Дар бораи тадбирҳои соддатар намудани тартиби фурӯши маҳсулоти пахта".

4. Аз сархати аввали банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1996 № 52 "Дар хусуси тадбирҳои тадбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1996 № 407 "Дар бораи тартиби фурӯши нахи пахта, алюминии аввалия ва истифодаи даромади асъор" калимаҳои "нахи пахта, линт, улюк, инчунин" ва "Шартҳои зикргардида инчунин ба ҳаҷми нахи пахтаи соли 1995, ки ба ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта шудааст, низ тааллуқ доранд" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 12 сентябри соли 1998 № 369

ш. Душанбе