Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкили кори маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади муҳайё намудани шароит барои маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи инвестиционии ширкати амрикони "Донавант СА" ва Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон",и Швейцария, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбонк) оид ба додани кредит барои истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъқул дониста шудааст, дастгирӣ карда шавад.
2. Ба бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбонк) тавсия дода шавад, ки бо бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон"и Швейцария бо тартиби муқарраргардида дар асоси қарордодҳои байни Ширкати "Донавант С.А." ва корхонаи муштараки "Рахш-ЛТД", Ширкати саҳҳомии "Экспресс", Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Тиҷорат", Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи ширкати саноатию молиявии "Олими Каримзод", Ширкати хусусии истеҳсолию савдои "Наво" барои гирифтани кредити асъорӣ ба парвариши пахта, беҳбудии ҳолати мелиоративии замин, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта, мукаммал гардонидани паркҳо бо техникаи хоҷагии қишлоқ ва барои мақсадҳои зикргардида давра ба давра ҷудо кардани маблағ шартномаи кредитӣ бандад.
3. Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолкунандагони пахта фаҳмонанд, ки захираҳои моддию техникӣ ва маблағҳои пулии аз тарафи онҳо гирифташуда бояд танҳо барои парвариш ва зиёд намудани истеҳсоли пахта истифода шаванд. Истифодаи маблағҳои ҷудогардида барои пӯшонидани қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи ҳамаи намудҳои пардохт, ғайр аз пешпардохти музди меҳнати кормандони ин хоҷагиҳо, ки бо парвариши пахта машғуланд, манъ аст.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
санаи гирифтани кредит барои хоҷагиҳои пахтакор рӯзи пардохти воқеии бонкӣ аз санаи зикргардида анҷом дода мешавад;
хоҷагиҳое, ки тибқи ҳамин қарор қарордод бастаанд, ҳуқуқ надоранд бо дигар ширкатҳо ва ташкилотҳо чунин қарордод банданд. Дар мавриди зиёда аз ҳаҷми дар қарордод зикргардида рӯёнидани ҳосили онро бо иҷозати сармоягузор ба дигар харидорон фурӯхтан мумкин аст;
мутобиқи қарордодҳои зикргардида тамоми ҳосили рӯёнидашуда ва нахи пахта, линт, улюки аз он истеҳсолгардида (ғайр аз чигит) пурра ба сармоягузор фурӯхта мешавад, тухмӣ бошад танҳо дар заводҳои пахта нигоҳ дошта мешаванд. Фурӯши (додани) тухмӣ, чигит мувофиқи тартиби муайянкардаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 ва аз 21 октябри соли 1997 № 460 ба амал бароварда мешавад;
дар сурати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қабул гардидани қарорҳое, ки вазъи молиявию иқтисодии сармоягузорони тибқи ҳамин қарор дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта қарордодбастаро вазнин мегардонанд, шартҳое дорои эътибор дониста шаванд, ки дар лаҳзаи имзои ин қарордодҳо амал мекарданд.
5. Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвенстбанк) барои ба ҳисоб гирифтани воридот ва харҷи маблағ тибқи ҳар як истеҳсолкунандаи пахта, ки оид ба истеҳсоли якҷояи пахта қарордод имзо кардааст, ҳисобномаҳои махсус кушояд. Маблағҳои ҳисобномаҳои мазкур танҳо барои харидории нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта, пурра кардани парки техникаи хоҷагии қишлоқ, инчунин пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагони пахта равона карда шаванд.
Муқарар карда шавад, ки аз ин ҳисобномаҳо пардохти маблағи андоз ва пулҷудокуниҳои ғайрибуҷетӣ манъ аст.
6. Корхонаи муштараки "Рахш-ЛТД", Ширкати саҳомии "Экспресс", Ҷамъияти саҳомии шакли пушидаи "Тиҷорат", Ҷамъияти саҳомии шакли пушидаи ширкати саноатию молиявии "Олими Каримзод", Ширкати хусусии истеҳсолии савдои "Наво" якҷоя бо Ширкати "Донавант С.А.", Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон"-и Швейцария ва Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбанк) шартҳои ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагони пахтаро, ки аз ҳар гектар рӯёнидани на камтар аз 28 центнерӣ ҳосили пахта ва иҷрои барзиёди шартҳои қарордоди басташударо таъмин кардаанд, бо роҳи ба онҳо ҷудо кардани воситаҳои молиявию молҳои зарурати аввалия, таҳия ва тасдиқ намоянд.
7. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо дар назди сармоягузорон оид ба пардохти кредити асъорӣ:
Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик", Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ пурратар қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои пахтакор ба обьёрӣ ба насосҳои обкашӣ мунтазам додани қувваи барқ ва кори муназзами насосҳои мазкурро таъмин намоянд ва истеҳсолкунандагони пахта пардохти саривақтии музди қувваи барқ ва хизмати обрасониро анҷом диҳанд;
Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" коркарди таъхирнопазири ҳосили пахта, бор кардан ва таҳвили нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахтаро, ки барои пардохти кредити асъорӣ мугобиқӣ қарори мазкур пешбинӣ гардидааст таъмин намоянд.
9. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биржаи ҷумҳуриявии пахт, Роҳи оҳани Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаи "Рахш-ЛТД", Ширкати саҳҳомии "Экспресс",Ҷамъияти саҳҳомии шакли пушидаи "Тиҷорат", Ҷамъияти саҳҳомии шакли пушидаи ширкати саноатию молияиии "Олими Каримзод", Ширкати хусусии саноатию савдои "Наво", дар мавриди сари вақт ва зуд ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои таҳвил оид ба содироти нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта бо истифодаи низоми оддикардашуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 маи соли 1998 № 187
ш. Душанбе