Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга аз 6 майи соли 2006, № 215

Санаи амалкуни: 23.08.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2006 № 215

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419, аз 28.07.2009с. № 448, аз 23.08.2016 № 380)

1. Ин Қоидаҳо тарзи хариду фурӯш, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан (минбаъд - "воридот ба Тоҷикистон") ва аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (минбаъд - "содирот аз Тоҷикистон") металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳоро тибқи номгӯи замимаи 1 (минбаъд - "металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо") ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва рангаро тибқи номгӯи замимаи 2 (минбаъд - "ашёи хом") муайян менамояд.

Ин Қоидаҳо дар мавриди:

- Ба Тоҷикистон ворид намудан ва аз Тоҷикистон содир намудани сарватҳои фарҳангии дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳодошта, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда нашудаанд;

- воридот ба ҳудуди минтақаҳои иқтисодии махсус, минтакаҳои озоди гумрукӣ ва анборҳои озод;

- истеҳсол, фурӯш, содирот ва воридоти махсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дахл надорад;

2. Дар ин Қоидаҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

а) зери мафҳуми тилло, платина, металлҳои гурӯҳи платина ва нуқраи холискардашуда дар шакли сабика (слиток) фаҳмида мешавад:

- сабикаҳои ба стандартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ буда;

- сабикаҳои истеҳсоли хориҷии мувофиқи қонунгузории давлати истеҳсолкунанда истеҳсолу тамғашуда ва сертификатсияшуда ва ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалии сифат, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон қабул шудааст;

б) зери мафҳуми тилло, платина, металлҳои гурӯҳи платина ва нуқра дар шакли хока ва ғурӯша хока ва ғурӯшаҳои ба стандартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқбуда фаҳмида мешаванд;

в) зери мафҳуми сангҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳои нодир фаҳмида мешавад:

- сангҳои қиматбаҳои дар замимаи 1 ҳамин Қоидаҳо муайяншуда;

- сангҳои қиматбаҳои нодир - сангҳои қиматбаҳое, ки аз рӯи андоза ва сифати ороишӣ сифати табиии баланд ва камёби пайдошавӣ доранд ва онро Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир муайян менамояд;

г) зери мафҳуми мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешаванд:

- хазинаи давлатии сарватҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд"мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон");

д) зери мафҳуми имтиёзҳои андозӣ имтиёзҳо аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда (меъёри сифр) мувофиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба субъектҳои истихроҷ ва фурӯшанда мувофиқи моддаи 183 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон подошдиҳӣ (ҳисобӣ) карда мешаванд, фаҳмида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380);

е) зери мафҳуми мақомот ва ташкилотҳои махсус ваколатдоре, ки хуқуқҳои афзалиятноки хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро доранд, аз тарафи онҳо харид намудани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо шарти пешакӣ ба имзо расонидани шартномаи хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсол (барои металлҳои қиматбаҳо - на кам аз ду моҳ то санаи эҳтимолии харид) ва пешпардохт аз ҳисоби маблағҳое, ки ин мақомот ва ташкилотҳо мувофиқи шартномаҳои зикргардида бояд диҳанд, ҳолатҳои аз рӯи шартҳои зербанди "д" банди 2 ин Қоидаҳо бамиёномада ва пешпардохти истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои бо шартҳо ва мӯҳлатҳои силсилаи истеҳсолӣ вобаста, фаҳмида мешаванд.

ж) зери мафҳуми комиссияи махсуси доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир Комиссияе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон") мувофиқи моддаи 28 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис додааст, фаҳмида мешавад.

3. Воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга ба Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ва баъзе намудҳои фаъолият" ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

4. Ҳуқуқи бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани тилло, платина, металлҳои гурӯҳи платина ва нуқраи холискардашуда дар шакли сабика, хока ва гурӯша, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва рангадоштаро инҳо доранд:

а) субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (нисбат ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар моликияти онҳо қарордошта, бинобар сабаби аз ҷониби онҳо амалӣ шудани истихроҷ, истеҳсол ва хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз рӯи шартномаҳо бо риояи талаботи банди 11 Қоидаҳои мазкур) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380);

б) Бонки миллии Точикистон;

в) ташкилотҳои қарздиҳанда, ки барои гузаронидани амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо иҷозатномаи мақомоти дахлдори давлатӣ (нисбат ба металлҳои қиматбаҳои зикргардидаи дар моликияти онҳо вокеъбуда, инчунин аз тарафи онҳо дар бозори берунӣ аз рӯи шартномаҳои комиссионии ба соҳибони ин металлҳои қиматбаҳо басташуда фурӯхташаванда) доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380);

г) Хазинаи давлатии сарватҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) ташкилотҳои барои савдои яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маводҳои ашёи хом иҷозатнома дошта.

5. Фурӯши металлҳои қиматбаҳои холискардашудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, дар бозори дохилӣ ва берунӣ дар асоси нархҳои ҷаҳонӣ, сангҳои истихроҷшуда бошанд, аз рӯи нархҳои дар асоси нархномаҳои ба роҳи санҷишӣ муайяншуда, амалӣ мегардад.

6. Нақшаҳои ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дархостҳои асоснокшуда барои талаботи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тасдиқ карда мешаванд.

7. Ҳар сол то 15 ноябр Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро барои соли оянда нисбати ҳар як субъекти истихроҷкунанда пешниҳод менамояд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳа оид ба рафти истеҳсол ва фуруши металлҳои қиматбаҳо нисбат ба ҳар як субъекти истихроҷкунанда маълумот пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қадри зарурият, метавонад ҳаҷми иловагии фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро барои пурра намудани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.

9. Арзиши металлҳои қиматбаҳо барои мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нархҳои фиксинги пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи савдо, бе андоз аз арзиши иловагӣ (меъёри сифр), ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, инчунин бе масраф барои интиқол, реаффинаж, хароҷоти бурдарасонидан ва дигар масрафҳои вобаста ба фурӯхтан, муайян карда мешавад.

10. Нархҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои фурӯхташаванда барои дигар субъектҳо аз рӯи тартиби муқарраргашта мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

11. Фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар бозори дохилӣ фақат бо пули миллӣ амалӣ мегардад. Субъектҳои истеҳсол ва истихроҷкунанда ҳуқуқ доранд, ки танҳо пас аз пурра қонеъ гардонидани талаботи мақоми ваколатдои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба харидории металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба дигар субъектҳои хоҷагӣ барои фуруш пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

12. Арзиши худрӯйҳои нодири металлҳои қиматбаҳо на камтар аз арзиши металли аз ҷиҳати кимиёвӣ холиси дар таркибашонбуда, аз рӯи фиксинги пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон муайян карда мешавад.

13. Тартиби мансуб донистани худрӯйҳои нодири металлҳои қиматбаҳо ба гурӯҳи худрӯиҳое, ки зарурияти холискунӣ надоранд, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

14. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани тангаҳои аз металлҳои қиматбаҳо сохташударо, ки воситаи қонунии пардохтӣ ба ҳисоб мераванд, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои карздиҳанда аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

15. Ба содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар замимаи 1 ин Қоидаҳо нишондодашуда иҷозат дода намешавад, агар нархи шартномавии онҳо, ки дар шартномаи савдои берунӣ муқаррар гардидааст, аз нархи умумии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо камтар бошад.

16. Ҳуқуқи бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани худрӯйҳои металлҳои қиматбаҳоро, ки ба холискунӣ зарурият надоранд, субъектҳои истихроҷ, инчунин ташкилотҳои дорои иҷозатномаи хариду фурӯши яклухти металлҳои қиматбаҳо доранд.

17. Фурӯши хока, маъдан ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга (тибқи замимаи 2), ки имконияти аз онҳо ба тарзи саноатӣ ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо ва дигар металлҳо ҳаст, аз тарафи субъектҳои истихроҷ дар асоси иҷозатномаҳои истихроҷ ва истеҳсол ва хулосаҳои (экспертизаҳои) шартномаҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок будан, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

18. Фурӯши хока, маъдан ва партовҳои дорои зимнан металлҳои қиматбаҳо ва рангадошта, ки аз онҳо ба тарзи саноатӣ ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо ғайриимкон ё аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок нест бе маҳдудият, дар асоси хулосаҳои (экспертизаҳои) шартномаҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати таркиби кимиёвӣ, ки ташхисгоҳи сертификатсиякардашудаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташхисгоҳҳои сертификатсиякардашуда ва ё ташхисгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод намудаанд, амалӣ мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

19. Коркарди хӯлаҳои металлҳои қиматбаҳо ва партовҳои дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга дар хориҷа, барои муайян намудан ва ҷорӣ намудани нарх ва фурӯши онҳо дар бозори берунӣ, дар мавриди иқтисодан матлуб будан ва ғайриимкон будани коркарди онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз сабаби набудани иқтидорҳои истеҳсолии муносиб) дар асоси хулосаҳои Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии зиддимонополӣ ва иҷозати мақомоти гумрукии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 380).

20. Баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо ва нодир аз рӯи нархҳои ба таври экспертӣ дар асоси нархномаҳо муайяншуда бо мақоми давлатии зиддимонополӣ ҳамоҳангшуда ва қиёси дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда, бо назардошти тағйирёбии нархҳо дар рӯзи савдо амалӣ мегардад.

21. Баҳодиҳии аввалини сангҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳои нодир (тибқи замимаи 1) ва сангҳои заргарӣ (лаъл, турмалин, скаполит, топаз ва ғайра) баъд аз тозагардонӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, тасниф ва нархгузории аввалин аз тарафи субъекти истихроҷ дар асоси стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ амалӣ мегардад ва сангҳои қиматбаҳои нодир барои баррасӣ ва тасдиқ ба Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

22. Баъди санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо мувофиқи нархномаҳо ва сангҳои қиматбаҳои нодир аз тарафи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои истихроҷ онҳоро барои харидорӣ ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи ташаккули Фонди давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, баъди пешпардохти маблағ ба субъекти истихроҷ, тибқи шартномаҳои ба имзо расида, пешниҳод менамоянд.

23. Сангҳои қиматбаҳо ва нодире, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати 20 рӯз харидорӣ нашудаанд, аз тарафи субъектҳои истихроҷ дар бозори дохилӣ ва берунӣ бо нархи на камтар аз баҳогузории аввала фурӯхта мешаванд.

24. Азнавбаҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо ва сангҳои заргарии нодир ба тарафи камшавӣ баъди савдои аввалаи онҳо дар бозори дохилӣ ва берунӣ аз тарафи субъекти истихроҷкунанда дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддимонополии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сангҳои қиматбаҳои нодир бошанддар мувофиқа бо Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳо дар бораи сабабҳои ин амал (сифати паст, ранг, тозагӣ, шакл, талабот ва ғайра) амалӣ гашта метавонад.

25. Ҳуқуқи бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани сангҳои қиматбаҳои суфтаношуда ва суфташударо субъекти истихроҷ ва истеҳсол (нисбат ба маҳсулоти истеҳсоли худӣ) ва ташкилотҳои дорои иҷозатномаи фурӯши сангҳои қиматбаҳо доранд.

26. Назорати давлатӣ ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани металлҳои қиматбаҳои дар замимаҳои 1 ва 2-и нишондодашуда Қоидаҳои мазкур ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Дар вакти содироти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дар замимаҳои 1, 2 нишондодашуда, назорати давлатии нарх мутобиқи ин Қоидахо ҷорӣ шуда, сарчашмаи пайдоиши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашьёи хом муайян карда мешаванд ва инчунин риояи талаботи ин Қоидаҳо амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми дар ҷараёни гузаронидани назорати давлатӣ ошкор шудани ҳолатҳои вайронкунии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти додугирифт бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хом, ба содироти онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад, маълумот дар бораи қонунвайронкуниҳои ошкоршуда бошад, аз тарафи нозирони давлатӣ ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқ фиристода мешавад.

27. Содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро аз Фонди давлатии Тоҷикистон дар доираи нақшаҳои муқарраргардидаи фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, Хазинаи давлатии сарватҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

28. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади намоиш ва ё тадқиқоти илмӣ муваққатан баровардани сангҳои қиматбаҳо аз тарафи субъекти истихроҷ ва мақомоти кафолатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Дар ин маврид зарурати аз тарафи ташкилкунандагони намоиш (тадқикоти илмӣ) пешниҳод гардидани кафолати баргардонидани ин сарватҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тасдиқи ҳуҷҷатии он ки сарватҳои муваққатан баровардашаванда мавзӯи баҳси амволӣ намебошанд, пешбинӣ мешавад.

29. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хом бо усули додугирифти савдои озод, инчунин барои коркард танҳо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсол, мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродии иҷозатномадошта, дар асоси ҳисоби тасдиқшудаи муайян намудани арзиши гумрукӣ, бо роҳи тайёрии қаблӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук дар ҷойҳои тайёр кардан ва борбандии онҳо барои воридот ва содирот, ҳуқук доранд.

30. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маводҳои ашёи хоми дар замимаи 2 Қоидаҳои мазкур нишондодашуда бо риояи шартҳои зерин сурат мегирад:

а) миқдори муайяни ашёи хом, агар онҳо барои содирот ва воридот таъин шуда бошанд, бояд сертификати таркибӣ кимиёвӣ ва сертификати пайдоиши мавод ва кишвари баромад, ки ташхисгоҳҳои таҳлилкунанда додаанд ва салоҳияти он аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташхисгоҳҳои сертификатсиякардашудаи байналмилалӣ тасдиқ шудааст, дошта бошанд;

б) содироти ашёи хоме, ки аз онҳо гирифтани металлҳои қиматбаҳо бо усули саноатӣ ғайриимкон аст ва ё иқтисодан номатлуб аст, бе маҳдудияти миқдорӣ сурат мегирад. Шарти бақайдгирии гумрукии чунин молҳо пешниҳоди сертификати таркиби кимиёвӣ, сертификати пайдоиши мавод ва хулосаҳои дахлдори Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавридҳои дарҷгардидаро тасдиқ мекунанд, мебошад.

31. Ашхоси воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) метавонанд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бароранд:

а) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки пештар аз тарафи ин ашхос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои аз тарафи мақомоти гумрукӣ додашуда, ки ворид шудани онҳоро тасдиқ мекунанд;

б) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъиншуда дар қатори дигар молҳои воридшаванда, ки баровардани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Дар баробари ин нархи умумии маводҳои баровардашаванда бояд аз меъёрҳои муқарраршудаи давлатӣ баланд набошанд. Нархи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, инчунин маводҳои муваққатан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашавандаи қаблан аз тарафи шахсони вокеӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ба нархи умумӣ дохил намешаванд.

Бақайдгирии гумрукии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои барои фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ таъиншуда, ки аз тарафи ашхоси воқеӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2006 № 215

тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳои нодир

Раиси Комиссия - сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Комиссия- муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои Комиссия:

муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини аввали директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори раёсати сиёсати зиддимонополӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори шӯъбаи рушди соҳаҳои индустриалии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори бахши геммологии Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

мутахассис-геммологи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мутахассис-минерологи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мутахассис-минерологи Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Ҷамаст" (қарор аз 28.07.2009с. № 448).