Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ

Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 319 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 472 "Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ" хориҷ карда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи талаботи қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 30 июни соли 2007 № 352

ш. Душанбе