Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, № 271

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 июни соли 2007 № 271

тасдиқ карда шудааст

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барноман ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 таҳия шуда, тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар бар мегирад.

1. Мақсаду вазифаҳо

Дар шароити имрӯза хадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷиков эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эхтиёҷ ва пайвастагин ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад.

Хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳким ва рушди ҷомеаю давлат мебошад.

Дар ин ҷода, яъне дар ташкилу таҳкими адолати судӣ, таъмини қонунияту адолат дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар Конститутсия суд ба сифати ҳокимияти алоҳида ва мустақил эътироф шудааст, дар он инчунин боби алоҳида ба суд бахшида шудааст, ки он принсипҳои асосӣ ва зарурии ҳокимияти судиро дар бар мегирад. Дар асоси ин меъёрҳои конститутсионӣ як қатор қонунҳо аз ҷумла Қонунҳои конститутсионӣ ,Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,, ,Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,, Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, меҳнат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо таҳкурсии муҳими ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ мебошанд.

Мутобиқи тағйироту пловаҳои воридгардида ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон (солҳои 1999 ва 2003) ҳокимияти судӣ аз нигоҳи ташкилӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти он густариш ёфт. Аз ҷумла, мақоми махсуси ҳокимияти давлатӣ - Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Точикистон таъсис ёфта, синну соли ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ва таъин шудан 65 сол муқаррар шуда, мӯҳлати ваколати дар ин вазифа будан аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд. Ҳамчунин шароити моддию техникии судҳо ва вазъи иҷтимоию маишии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба куллӣ тағйир ёфт, ки онҳо заминаи муҳими фаъолияти босамари мақомоти судӣ мебошанд.

Тоҷикистони соҳибихтиёр имрӯз дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дорад. Ин давра талаб менамояд. ки рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар шароити нав-гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигар таъмин карда шавад. Дар ин иртибот муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама 6а танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ доранд. Таҳкими кафолати ҳифзи судии ии муносибатҳои ҷамъиятӣ рушду такомули онҳоро таъмин намуда, барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошад.

Ин омилҳои объективӣ талаб менамоянд, ки ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар идома дода шавад.

Мақсади асосии Барнома таҳким бахшидан ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, тақвияти талабот нисбати кадрҳои судӣ, баланд бардоштани донишу таҷриба ва масьулиятнокии онҳо мебошад.

Барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст, ки вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати судии конститутсионӣ такмил дода шаванд;

- мурофиаи судӣ боз ҳам демократӣ гардонида шуда, баробарҳуқуқии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ таъмин карда шавад;

- маҳдуд намудани ҳуқуқҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла иҷозати ҳабси шахс, аз тариқи судӣ амалӣ карда шаванд;

- доираи салоҳияти судҳо оид ба татбиқи ҷазоҳои маъмурӣ васеъ карда шавад;

- тавассути қабули қонун таъсис ва амали судҳои ҳакамӣ дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад;

- вобаста ба шароити кунунӣ, қонунгузорӣ оид ба ҳокимияти судӣ такмил, мухолифати миёни меъёрҳои қонунҳо аз байн бурда шуда, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии хоҷагӣ, Кодекси ҳуқуквайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул карда шаванд;

- дар радифи тағйиротҳои ба миён омада шароити моддию техникии судҳо, моддию иҷтимоӣ ва маишии судяҳо, инчунин кормандони дастгоҳи судҳо пай дар пай беҳтар карда шавад.

2. Такмили салоҳияти Суди конститутсионӣ

Яке аз арзиши муҳими Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Бо мақсади таъмини арзишҳо ва ҳифзи Конститутсия Суди конститутсионӣ таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин мақом зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад.

Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои сифатан куллие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таи солҳои охир рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди Конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешпиҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.

Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд.

3. Масъалаҳои ташкилӣ

Бо мақсади самаранокии фаъолияти низоми судӣ, ташкилу гузаронидани мурофиаҳои судӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонун, иҷроиши саривақтии қарорҳои судӣ, баланд бардоштани донишу таҷрибаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, таъмини зарурии шароити моддию техникии судҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки корҳои зерин ба анҷом расонида шавад:

1. Бо дарназардошти таҳким бахшидани низоми судӣ ва ташаккул ефтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва оилавӣ дар суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд. Дар ин замина дар Суди Олии иқтисодӣ Колегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ таъсис дода шавад.

2. Ба хотири иҷроиши самараноки қарорҳои судӣ истеҳсолоти иҷроия аз тобеияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

3. Бо мақсади истифода намудани таҷрибаи судяҳои дар истеъфобуда, дар низоми судии кишвар ва дигар мақомоту ташкилотҳои марбута маҳдудиятҳои фаъолияти меҳнатии онҳо мавриди баррасӣ қарордода шавад.

4. Барои интихоб ва пешбурди номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ (аз нигоҳи савияи дониши касбӣ, таҷрибаи бойи корӣ, сифатҳои баланди инсонӣ ва ахлоқӣ) зарур аст, ки онҳо баъд аз супоридани имтиҳон ва пеш аз ба вазифаи судягӣ таъин шудан (шахсоне, ки бори аввал ба ин вазифа таъин мешаванд (ба истиснои судяҳои Суди конститутсионӣ)) муддати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд.

5. Таҷрибаи пазируфташудаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнати судяҳо, яке аз омилҳои таҳкими мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа мебошад. Феълан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаи мазкур марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд андешида истодааст. Бо ин васила ба мустақилияту беғаразии судяҳо таҳким бахшида мешавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо дарназардошти шароити феълии кишвар пайваста шароити маишию иҷтимоии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам беҳтар карда шавад.

6. Фаъолияти босамари мақомоти судӣ аз бисёр ҷиҳат ба иштироки фаъоли машваратчиёни халқӣ, шоҳидон, ҷабрдидагон, мутахассисон, адвокатҳо, тарҷумонҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ вобастагии қавӣ дорад. Гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, рушди моликияти хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ, инчунин таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҷаласаҳои судӣ зарурият пеш меорад, ки дар сметаи хароҷоти судӣ маблағҳо барои ҷуброни иштироки ин қабил иштирокчиёни мурофиаи судӣ пешбинӣ карда шавад.

4. Такмили қонунгузорӣ вобаста ба амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои амали намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пеш аз ҳама зарур аст:

1. Ба Қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи Суди конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар қонунҳои дахлдор тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

2. Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии хоҷагӣ, инчунин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикисгон, "Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ" дар таҳрири нав қабул карда шаванд. Аз ҷумла дар кодексҳои мазкур масъалаҳои зерин бояд пешбинӣ карда шаванд:

а) таъмини баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои мурофиаи судӣ;

б) иҷозати ба ҳабс гирифтани шахс, кофтукови манзили истиқоматӣ, шунидани гуфтушунидҳои телефонӣ ва ба мисли инҳо ба салоҳияти суд дода шавад (соли 2012 дар амал ҷорӣ карда шавад);

в) ҳуқуқи шинос шудан ба маводҳои парвандаҳои қатъкардашуда ё маводи рад кардашуда ба тарафҳо дода шавад;

г) худиқроршавӣ дар тафтишоти пешакӣ ва суд ба сифати далели исботкунандаи гуноҳ кабул карда нашавад;

д) ҳуқуқи тарафҳо бобати ҷамъ кардан ва ҳамроҳ кардани далелҳо васеъ карда шавад;

е) ба зиммаи мақомоти таҳқиқ дар марҳилаи аввал танҳо ҳаракатҳои таъхирнопазир, ки бо вақт маҳдуд аст, вогузошта шавад;

ё) нисбати шахсоне, ки ба фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд мусоидат менамоянд, чораҳои самараноки ҳифзи онҳо пешбинӣ карда шавад.

Тадбирҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд (Замима ба Барнома).

Замима

ба Барномаи ислоҳоти

судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

+--------------------------------+--------------+--------------------ҷ
|Номгӯи тадбирҳо                 | Мӯҳлати иҷро |   Иҷрокунандагон   |
+--------------------------------+--------------+--------------------+
|1. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи    |Солҳои        |Шӯрои адлияи        |
ЖҚонуни конститутсионии Ҷумҳурии |2007-2008     |Ҷумҳурии            |
|Тоҷикистон "Дар бораи ворид     |              |Тоҷикистон, Суди    |
|намудани тағйиротҳо ба Қонунҳои |              |конститутсионӣ,     |
|конститутсионии Ҷумҳурии        |              |Суди Олӣ, Суди      |
|Тоҷикистон", "Дар бораи судҳои  |              |Олии иқтисодии      |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи|              |Ҷумҳурии            |
|Суди конститутсионии Ҷумҳурии   |              |Тоҷикистон ва       |
|Тоҷикистон"  ва дигар қонунҳои  |              |Вазорати адлияи     |
|дахлдор                         |              |Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|2.Пешниҳоди лоиҳаи Кодексҳои    |Солҳои        |Гурӯҳи корӣ         |
|мурофиавии гражданӣ,            |2077-2008     |                    |
|ҷиноятӣ ва хоҷагии Ҷумҳурии     |              |                    |
|Тоҷикистон                      |              |                    |

|3. Пешниҳоди лоиҳаи Кодекси     |Дар давоми    |                    |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  |соли 2007     |Гурӯҳи корӣ         |
Жҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ"     |              |                    |

|4. Пешниҳоди лоиҳаҳои Қонунҳои  |Дар давоми    |Гурӯҳи корӣ         |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  |соли 2007     |                    |
|судҳои ҳакамӣ" ва "Дар бораи    |              |                    |
|истеҳсолоти иҷроия дар Ҷумҳурии |              |                    |
|Тоҷикистон"                     |              |                    |

|5. Таҳия ва пешниҳоди маводҳои  |Соли 2007     |Ҳукумати            |
|марбута оиди гузаронидани       |              |Ҷумҳурии            |
|низоми истеҳсолоти иҷроия аз    |              |Тоҷикистон,         |
|Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии    |              |Вазоратҳои молия    |
|Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи      |              |ва адлияи           |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон ба          |              |Ҷумҳрии Тоҷикистон  |
|Вазорати  адлияи                |              |Суди Олии иқтисодии |
|Ҷумҳурии Тоҷикистон             |              |Ҷумҳрии Тоҷикистон  |
|                                |              |Шӯрои адлияи        |
|                                |              |Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|6. Ташкили коллегияҳои судӣ     |Соли 2010     |Суди Олии           |
|   оид  ба парвандаҳои маъмурӣ  |              |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
|   ва оилавӣ                    |              |Суди Олии иқтисодии |
|                                |              |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|                                |              |ва Шӯрои адлияи     |
|                                |              |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|                                |              |                    |