Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001 № 10
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бандҳои 2, 3, 6, 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001 № 10 "Дар бораи муҳоҷирати ихтиёрии марҳила ба марҳилаи оилаҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон" дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои барои Хадамоти давлатии муҳоҷират пешбинишуда интиқоли муҳоҷиронро ба роҳ монад ва бо кӯмаки якдафъаинаи моддӣ таъмин намояд.
3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 маи соли 2002 корҳои оид ба гузаронидани хати интиқоли барқ, хатти кубури об, таъмири мактаби миёна, боғчаи бачагона, беморхонаро дар доираи маблағҳое, ки мувофиқи смета барои соли ҷорӣ пешбинӣ гардидаанд, ба анҷом расонанд.
6. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳадии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти корвони нақлиёти муҳоҷиронро таъмин намоянд.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хароҷотҳои соҳаи иҷтимоӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2000-ум пешбинӣ шудааст, 150 ҳазор сомонӣ барои додани қарзи имтиёзнок ба муддати 5 сол, ҷиҳати корҳои барқарорсозии манзили муҳоҷирон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳисоби 1500 сомонӣ ба сари ҳар як оила ҷудо намояд.
Ба расмият даровардани қарзҳои имтиёзнок барои муҳоҷирон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 апрели соли 2002 № 161
ш. Душанбе