Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, № 412 "Дар бораи тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, ки 15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст тасдиқ карда шавад.

2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҷати татбиқ намудани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Озарбойҷонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 августи соли 2007 № 412

ш. Душанбе

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

ҳавасмандии мутақобиларо дар муайян намудани муносибатҳои мустаҳкам ва дарозмуддат дар соҳаи туризм эътироф намуда,

бо мақсади густариши муносибатҳо байни ҳар ду давлат дар соҳаи мазкур ва инчунин байни ташкилотҳои миллии туристии онҳо,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ба тавсеаи мубодилаи туристӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёт, таърих ва фарҳанги халқҳои ҳар ду халқҳо, мусоидат менамоянд.

Ҳамкорӣ мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ва муқаррароти ҳамин Созишнома сурат мегирад.

Моддаи 2

Тарафҳо ҳамкории зичи байни мақомоти давлатии идоракунии соҳаи туризм ва ташкилотҳои туристӣ, инчунин байни дигар ташкилотҳоро, ки дар рушди туризми байналмилалӣ ва дохилӣ иштирок менамоянд, дастгирӣ хоҳанд кард.

Моддаи 3

Тарафҳо ба мубодилаи иттилоот доир ба рушди туризм тавассути маводи нашрӣ, филмҳо кӯмак расонда, ба гузаронидани маъракаҳои тартиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо мусоидат менамоянд.

Бо ин мақсад Тарафҳо метавонанд ҷиҳати таъсиси ширкатҳои туристии хусусӣ мусоидат намоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, омодасозӣ ва табодули мутахассисон, кормандон ва донишҷӯён дар соҳаи туризм мусоидат менамоянд. Тарафҳо ҳам ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳам хусусӣ дар амалӣ намудани тадқиқотҳо ва лоиҳаҳои рушди туризм кӯмак мерасонанд.

Моддаи 5

Тарафҳо тавассути мақомоти давлатии идоракунии худ дар соҳаи туризм, доир ба қонунгузорие, ки ба фаъолияти туристӣ ва фаъолияти дар ташкилотҳои байналмилалии туристӣ дахл дорад, мубодилаи иттилоот менамоянд.

Моддаи 6

Бо мақсади татбиқи самараноки ҳамин Созишнома, Тарафҳо бо розигии мутақобила барои амалӣ намудани пешниҳодҳо, барнома ва қарорҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории дутарафа дар соҳаи туризм Гурӯҳи муштараки корӣ таъсис медиҳанд, ки ба ҳайати он мутахассисони соҳаи туризми ҳар ду кишвар шомил мешаванд.

Гӯрӯҳи корӣ ҷаласаҳои худро дар як сол як маротиба бо навбат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мегузаронад.

Хароҷоти вобаста ба фиристодани аъзоёни гурӯҳи кориро ҷониби фиристонда ба зимма мегирад.

Моддаи 7

Ҷиҳати татбиқи ҳамин Созишнома Тарафҳо мақомоти салоҳиятдорро таъин менамоянд:

- аз тарафи Тоҷикистон - Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз тарафи Озарбойҷон - Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Моддаи 8

Ҳамин Созишнома ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Тарафҳоро, ки аз дигар созишномаҳои байналмилалӣ бармеоянд ва Тарафҳо аъзои онҳо мебошанд, халалдор намесозад.

Моддаи 9

Бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ба ҳамин Созишнома имкон дорад тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои алоҳида, ки ҷузъи ҷудонопазири он мебошанд ва мутобиқи тартиби дар моддаи 11 ҳамин Созишнома пешбинишуда, эътибор пайдо мекунанд, ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 10

Масъалаҳои баҳсноке, ки дар ҷараёни истифодаи ҳамин Созишнома ба миён меоянд, бо роҳи машварат ва гуфтушунидҳо байни тарафҳо ҳалли худро меёбанд.

Моддаи 11

Ҳамин Созишнома аз таърихи қабули огоҳиномаи охирини хаттӣ дар хусуси аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Ҳамин Созишнома ба муддати панҷ сол баста мешавад ва ба давраҳои минбаъдаи панҷсола тамдид хоҳад шуд, агар яке аз Тарафҳо на дертар аз шаш моҳ то тамом шудани давраи дахлдор тарафи дигарро аз нияти худ доир ба қатъ намудани амали ҳамин Созишнома, тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ насозад.

Созишнома дар шаҳри Душанбе 15 марти соли 2007 дар ду нусхаи асл, ҳар кадоме ба забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва русӣ ба имзо расидааст ва ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.

Барои мақсадҳои тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур матни забони русӣ истифода мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон