Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикиотон
аз 30 июни соли 2007 № 352
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 137, аз 25.01.2017 № 44, аз 01.03.2022 № 104)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд.
2. Барои барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда (минбаъдмол), мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷҳои гумрукӣ ситонида мешавад.
3. Хориҷ карда шуд (.
4. Хироҷи гумрукӣ, ҳамчунин дар ҳолати тағйир ёфтани низоми гумрукӣ ситонида мешавад.
II. Пардохткунандагони хироҷҳои гумрукӣ
5. Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷониби декларантҳо ё шахсони дигаре, ки мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, пардохт карда мешаванд.
6. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки хироҷҳои гумрукиро пардохт намояд, агар он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад.
III. Озодкунӣ аз пардохти хироҷҳои гумрукӣ
7. Хироҷҳои гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, агар:
- интиқоли молҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона, инчунин воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ройгон дода шаванд;
- арзишҳои фарҳангие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади намоиш таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё низоми гумрукии содироти муваққатӣ аз ҷониби осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳои давлатӣ ва дигар махзанҳои давлатии арзишҳои фарҳангӣ қарор гиранд;
- моле, ки таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё низоми гумрукии содироти муваққатӣ бо мақсади намоиш дар намоишгоҳҳо ва ҳамин гуна чорабиниҳо бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гаранд;
- интиқоли мол аз ҷониби шахси воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва дигар эҳтиёҷоти шахси воқеӣ, ки ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, дар доираи маҳдудиятҳои муқарраргардидаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристонида шавад, ба шарте, ки арзиши чунин мол дар мӯҳлати як ҳафта ба унвони як муросилотгиранда аз андозаи 150-каратаи музди меҳнати ҳадди ақали муқаррарнамуда зиёд набошад;
- интиқоли мол, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо пешбинӣ шуда бошад;
- моле, ки намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагони расмии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳайати ҳамин намояндагиҳо ва ташкилотҳо, ҳамчунин моле, ки барои таъиноти истифодаи шахсӣ ва хонаводагии категорияҳои алоҳидаи шахсони хориҷӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқол дода шавад.
IV. Андозаи хироҷҳои гумрукӣ
8. Хироҷҳои гумрукӣ ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои мазкур ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоби низомҳои гумрукии зерин ситонида мешаванд:
- иҷозат барои муомилоти озод;
- реимпорт;
- савдои бебоҷ;
- анбори гумруки;
- анбори озод;
- минтақаи озоди гумрукӣ;
- коркард дар қаламрави гумрукӣ;
- коркард барои муомилоти озод;
- воридоти муваққатӣ;
- содироти муваққатӣ;
- коркард берун аз қаламрави гумрукӣ;
- содирот;
- реэкспорт;
- транзити гумрукии байналмилалӣ;
- даст кашидан ба манфиати давлат;
- интиқоли захираҳо;
- низомҳои гумрукии махсус;
- нобудкунӣ.
9. Хироҷҳои гумрукӣ бояд бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо асъори хориҷӣ, ки қурби онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими асьорӣ ва назорати асъорӣ, бо интихоби пардохткунанда супорида мешавад.
V. Мӯҳлат ва тартиби пардохти хироҷҳои гумрукӣ
10. Хироҷҳои гумрукӣ то қабул ё ҳамзамон бо қабули декларатсияи гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.
11. Дар ҳолати аз ҷониби декларант пешниҳод гардидани декларатсияи гумрукии муваққатӣ дар давраи зиёда аз як моҳи тақвимӣ хироҷҳои гумрукӣ ҳармоҳа на дертар аз 1-уми моҳи таҳвили мол пардохт карда мешаванд. Дар ин маврид ҳисоб кардани маблағи хироҷҳои гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ бо дарназардошти миқдори мол баробар ба як моҳи тақвимии таҳвили мол анҷом дода мешавад. Агар маблағи пардохтшавандаи хироҷҳои гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ дар натиҷаи аниқ кардани маълумотҳо доир ба таҳвили мол зиёд гарданд, пас пардохти ин маблағ на дертар аз 20-уми моҳи минбаъдаи тақвимии моҳи таҳвил анҷом дода мешавад.
VI. Баргардонидани хироҷҳои гумрукӣ
12. Дар ҳолате, ки агар декларатсияи гумрукии ба мақомоти гумрук пешниҳодшуда пешниҳоднашуда эътироф шавад, инчунин дар ҳолати бозхонди дикларатсияи гумрукӣ баргардонидани хироҷҳои гумрукии пеш барои барасмиятдарории гумрукӣ пардохтшуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
VII. Ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ
13. Хироҷҳои гумрукӣ аз сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбанд:
1) хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;
2) хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;
3) хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақомоти гумрук;
4) хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ.
14. Маблағи хироҷҳои гумрукӣ ба суратҳисоби махсуси Хадамоти гумрукм назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
15. Маблағи хироҷҳои гумрукӣ ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- ҳавасмандгардонии моддии кормандоии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои суғуртаи ҳатмии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди базаи моддию техникӣ, сохтмон, таҷдид, навсозӣ ва таъмири иншоотҳои инфраструктураи гумрук, инчунин барои нигоҳдории мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои сохтмон, харидории манзил ва беҳтар кардани шароити зист;
- дигар мақсадҳо тибқи қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16. Аз ҳисоби маблағҳои барои ҳавасмандгардонии моддӣ таъингардида, ҳавасмандгардонии (мукофотонидани) кормандони мақомоти гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) ё инфироди барои муваффақиятҳои дар рафти фаъолият бадастоварда, инчунин дар шаклҳои хисоб намудани иловапулиҳо ба музди меҳнати кормандони мақомоти гумрук, ки дар баландкӯҳҳо, шароитҳои вазнини табиӣ ҷойгиранд, барои хизмати шабонарузӣ ва аз меъёр зиёд (аз меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории меҳнат зиёд) ба амал бароварда мешавад.
17. Ҳавасмандгардонии (мукофотонидани) дасгаҷамъии (коллективии) кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳармоҳа аз рӯи натиҷаи фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, дар давоми соли тақвимӣ наметавонад аз 12 музди меҳнати корманд зиёд бошад.
18. Тартиби истифодабарии маблағи хироҷҳои гумрукӣ аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
VIII. Назорати ташаккул, баҳисобгирӣ ва истифодаи хироҷҳои гумрукӣ
19. Назорати сари вақт ворид гардидани маблағи хироҷҳои гумрукӣ ба Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
20. Баҳисобгирӣ ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ дар асоси сметаи алоҳидаи даромад ва хароҷоти ин маблағҳо бо пешниҳоди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ мегардад, анҷом дода мешаванд.
21. Муқоисаи маблағи хироҷҳои гумрукии ба Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда ҳармоҳа, ҳар семоҳа ва солона анҷом дода мешавад.