Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи иншооти обёрӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ" таъсис дода шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи амволи давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Ба замимаи № 4 "Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ".
4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Обёрӣ"-ро таҳия ва тасдиқ намуда, барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 355
ш. Душанбе