Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз 30 июни соли 2007, № 351

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 97 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 351

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" таҳия шудааст ва тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқиро барои ба амал баровардани баҳисобгирии мӯътамаду саривақтии оморӣ ва таҳлили ҳолати ташкилотҳои табъу нашрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

2. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

II. Объектҳои баҳисобгирӣ

3. Ба ҳисоб гирифта мешаванд:

а) нашриёт (ташкилотҳои табъу нашр, фаъолияти нашриётии шахсони ҳуқуқӣ);

б) корхонаҳои полиграфӣ (комбинатҳои полиграфӣ, матбааҳо, фаъолияти полиграфии шахсони ҳуқуқӣ);

Амали зербанди мазкур дар ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ғайр аз вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, татбиқ мегардад.

в) нашрияҳои даврии чопӣ - рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, маҷалла, бюлеетен, алманах, ахбори агентиии иттилоотӣ, замимаҳои онҳо, ки ном ва рақами ҷорӣ доранд; .

г) паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ - шахсони ҳуқуқӣ ё воқеие, ки ба фурӯш ва (ё) тақсим кардани маҳсулоти чопӣ машғуланд.

4. Ба ҳисоб гирифта намешаванд:

а) нуқтаҳои нусхабардории ҳуҷҷатҳо;

б) марказҳои маърифатию шавқангези компютерӣ;

в) студияҳои дизайн ва суратгирие, ки маҳсулоти чопӣ пашр намекунанд;

г) матбуоти даврии чопии теьдоди нашраш аз сад нусха кам.

III. Тартиби баҳисобгирӣ

5. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ариза дар бораи баҳисобгирии фаъолияти нашриётӣ ва ё полиграфӣ бо нишон додани номи пурраи нашриёт ва ё корхонаи полиграфӣ, мавзӯъ, самт ё соҳаи фаъолият, мақсаду вазифаҳо (Замимаи 2);

- нусхаи оинномаи муассис;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

- оинномаи (низомномаи) шахси ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти нашриётӣ ва (ё) полиграфӣ;

- рӯйхати таҷҳизоти полиграфӣ ва техникаи дигар бо нишон додани номгӯй, тамға, навъ, рақами завод, соли барориш, аз куҷо харида шудааст, миқдор ва ҳолати ҷорӣ (Замимаи 3);

- тавсифномаи коргоҳҳои (сехҳои) истеҳсолӣ;

- маълумотнома дар бораи маҳали ҷомгиршавии ношир ва е истеҳсолкунандаи маҳсулоти чопӣ.

6. Баҳисобгирии нашрияи даврии чопӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ариза дар бораи баҳисобгирии нашрияи даврии чопӣ бо нишон додани номи пурра, мавзӯъ, мақсаду вазифаҳо, самти фаъолият, андоза ва ҳаҷм, забон, даврияти нашр, хонандаи эҳтимолӣ, сарчашмаи маблағгузорӣ, суроға ва телефон (Замимаи 2);

- нусхаи оинномаи -ташкилоте, ки нашрияи давриро аз чоп мебарорад;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ.

7. Баҳисобгарии паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерии амалӣ карда мешавад:

- ариза дар бораи баҳисобгирии корхонаи фурӯши китоб, дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷалла, нуқтаи савдои китоб ва (ё) нашрияи даврии чопӣ, паҳнкунандаи маҳсулоти чопӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавӣ, ҳудуди паҳнкунӣ (Замимаи 2);

- нусхаи оиннома ё низомномаи муассис;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ.

8. Пешниҳод кардани талаботи дигар ҳангоми баҳисобгирӣ манъ аст.

9. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу, нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ дар муддати як моҳ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ариза анҷом дода мешавад.

IV. Тартиби аз нав баҳисобгирӣ

10. Ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолати дар мақомоти дахлдор аз нав ба қайд гирифтан аз нав ба ҳисоб гирифта мешаванд.

11. Аз нав баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби дар фасли Ш Қоидаҳои мазкур пешбинишуда анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати аз нав баҳисобгирӣ шаҳодатномаи қаблан додашуда эътибори ҳуқуқии худро гум мекунад ва нусхаи асл бояд ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шавад.

12. Аз нав баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатқои тағйирёбии суроға, даврияти нашр, ҳаҷм, теьдоди нашр, ивазшавии роҳбар, харидани таҷҳизоти нав талаб карда намешавад. Аммо дар ин ҳолатҳо муассис ва ё роҳбари ташкилот вазифадоранд, ки дар мӯҳлати як моҳ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус маълумот пешниҳод намоянд.

V. Мақоми ҳуқуқии шаҳодатнома

13. Дар бораи баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатномаи дахлдор (Замимаи 1) дода мешавад.

14. Шаҳодатнома ба муассис ва ё тибқи ваколатнома ба намояндаи ӯ дода мешавад.

15. Дар вақти гум шудани шаҳодатнома Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи (дубликати) онро медиҳад.

Барои гирифтани нусхаи шаҳодатнома ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза бо нишон додани сабаб ва ҳолатҳои гум шудани шаҳодатнома пешниҳод карда мешавад.

Нусхаи шаҳодатнома бо рақам ва санаи шаҳодатиомаи аввал бо зикри калимам "Нусха" ва санаи додани нусха дода мешавад.

VI. Рад кардани баҳисобгирӣ (аз нав баҳисобгирӣ)

16. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ҳуқуқи рад кардани баҳисобгирӣ (аз нав баҳисобгарӣ)-ро дорад:

а) агар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси ҳуқуқӣ бо ҳамои ном барои баҳисобгирӣ шаҳодатнома дода шуда бошад;

б) агар мӯҳтавои ариза ба муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" мутобиқат накунад.

17. Хабарнома дар хусуси рад кардани баҳисобгирӣ (аз нав баҳисобгирӣ) ба аризадиҳанда бо нишон додани асоси радкунӣ ба таври хатти ирсол карда мешавад.

VII. Муқаррароти хотимавӣ

18. Барои вайрон кардани Қоидаҳои мазкур ташкилотҳои табъу нашр тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замимаи 1

ба Қоидаҳои баҳисобгирии

ташкилотҳои табъу нашр ва

 фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ШАҲОДАТНОМА

дар бораи баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

№______ аз "____"_____________соли 200_

Дода шуд ба______________________________________________________

                                (номи муассис)

______________________________________________________________________

дар бораи баҳисобгирии___________________________________________

                              (номи муассисаи полиграфӣ,

нашриёт, дигар ______________________________________________________________________ шаклҳои

                         фаъолияти табъу нашр ва матбуоти даврӣ)

Суроға, телефон:_________________________________________________

Мақсаду вазифаҳо:________________________________________________

Мавзӯъ, самт ва соҳаи фаъолият:__________________________________

Аз "____"________ соли 200__ то "____"________ соли 200_ эътибор дорад.

ВАЗИР __________________________

      (Ному насаб, имзо ва мӯҳр)

Замимаи 2

ба Қоидаҳои бахисобгирии

ташкилотҳои табъу нашр ва

фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ___________________ ___________________

АРИЗА

_________________________________________________________________

                         (номи муассис)

барои баҳисобгирӣ________________________________________________

                (номи муассисаи полиграфӣ, нашриёт, дигар шаклҳои

            фаъолияти табъу нашр ва нашрияи дигари чопӣ)

_____________________________________________________пешниҳод мекунад.

Забон (забонҳо)-и нашрияи даврӣ__________________________________

Ҳаҷми калонтарини эҳтимолӣ_______________________________________

Даврияти нашри эҳтимолӣ__________________________________________

Ҳудуди паҳнкунӣ__________________________________________________

Маҳали ҷойгиршавӣ________________________________________________

Телефонҳо________________________________________________________

Муассис __________________________

        (Ному нвсаб, имэо ва мӯҳр)

аз "____"_________ соли 200__

Замимаи 3

ба Қоидаҳои баҳисобгирии

ташкилотҳои табъу нашр ва

фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

РӯЙХАТИ таҷҳизоти полиграфӣ ва техникаи дигар, ки дар

______________________________насб шудаанд

 (номи ташкилоин табьу нашр)

+---+-----------+-------+-------+--------+------+--------+-----------ҷ
| № |Номгуи     |Тамга  | Раками| Соли   | Санаи| Аз кучо|Холати чори|
|р/т|тачхизоти  |ва навъ| завод | барориш| харид| харида |           |
|   |полиграфи  |       |       |        |      | шудааст|           |
|   |(хуруфчини,|       |       |        |      |        |           |
|   |чопи) ва   |       |       |        |      |        |           |
|   |техникаи   |       |       |        |      |        |           |
|   |нусхаафзо, |       |       |        |      |        |           |
|   |электрони, |       |       |        |      |        |           |
|   |хаккоки    |       |       |        |      |        |           |
+---+-----------+-------+-------+--------+------+--------+-----------+
| 1 |   2       |  3    |   4   |    5   |   6  |    7   |   8       |

|   |           |       |       |        |      |        |           |

Вазифаи шахси масъул барои

баҳисобгирии таҷҳизот ______________________

                        (Ному насаб, имзо)