ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи тухмипарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 693; соли 2005, №12, мод. 636) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 17 хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаҳои 25, 27. 34 калимаҳои "нозироти давлатии тухмӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор дар соҳаи тухмипарварӣ" иваз карда шаванд.
3. Қисми чоруми моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Сертификати сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ, сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати карантинии содирот аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи тухмипарварӣ дода мешавад.".
4. Ба моддаи 33 қисми сеюм ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории соҳаи тухмииарварӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад".
5. Дар моддаи 34 калимаи "Ҳукумати" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 35:
- дар ном ва қисми якум калимаҳои "нозироти давлатии тухмӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми якум калимаи "бемамоният" ба калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун" иваз карда шаванд;
- сархати дуюми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"дар ҳолатҳои ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба суд оид ба манъи фурӯш ё истифодаи тухмӣ даъво пешниҳод намоянд";
- сархати сеюми қисми якум хориҷ карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои "нозироти давлатии тухмиро дар соҳаи тухмипарварӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор дар соҳаи тухмипарвариро" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 июни соли 2007 № 283
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
11 майи соли 2007 № 572
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
7 июни соли 2007 № 341