Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2017 № 411 аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175):
1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996 № 70 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи мактаб-интернати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 347
ш. Душанбе