Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 13 калимаҳои "Консерни давлатии "Тоҷиккомунсервис" ба калимаҳои "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Банди 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"15. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", инчунин мотоаробаҳо шахсоне, ки ба синни 18 ва категорияҳои дигар -ба синни 21 расидаанд, роҳ дода мешаванд".
3. Дар банди 18 баъд аз калимаҳои "хизматрасонии муқарраршуда" калимаҳои "инчунин гузаштани муоинаи тиббӣ" илова карда шавад.
4. Дар банди 31:
- дар сархати якум баъди калимаҳои "хатм кардаанд" калимаҳои "ва ба синни 18 расидаанд" илова карда шавад;
- ҷумлаи дуюми зербанди дуюм хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 359
ш. Душанбе