ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиқистрн аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи энергетика" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, моддаи 504; соли 2005, №12, моддаи 633) иловаи зерин карда шавад:
- ба моддаи 15 қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл илова карда шаванд;
"Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии рушди энергетикаи хурд, ҷорӣ намудан ва истифодаи манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ мақомоти ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонанд нархҳо ва тарифҳои дигарро ба маҳсулоти корхонаҳои энергетикаи хурд ва манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ барои фурӯш ба субъекти монополияи табиӣ муқаррар намоянд.
Субъекти монополияи табиӣ маҳсулоти корхонаҳои энергетикаи хурд ва манбаъҳои алтернативии нерӯи барқро бо нархи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муайяншуда мефурӯшад ва фарқи байни нархи барои маҳсулоти корхонаҳои энергетикаи хурд, манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ ва субъектҳои монополияҳои табиӣ муқарраршуда аз ҳисоби тарифи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муқарраргардида бо дарназардошти зарарҳои пешбинишуда ҷуброн карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 310
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
13 июни соли 2007 № 651
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 381