Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Номгӯи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номгӯи замимагардидаи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 333
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2007 № 333
тасдиқ шудааст
Номгӯи самтҳои афзалиятдоштаи тадкиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009
1. Илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ
1.1. Математика.
1.2. Астрофизика: ҷисмҳои хурди Системаи офтобӣ, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаи ситорагӣ.
1.3. Физикаи ҳолатҳои конденсӣ.
1.4. Масъалаҳои физикию техникии энергетикаи алтернативӣ.
1.5. Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.
1.6. Коркарди маҷмӯии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ.
1.7. Металлҳо ва хӯлаҳои дорои хосиятҳои махсус.
1.8. Химияи пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол. Ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти синтези органикӣ.
1.9. Химияи пайвастҳои координатсионӣ.
1.10. Петрология ва маъдандории хоросангҳои фанеразойии ТиёнШон ва Помир.
1.11. Канданиҳои фоиданок. Меъёрҳои минерагении ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок.
1.12. Мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир.
1.13. Назарияи ба зилзила тобовари биноҳо ва иншоот. Усулҳои таҷрибавии ба зилзила тобовар.
1.14. Мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи комплексии онҳо.
2. Илмҳои биологӣ
2.1. Омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори гуногуншаклии биологӣ, генофонди намудҳои арзишманди растаниву ҳайвонот ва захираҳои биологӣ.
2.2. Коркарди асосҳои илмии инкишоф додани шабакаи минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиат.
2.3. Таъсири омилҳои антропогенӣ ва техногени ба гуногуншаклии биологӣ, системаҳои табиии экологӣ ва агроэкологӣ.
2.4. Интродуксия ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо.
2.5. Адаптатсия (мутобиқгардонӣ)-и физиологиву биохимиявӣ ва механизмҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда ба таъсири шароити номусоиди муҳит (стрессҳо).
2.6. Таъсири радиатсияи ултрабунафшӣ ба фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ.
2.7. Фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо.
2.8. Истифодаи тестҳои физиологӣ дар селексияи зироатҳои кишоварзӣ.
2.9. Такмили системаи интегратсионии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.
2.10. Истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва барои истеҳсоли тухмии солим.
3. Илмҳои тиббӣ
3.1. Коркарди усулҳои нави ташхисӣ ҷароҳатҳои вирусии ҷигар.
3.2. Усулҳои муосири радиобиологии ташхиси касалиҳои узвҳои ҳозима.
3.3. Омӯзиши хусусиятҳои паҳншавии касалиҳои инфексионӣ ва ғайриинфексионӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.4. Омӯзиш ва баҳодиҳии ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, эпидемиологии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.5. Гематология (бемориҳои хун).
3.6. Ҷарроҳии эндоскопии касалиҳои дил, рагҳо ва узвҳои қафаси сина
3.7. Ташхиси инвазивии касалии камхунии мушаки дил.
3.8. Гемокоррексияи экстракорпоралӣ дар табобати комплексӣ ва омодасозӣ бо трансплантатсия дар авриди ноқисии шадид ва давомноки гурда.
3.9. Бордоркунии экстракорпоралӣ ва самтҳои нави он дар табобати безурриётии занона ва мардона.
3.10. Касалиҳои саратон.
3.11. Солимии рӯҳӣ.
4. Илмҳои кишоварзӣ
4.1. Омӯзиши генофонди миллии растаниву ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди асосҳои илмии ҳифз ва истифодаи онҳо.
4.2. Селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва ба шароити гуногуни экологӣ устувор. Коркарди системаи муосири тухмипарварӣ.
4.3. Тадқиқот доир ба рушди боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ.
4.4. Коркарди усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ.
4.5. Офаридани ҷинс, зот ва гибридҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ, паррандаҳо, занбӯри асал ва кирмаки пилла.
4.6. Коркарди усулҳои биотехнологии афзунгардонии ҳайвоноти кишоварзӣ.
4.7. Коркарди усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои ҳайвоноти кишоварзӣ. Ба вуҷуд овардани доруҳои нави пурсамари байторӣ.
4.8. Коркарди асосҳои илмии аз ҷиҳати экологӣ асоснокшудаи баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, шӯршавии хок, корамкунӣ ва ҳосилхезии такрории замин.
4.9. Коркарди агротехнологияҳои нави пурсамари аз ҷиҳати экологӣ бехатар.
4.10. Тадқиқот доир ба механизатсия ва автоматизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ.
5. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ
5.1. Таърихи халқи тоҷик.
5.2. Таърихи Тоҷикистони мустақил ва таърихи этникии Осиёи Марказӣ.
5.3. Онтологияи фалсафӣ: гносеология ва мантиқ.
5.4. Масъалаҳои муосири антропологияи фалсафӣ.
5.5. Масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаи муосири тоҷик.
5.6. Масъалаҳои таърихи фалсафа ва дин.
5.7. Адабиёти тоҷику форс.
5.8. Адабиёти тоҷик дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
5.9. Забони тоҷикӣ ва фолклор.
5.10. Тадқиқ ва нашри ёдгориҳои хаттии илму фарҳанги тоҷику форс.
5.11. Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.12. Механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.13. Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.14. Асосҳои назариявии ҳуқуқи муосир ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.15. Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рӯи фанҳои алоҳида).
5.16. Омӯзиши вазъи таҳсилот дар мактабҳои муосир ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим.
5.17. Коркард ва татбиқи технологияҳои нави таълим дар мактаби муосир.