Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 291 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 454) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Қисми 1 моддаи 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1. Субъектҳое, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро дар доираи салоҳияти худ бевосита амалӣ мегардонанд, мақомоти зерин мебошанд:

а) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;

б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дар хориҷа будаи он;

д) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ё) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

2. Дар моддаи 8:

- дар қисми 2 калимаҳои "амалӣ менамоянд" ба калимаҳои "амалӣ намуда, муҳоҷирати меҳнатиро танзим ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак мерасонанд" иваз карда шаванд;

- қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он дар доираи салоҳияти худ мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро ба воситаи ошкор намудани алоқаҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо одамҷаллобон, огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии кӯшишҳои одамҷаллобон оид ба убур кардани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафтуомади ғайриқонунии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро ба воситаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамоянд.";

- дар қисми 4 калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз қисми 5 калимаҳои ", муҳоҷирати меҳнатиро танзим ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак мерасонад" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 9 калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- қисми 10 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 291

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 13 июни соли 2007 № 658

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 361