Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 94
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 94 "Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор" тасдиқ шудааст, тағйироти зайл ворид карда шаванд:
- дар банди 1 калимаҳои "Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "давлатии шуғли аҳолӣ" мутобиқан ба калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" ва "Агентӣ" иваз карда шаванд;
- дар матн калимаҳои "Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ" ба калимаҳои "Мақомоти Агентӣ" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 16, 24 ва 25 калимаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" иваз карда шаванд;
- сархати якуми банди 17 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор дар доираи барномаҳои таълимӣ ва маводи методии марказҳои методии хизматрасони соҳаи маориф дар маҳалҳо дар асоси шартнома бо мақомоти Агентӣ амалӣ гардонида мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 365
ш. Душанбе