Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2007 № 347
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-ннтернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Қоидаҳои умумӣ
1. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат муассисаи давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти умумии таълимию тарбиявӣ буда, дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ҳамин Низомнома ва Оинномаи худ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии типи мактаб-иитернат (новобаста аз тобеият ва шакли моликият) фаъолият карда метавонанд:
а) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор. Ин гуна муассисаи таълимӣ кӯдаконеро, ки бесаробон мондаанд, аз падар ва ё модар маҳрум гаштаанд (модарон ва падарони якка) ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд, дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия бо муҳайё намудани ҷои хоб фаро гирифта, ба онҳо гирифтани ин ё он касбро кафолат медиҳад ;
б) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кудакони имконияти маҳдуддошта. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ кафолати давлатии ба таҳсилот фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд (кӯр, кар, шунавоияшон суст, касалиҳои фалаҷ (полиомиелит)-ро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда наметавонанд таъмин менамояд;
в) муассисаи таълимии типи интернати наздимактабӣ. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдаконе, ки дар маҳалҳои дур зиндагӣ карда, дар ҷои зисташон мактабҳои таҳсилоти умумӣ амал намекунанд ва кӯдакони оилаҳои камбизоат таъсис дода мешавад;
г) муассисаи таълимии санатории типи мактаб-интернат. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ барои гирифтани таҳсилот, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобати кӯдакон ва наврасоне, ки гирифтори касалиҳои сил ва дигар намуди касалиҳои сирояткунандаанд, таъсис дода мешавад;
д) муассисаи таълимии типи интернатии махсус. Ин навъи муассисаи таълимии давлатӣ муассисае ҳисобида мешавад, ки дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгорӣ буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок доранд. Муассисаи зикршуда ҳамчунии таълиму тарбия, барқароркунии иҷтимоии кудакон ва наврасонеро, ки дар асоси қарори суд тавассути комиссия оид ба кори ноболиғон ҷалб карда шудаанд, фаро мегирад;
е) муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусӣ. Ин навъи муассисаи таълимӣ аз ҷониби гурӯҳ ва шахсони алоҳида таъсис дода мешавад. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусӣ барномаҳои таҳсилотро дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) амалӣ менамояд;
ё) муассисаи таълимии типи мактаб-интернатн оилавӣ. Ин навъи муассисаи таълимӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ташкил карда шуда, дар он теъдоди тарбиягирандагон набояд аз 15 нафар зиёд бошад;
ж) хонаи кӯдакон барои кӯдакони ятиму бепарастор муассисаи давлатии тарбиявии типи мактаб-интернат буда, барои кӯдакони ятим ва бепарастор ташкил карда шуда, шароити тарбия, таълим ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилонаи кӯдаконро таъмин менамояд.
4. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернат сохтори давлатии таълимии соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби давлат ба шахсони эҳтиёҷманд гирифтани таҳсилот ва таъмин бо ҷои хобро кафолат медиҳад.
5. Дар асоси Низомномаи мазкур муассисаҳои таълимии типи интернатӣ низомномаи худро таҳия карда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
6. Низомномаи мазкур барои фаъолияти муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати оилавӣ, муассисаҳои таълимии типи интернатии хусусӣ ва хонаи кӯдакон ҳамчун намуна ба ҳисоб меравад.
7. Мақсади асосии фаъолияти муассисаҳои таълимии типи мактабинтернат дар доираи барномаи таълимӣ таълиму тарбияро ба манфиати ҷамъият, давлат, таъмини ҳифзи саломатӣ ва муҳайё намудани шароит равона кардан мебошад. Он бо мақсади дастгирии кӯдакони ятим, кӯдакони бесаробонмонда, аз ҷиҳати ақлонӣ заиф, имконияти маҳдуддошта ва кӯдакони ба тарбияи махсус ниёзманд, таъсис дода мешавад.
8. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати мақоми ҷумҳуриявидошта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар асоси конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин намуди муассисаи таълимӣ ба ғайр аз таҳсил, барои гирифтани ин ё он касб низ шароит фароҳам оварда мешавад.
9. Принсипи фаъояияти ҳар як муассисаи таълимии типи мактаб-интернатро Низомномаи ҳамон намуди мактаб-интернат муайян мекунад.
2. Вазифаҳои муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат
10. Вазифаҳои муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат аз инҳо иборатанд:
- фароҳам овардани шароит барои аз худ кардани барномаи таълимии мактаби таҳсилоти умумӣ ва мактаби таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба кудаконе, ки ба кӯмак ва дастгирии давлат (аз ҷиҳати таҳсил ва ҷои зист) ниёз доранд;
- ташаккули имконияти эҷодкорӣ, ҷисмонӣ ва бадеии шахсият, заминагузории пояи мустаҳками ахлоқӣ ва тарзи ҳаёти солим, ғанигардонии тафаккур бо роҳи фароҳам овардани шароит барои ташаккули шахсияти фардӣ;
- тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти давлатй, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тоқатнопазирӣ нисбати ҳамагуна падидаҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддиҷамъиятӣ;
- фароҳам овардани шароит барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиесӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шинос намудан бо дастовардҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангии ватанӣ, омӯзиши таърих, урфу одатҳои халқи тоҷик ва халқҳои дигар, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;
- ҷорӣ намудани технологияи нави таълим, пайваст шудан ба шабакаи интернет.
11. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати мақоми давлатӣ ё хусусидошта баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ барои фаъолияти таълимро доро мешавад.
12. Тартиби додани иҷозатнома (литсензия), гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаи таълимии типи мактабинтернат мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
13. Раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи Оинномаи ин муассиса муайян карда мешавад. Оинномаро муассис тасдиқ менамояд.
14. Дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат таҳсил аз се зина иборат мебошад: ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ. Хонандагони муассисаи таълимии типи интернатӣ ҳуқуқ доранд, ки то синни 18- солагӣ (11 сол) таҳсилоти миёнаи умумиро аз худ намоянд. Ба зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ хонандагон бо назардошти хоҳиш ва қобилияту шавқи наврасон ба дараҷаи тахассусии хониш қабул карда метаванд. Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо қабули имтиҳонҳое, ки мақомоти болоии марбутаи маориф муайян кардааст, ба анҷом мерасад.
15. Дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор ва кӯдакони дорои қобилияти маҳдуд синфҳои махсуси тайёрӣ ва гурӯҳҳои томактабии 1-2-сола, ки фаъолияти худро дар аооси ҳуҷҷатҳои меъёрии муассисаҳои томактабӣ пеш мебаранд, ташкил карда мешаванд.
16. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо шароити таҳсил ва зисти тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии типи интернатро муҳайё карда, ба раванди таълиму тарбия, рушди мунтазам ва заминаи моддию техникии онҳо кӯмак мерасонад ва фаъолияти онҳоро назорат менамояд.
17. Тарбиягирандагон, маъмурияти муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, кормандони омӯзгорӣ дар якҷоягӣ бо падару модарон (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) вобаста ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасро ҳал менамоянд.
3. Хонандагон (тарбиягирандагон). Қабули хонандагон (тарбиягирандагон)
18. Пурра намудани муассисаи таълимии типи мактаб-интернат бо тарбиягирандагоне, ки ба кӯмаку дастгирии давлат ниёз доранд, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти роҳхати маслиҳатгоҳи ҷумҳуриявии психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ, ки оид ба қабули кӯдакон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад .
19. Кӯдаконе, ки дар рӯзҳои таътил, истироҳат ва ид дар муассисаи таълимӣ мемонанд, дар гурӯҳи махсуси шабонарӯзӣ муттаҳид карда мешаванд.
20. Дар давраи таътили тобистона маъмурияти муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар ҳамкорӣ бо масъулини истироҳатгоҳҳои туристӣ, лагерҳои меҳнатӣ, истироҳатӣ ва дигар шакли ташкили истироҳат барои тарбиягирандагон (аз рӯи имконият) шароити мусоиди истироҳат фароҳам меоранд.
21. Аз рӯи меъёри барқарор намудани саломатӣ дар асоси хулосаи маслиҳатгоҳи психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ хонандагони мактабинтернатҳои махсус ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешаванд.
22. Хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, ки шароити маҳдуд доранд, баъди хатми мактаб аз ҷониби мақомоти таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ, комиссияи назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо кор таъмин карда мешаванд. Дар интихоби касб ва таъмин бо кор вазъи саломатӣ ва майлу рағбати онҳо ба инобат гирифта мешавад. Тарбиягирандагони муассисаи таълимии типи мактабинтернат ва хонаи кӯдакон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардидаи ғизодиҳӣ аз ҷониби муассис бо хӯрока таъмин карда мешаванд.
23. Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактабинтернат, новобаста аз сохтор ва тобеияташон, пас аз бомуваффақият хатм кардани муассиса ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсил дода мешавад.
24. Ба хатмкунандагоне, ки дар муассисаи таълимии типи мактабинтернат таҳсил намуда, барномаи таълимиро аз худ накардаанд, гувоҳнома дар бораи таҳсил дар муассисаи мазкур дода мешавад.
25. Кудакони ятим ва бепарастор барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз имтиёзҳои барои онҳо муқарраргардида истифода мебаранд.
26. Ба хонаи кӯдакон кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятими аз 3 то 7-сола;
- фарзандони модарони (падарони) танҳо;
- кӯдакон аз хонаҳои кӯдакони навзод (ширхоргоҳ);
- кӯдаконе, ки онҳоро шахси дигар ба фарзандӣ хондааст ва бо сабабҳои гуногун аз тарбияи онҳо даст кашидааст;
- кӯдакони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ.
27. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки аз сарпарастии падару модар маҳрум шудаанд;
- ба таври истисно, фарзандони модарони (падарони) танҳо ва камбизоат;
- кудаконе, ки вобаста ба шароити ҳаёту меҳнат, саломатии падару модар (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба тарбияи ҷамъиятӣ мӯҳтоҷанд;
- кудакони ятиме, ки аз сарпараст, ғамхорӣ ва муҳити оила ба таври доимӣ, ё ин ки муваққатан маҳрум шудаанд.
28. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштае, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ имконияти хонданро надоранд, кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони нуқсони ҷисмонӣ ва ақлидошта;
- кудакони мӯҳтоҷи табобати тӯлонӣ буда;
29. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати наздимактабӣ кӯдакони зерин қабул карда мешаванд.
- кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат;
- кӯдакон аз деҳаҳои дурдаст, ки дар наздикашон мактаб надоранд.
30. Қабули кӯдакон ба муассисаҳои таълимии типи мактабиитернат аз 1 август то 5 сентябр сурат мегирад.
4. Раванди таълиму тарбия ва истироҳати тобистонаи тарбиягирандагон
31. Фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, соли хониш ва хусусияти тарбиявии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандартҳои давлатии таълим дар соҳаи маориф таҳия гардидаанд, бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
32. Давомнокии ҳафта ва чорякҳои хонишро Шӯрои педагогӣ дар мувофиқа бо мақомоти марбута муайян намуда, дар Оинномаи мактабинтернат нишон медиҳад.
33. Тарбияи меҳнатии хонандагон дар асоси нақшаҳо ва барномаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷояшавии таълим бо меҳнати фоидаовари ҷамъиятӣ бо назардошти шароитҳои маҳаллӣ ва талабот, иштирок дар чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, кор дар маҳфил ва клубҳо аз рӯи шавқу рағбат ба роҳ монда мешавад .
34. Иштироки тарбиягирандагон дар намудҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ, меҳнатӣ, варзишӣ ва маданию равшаннамоӣ дар асоси принсипҳои хоҳиш, ташаббус ва соҳибихтиёрӣ ба роҳ монда мешавад.
Фаъолияти коллективи (ташкилоти) тарбиягирандагон дар асоси худидоракунии хонандагон ба роҳ монда мешавад.
Маъмурият, омӯзгорони муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои амалӣ намудани ташаббуси тарбиягирандагон, фаъолнокии ташкилотҳои ҷамъиятии наврасон шароит фароҳам меоранд.
35. Тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии типи мактабинтернат метавонанд дар машғулиятҳои мусиқӣ, бадеӣ ва варзишии дигар мактабҳо, маҳфилҳо ва сексияҳои гуногун, ки аз ҷониби муассисаҳои. маданӣ-равшаннамоӣ, беруназмактабӣ ва варзишӣ таъсис дода шудаанд, шуғл варзанд, дар озмунҳо, олимпиадаҳо, спартакиадаҳо, намоишҳо, азназаргузаронӣ ва дигар чорабиниҳои оммавии хонандагон иштирок намоянд.
5. Идораи муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат. Роҳбарият ва коркунони омӯзгорӣ
36. Роҳбарии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъерии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Шӯрои педагогии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат ҳамчун мақомоти роҳбарикунандаи муассиса буда, ҳуқуқ ва вазифаҳои Шӯрои педагогии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернатро Оинномаи муассисаи таълимии типи мактабинтернат муайян менамояд.
37. Бо мақсади ба анҷом расонидани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҷодии омӯзгорону мураббиён, аз рӯи тартиби муқарраргардида Шӯрои методии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат таъсис дода мешавад.
38. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернатро Оинномаи онҳо, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур таҳия мегарданд, муайян мекунад.
6. Тартиби ташкил ва расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба тарбиягирандагон
39. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба кӯдакони дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат истиқоматдошта аз тарафи муассисаи тиббии тобеъ ва муассисаҳои тиббии ҳудуди ҷойгиршавии онҳо ташкил ва расонида мешавад.
40. Аз тарафи сохторҳои масъули тиббӣ дар асоси иақша ба таври мунтазам кӯдакон бо муоинаи тиббию профилактикӣ фаро гирифта мешаванд.
41. Намуд ва ҳаҷми корҳои табобатию профилактикӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси Оинномаи муассисаҳо ба роҳ монда мешавад.
42. Тартиб ва назорати ҳолати беҳдоштӣ дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат аз тарафи сохторҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди ҷойгиршавии ин муассисаҳо ба роҳ монда мешавад.
43. Аз тарафи сохторҳои тиббии муассисаҳои мазкур оид ба вазъи саломатии кӯдакон (дар як сол ду маротиба аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд) бо тартиби муайян бақайдгирӣ ва ҳисоботи омории тиббӣ бурда мешавад.
7. Заминаи моддию техникӣ, маблағгузорӣ ва ҳисобдорӣ
44. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои ташкили раванди таълиму тарбия ва муолиҷавию беҳдоштӣ маҷмӯаи муайяни хонаҳо, биноҳо ва таҷҳизотро доро мебошанд. Ғайр аз ин ба маҷмӯаи биноҳои амалкунандаи муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат инҳо дохил мешаванд: ҳуҷраҳои дарстайёркунӣ, бозӣ, беҳдошти саломатӣ (гигиенӣ), ташхиси рӯҳӣ (психологӣ), толори маҷлис, толори варзиш, толори кинонамоишдиҳӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраи додани либос, ҳаммом, анборҳои хоҷагии ёрирасон, ҳуҷраи шустану хушккунии либосҳо, анборҳо барои нигоҳ доштани сабзавот, ошхона ва маводи зидди сӯхтор.
45. Ба муассисаи таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи тартиботи муқарраргардидаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Барои муассисаи таълимии типи мактаб-интернат вобаста ба мақоми он дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар хазинадории шӯъбаҳои молияи дахлдор сӯратҳисоб кушода мешавад.
46. Тартиби сарфи маблағи ҷудокардашудаи буҷаи давлатӣ, таъсис ва сарфи маблағҳои махсус, ба танзим даровардани фаъолияти молиявӣ-хоҷагии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда муайян карда мешавад.
47. Барои ҳалли масъалаҳои фаврии кори муассисаҳо, таъмини шароитҳои зарурӣ ва инчунин барои ташкили саёҳатҳо, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти тарбиягирандагон ба мактаб-интернат мошини хизматӣ дода мешавад (барои мактабинтернати мақоми ҷумҳуриявидошта аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, барои мактаб-интернати мақоми вилоятӣ ва ноҳиявидошта аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ).
48. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи тартиботи муқарраргардида метавонанд хоҷагии ёрирасон, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил карда, ба аҳолӣ ҳар гуна хизматҳои пулакӣ расонанд.
49. Бо мақсади хизматрасонии тиббию беҳдоштӣ ба кӯдакони муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат ёрии тиббӣ, кори табобатию профилактикӣ, назорати беҳдоштӣ, бақайдгирӣ ва ҳисоботи тиббии кӯдакон ба роҳ монда мешавад.
50. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳр, штамп бо номи муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, инчунин лавҳаи муқарраргардида доранд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2007 № 347
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-ннтернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои умумӣ
1. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат муассисаи давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти умумии таълимию тарбиявӣ буда, дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ҳамин Низомнома ва Оинномаи худ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии типи мактаб-иитернат (новобаста аз тобеият ва шакли моликият) фаъолият карда метавонанд:
а) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор. Ин гуна муассисаи таълимӣ кӯдаконеро, ки бесаробон мондаанд, аз падар ва ё модар маҳрум гаштаанд (модарон ва падарони якка) ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд, дар асоси роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия бо муҳайё намудани ҷои хоб фаро гирифта, ба онҳо гирифтани ин ё он касбро кафолат медиҳад;
б) муассисаи таълимии типи мактаб-интернат барои кудакони имконияти маҳдуддошта. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ кафолати давлатии ба таҳсилот фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд (кӯр, кар, шунавоияшон суст, касалиҳои фалаҷ (полиомиелит)-ро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда наметавонанд таъмин менамояд;
в) муассисаи таълимии типи интернати наздимактабӣ. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдаконе, ки дар маҳалҳои дур зиндагӣ карда, дар ҷои зисташон мактабҳои таҳсилоти умумӣ амал намекунанд ва кӯдакони оилаҳои камбизоат таъсис дода мешавад;
г) муассисаи таълимии санатории типи мактаб-интернат. Ин гуна муассисаи таълимии давлатӣ барои гирифтани таҳсилот, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобати кӯдакон ва наврасоне, ки гирифтори касалиҳои сил ва дигар намуди касалиҳои сирояткунандаанд, таъсис дода мешавад;
д) муассисаи таълимии типи интернатии махсус. Ин навъи муассисаи таълимии давлатӣ муассисае ҳисобида мешавад, ки дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгорӣ буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок доранд. Муассисаи зикршуда ҳамчунии таълиму тарбия, барқароркунии иҷтимоии кудакон ва наврасонеро, ки дар асоси қарори суд тавассути комиссия оид ба кори ноболиғон ҷалб карда шудаанд, фаро мегирад;
е) муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусӣ. Ин навъи муассисаи таълимӣ аз ҷониби гурӯҳ ва шахсони алоҳида таъсис дода мешавад. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати хусусӣ барномаҳои таҳсилотро дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) амалӣ менамояд;
ё) муассисаи таълимии типи мактаб-интернатн оилавӣ. Ин навъи муассисаи таълимӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ташкил карда шуда, дар он теъдоди тарбиягирандагон набояд аз 15 нафар зиёд бошад;
ж) хонаи кӯдакон барои кӯдакони ятиму бепарастор муассисаи давлатии тарбиявии типи мактаб-интернат буда, барои кӯдакони ятим ва бепарастор ташкил карда шуда, шароити тарбия, таълим ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилонаи кӯдаконро таъмин менамояд.
4. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернат сохтори давлатии таълимии соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби давлат ба шахсони эҳтиёҷманд гирифтани таҳсилот ва таъмин бо ҷои хобро кафолат медиҳад.
5. Дар асоси Низомномаи мазкур муассисаҳои таълимии типи интернатӣ низомномаи худро таҳия карда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
6. Низомномаи мазкур барои фаъолияти муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати оилавӣ, муассисаҳои таълимии типи интернатии хусусӣ ва хонаи кӯдакон ҳамчун намуна ба ҳисоб меравад.
7. Мақсади асосии фаъолияти муассисаҳои таълимии типи мактабинтернат дар доираи барномаи таълимӣ таълиму тарбияро ба манфиати ҷамъият, давлат, таъмини ҳифзи саломатӣ ва муҳайё намудани шароит равона кардан мебошад. Он бо мақсади дастгирии кӯдакони ятим, кӯдакони бесаробонмонда, аз ҷиҳати ақлонӣ заиф, имконияти маҳдуддошта ва кӯдакони ба тарбияи махсус ниёзманд, таъсис дода мешавад.
8. Муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати мақоми ҷумҳуриявидошта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар асоси конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин намуди муассисаи таълимӣ ба ғайр аз таҳсил, барои гирифтани ин ё он касб низ шароит фароҳам оварда мешавад.
9. Принсипи фаъояияти ҳар як муассисаи таълимии типи мактаб-интернатро Низомномаи ҳамон намуди мактаб-интернат муайян мекунад.
2. Вазифаҳои муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат
10. Вазифаҳои муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат аз инҳо иборатанд:
- фароҳам овардани шароит барои аз худ кардани барномаи таълимии мактаби таҳсилоти умумӣ ва мактаби таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба кудаконе, ки ба кӯмак ва дастгирии давлат (аз ҷиҳати таҳсил ва ҷои зист) ниёз доранд;
- ташаккули имконияти эҷодкорӣ, ҷисмонӣ ва бадеии шахсият, заминагузории пояи мустаҳками ахлоқӣ ва тарзи ҳаёти солим, ғанигардонии тафаккур бо роҳи фароҳам овардани шароит барои ташаккули шахсияти фардӣ;
- тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти давлатй, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тоқатнопазирӣ нисбати ҳамагуна падидаҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддиҷамъиятӣ;
- фароҳам овардани шароит барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиесӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шинос намудан бо дастовардҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангии ватанӣ, омӯзиши таърих, урфу одатҳои халқи тоҷик ва халқҳои дигар, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;
- ҷорӣ намудани технологияи нави таълим, пайваст шудан ба шабакаи интернет.
11. Муассисаи таълимии типи мактаб-интернати мақоми давлатӣ ё хусусидошта баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ барои фаъолияти таълимро доро мешавад.
12. Тартиби додани иҷозатнома (литсензия), гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаи таълимии типи мактабинтернат мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
13. Раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи Оинномаи ин муассиса муайян карда мешавад. Оинномаро муассис тасдиқ менамояд.
14. Дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат таҳсил аз се зина иборат мебошад: ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ. Хонандагони муассисаи таълимии типи интернатӣ ҳуқуқ доранд, ки то синни 18- солагӣ (11 сол) таҳсилоти миёнаи умумиро аз худ намоянд. Ба зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ хонандагон бо назардошти хоҳиш ва қобилияту шавқи наврасон ба дараҷаи тахассусии хониш қабул карда метаванд. Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо қабули имтиҳонҳое, ки мақомоти болоии марбутаи маориф муайян кардааст, ба анҷом мерасад.
15. Дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор ва кӯдакони дорои қобилияти маҳдуд синфҳои махсуси тайёрӣ ва гурӯҳҳои томактабии 1-2-сола, ки фаъолияти худро дар аооси ҳуҷҷатҳои меъёрии муассисаҳои томактабӣ пеш мебаранд, ташкил карда мешаванд.
16. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо шароити таҳсил ва зисти тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии типи интернатро муҳайё карда, ба раванди таълиму тарбия, рушди мунтазам ва заминаи моддию техникии онҳо кӯмак мерасонад ва фаъолияти онҳоро назорат менамояд.
17. Тарбиягирандагон, маъмурияти муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, кормандони омӯзгорӣ дар якҷоягӣ бо падару модарон (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) вобаста ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасро ҳал менамоянд.
3. Хонандагон (тарбиягирандагон). Қабули хонандагон (тарбиягирандагон)
18. Пурра намудани муассисаи таълимии типи мактаб-интернат бо тарбиягирандагоне, ки ба кӯмаку дастгирии давлат ниёз доранд, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти роҳхати маслиҳатгоҳи ҷумҳуриявии психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ, ки оид ба қабули кӯдакон аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
19. Кӯдаконе, ки дар рӯзҳои таътил, истироҳат ва ид дар муассисаи таълимӣ мемонанд, дар гурӯҳи махсуси шабонарӯзӣ муттаҳид карда мешаванд.
20. Дар давраи таътили тобистона маъмурияти муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар ҳамкорӣ бо масъулини истироҳатгоҳҳои туристӣ, лагерҳои меҳнатӣ, истироҳатӣ ва дигар шакли ташкили истироҳат барои тарбиягирандагон (аз рӯи имконият) шароити мусоиди истироҳат фароҳам меоранд.
21. Аз рӯи меъёри барқарор намудани саломатӣ дар асоси хулосаи маслиҳатгоҳи психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ хонандагони мактабинтернатҳои махсус ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешаванд.
22. Хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактаб-интернат, ки шароити маҳдуд доранд, баъди хатми мактаб аз ҷониби мақомоти таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ, комиссияи назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо кор таъмин карда мешаванд. Дар интихоби касб ва таъмин бо кор вазъи саломатӣ ва майлу рағбати онҳо ба инобат гирифта мешавад. Тарбиягирандагони муассисаи таълимии типи мактабинтернат ва хонаи кӯдакон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардидаи ғизодиҳӣ аз ҷониби муассис бо хӯрока таъмин карда мешаванд.
23. Ба хатмкунандагони муассисаи таълимии типи мактабинтернат, новобаста аз сохтор ва тобеияташон, пас аз бомуваффақият хатм кардани муассиса ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсил дода мешавад.
24. Ба хатмкунандагоне, ки дар муассисаи таълимии типи мактабинтернат таҳсил намуда, барномаи таълимиро аз худ накардаанд, гувоҳнома дар бораи таҳсил дар муассисаи мазкур дода мешавад.
25. Кудакони ятим ва бепарастор барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз имтиёзҳои барои онҳо муқарраргардида истифода мебаранд.
26. Ба хонаи кӯдакон кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятими аз 3 то 7-сола;
- фарзандони модарони (падарони) танҳо;
- кӯдакон аз хонаҳои кӯдакони навзод (ширхоргоҳ);
- кӯдаконе, ки онҳоро шахси дигар ба фарзандӣ хондааст ва бо сабабҳои гуногун аз тарбияи онҳо даст кашидааст;
- кӯдакони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ.
27. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки аз сарпарастии падару модар маҳрум шудаанд;
- ба таври истисно, фарзандони модарони (падарони) танҳо ва камбизоат;
- кудаконе, ки вобаста ба шароити ҳаёту меҳнат, саломатии падару модар (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба тарбияи ҷамъиятӣ мӯҳтоҷанд;
- кудакони ятиме, ки аз сарпараст, ғамхорӣ ва муҳити оила ба таври доимӣ, ё ин ки муваққатан маҳрум шудаанд.
28. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштае, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ имконияти хонданро надоранд, кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони нуқсони ҷисмонӣ ва ақлидошта;
- кудакони мӯҳтоҷи табобати тӯлонӣ буда;
29. Ба муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернати наздимактабӣ кӯдакони зерин қабул карда мешаванд.
- кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат;
- кӯдакон аз деҳаҳои дурдаст, ки дар наздикашон мактаб надоранд.
30. Қабули кӯдакон ба муассисаҳои таълимии типи мактабиитернат аз 1 август то 5 сентябр сурат мегирад.
4. Раванди таълиму тарбия ва истироҳати тобистонаи тарбиягирандагон
31. Фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, соли хониш ва хусусияти тарбиявии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандартҳои давлатии таълим дар соҳаи маориф таҳия гардидаанд, бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
32. Давомнокии ҳафта ва чорякҳои хонишро Шӯрои педагогӣ дар мувофиқа бо мақомоти марбута муайян намуда, дар Оинномаи мактабинтернат нишон медиҳад.
33. Тарбияи меҳнатии хонандагон дар асоси нақшаҳо ва барномаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷояшавии таълим бо меҳнати фоидаовари ҷамъиятӣ бо назардошти шароитҳои маҳаллӣ ва талабот, иштирок дар чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, кор дар маҳфил ва клубҳо аз рӯи шавқу рағбат ба роҳ монда мешавад.