Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 336 "Дар бораи тасдиқи Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2012

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ", бо мақсади ташкил намудани системаи самараноки мониторинги обуҳавосанҷӣ ва назорати вазъи муҳити табиӣ, иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, усулҳои инкишофи пешгӯии ҳодисаҳои офатҳои табиӣ, арзёбии иқлим ва тағйирёбии иқлим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2012 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "ТОҶИК ЭЙР" оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2012 дар буҷети давлатӣ барои Агентии обуҳавошиносии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

4. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2012 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 июни соли 2007 № 336

ш. Душанбе