ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 342; соли 2005, №12, мод.631) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ
Фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад.".
2. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат
Амали сертификат аз тарафи мақоме, ки сертификатро додааст, мумкин аст боздошта шавад, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба амали он маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.
Сертификат аз тарафи мақоме, ки ин ҳуҷҷатро додааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бекор карда шавад.".
3. Ҷумлаи дуюми қисми якум ва қисми дуюми моддаи 58 хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаҳои 55, 56 ва 93 калимаҳои "лицензияҳои", "лицензияҳо", "лицензияи" ва "лицензия" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозатномаи" ва "иҷозатнома" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми шашуми моддаи 56 ва моддаҳои 60, 63, 72 ва 77 калимаҳои "иҷозатномаи", "иҷозатномаҳои", "иҷозатнома", "иҷозатномаи", "иҷозатномаҳое" ва "иҷозатдиҳии" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозати", "иҷозатҳои", "иҷозат", "иҷозатҳое" ва "иҷозатии" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 323
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
28 июни соли 2007 № 717
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 394
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан
Статья 1. Внести в Воздушный кодекс Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 год, №23-24, ст.342; 2005 год, №12, ст. 631) следующие изменения:
1. Статью 10 изложить в следующей редакции:
"Статья 10. Лицензирование деятельности в области воздушного транспорта
Деятельность в области воздушного транспорта осуществляется на основании лицензии.
Лицензирование деятельности в области воздушного транспорта осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности.".
2. Статью 11 изложить в следующей редакции:
"Статья 11. Приостановление действия или аннулирование сертификата
Действие сертификата может быть приостановлено органом, выдавшим этот документ, а также в его действие могут быть введены ограничения, в порядке, установленном общими авиационными правилами Республики Таджикистан.
Сертификат может быть аннулирован органом, выдавшим этот документ, в порядке, установленном общими авиационными правилами Республики Таджикистан.".
3. Второе предложение части первой и часть вторую статьи 58 исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
30 июля 2007 года №323
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе, 28 июня 2007 гола № 717
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Воздушный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе,19 июля 2007 года №394