Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2007 № 264
тасдиқ шудааст
Низомномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Мукаррароти умумӣ
1. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ менамояд.
2. Раёсат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҷаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
3. Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", дигар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи мазкур анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Раёсати дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани лоиҳаи Қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои ба соҳаи пешбурди фаъолияти Раёсати хизмати давлатӣ ва сохторҳои он дахлдор буда, инчунин лоиҳаи нақшаҳои корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолият;
- таҷлили татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
-қабули шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва шахсонн мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкил, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо, қабули қарорҳои дахлдор ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳо;
- дар доираи ваколати худ таъмини ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро дар бар мегиранд;
- ташкили тайёркунӣ ва азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Раёсат, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ;
- пешбурди назорат ба фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунӣ ва азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт ва таъмини иҷрои он;
- таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии хизмати давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- ҷобаҷокунӣ, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар рафти фаъолияти Раёсати хизмати давлатӣ ва сохторҳои маҷаллии он таҳия мешаванд;
- санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, ба кори санҷиш ҷалб намудани кормандон ва коршиноони дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорат оиди интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои хизмати давлатӣ, таҳия ва иҷрои нақшаҳои таълимии солона;
- ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ;
- ташкили маҳзани маълумот оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва захираи кадрҳои хизмати давлатӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба такмил ва рушди хизмати давлатӣ ва лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба хизмати давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ, такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- таъминоти иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ.
6. Раёсат бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули карор заруриро оид ба масъалаҳои муқарраргардидаи соҳаи фаъолият дастрас намояд;
- оид ба масъалаҳои муқарраргардидаи соҳаи фаъолият ба мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ тавзеҳот диҳад;
- барои таҳияи масъалаҳои муқарраргардидаи соҳаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- сохторҳои маҳаллии худро ташкил ва фаъолияти онро назорат намояд;
- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил намояд;
- дар бораи беҳдошти шароити меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоӣ-маишии хизматчиёни давлатӣ таклиф пешниҳод намояд.
III. Ташкили фаъолият
7. Ба Раёсат Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Сардор оид ба иҷрои ваколати Раёсат ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Сардори Раёсат як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардор аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
8. Сардори Раёсат мутобиқи қонунгузорӣ:
- роҳбарии корҳои Раёсати хизмати давлатиро ташкил ва амалӣ намуда, ӯҳдадориҳои мансабии муовин ва дигар кормандони Раёсат, инчунин кормандони сохторҳои маҳаллии онро муайян мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Раёсат, номзадҳоро барои ишғоли мансаби муовини Сардори Раёсат ва Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи солона ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти Раёсат, инчунин ҳисобот аз рӯи фаъолияти онро пешниҳод менамояд;
- Раёсатро дар муносибат ба дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти Раёсат, ҳайати кормандони он ва дигар масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва хоҷагӣ фармонҳо ва амрҳо содир мекунад;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати давлатиро ҳал менамояд;
- оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати ӯ дахл доранд, қарорҳо қабул мекунад.
9. Раёсат шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Маҳали ҷойгиршавии Раёсат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир, 33 мебошад.
Замимаи 2
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2007 № 264
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ
Шӯъбаи таъминоти кадрии хизмати давлатӣ
Шӯъбаи таҷлилӣ-иттилоотӣ ва ташкилии хизмати давлатӣ
Шӯъбаи талаботи тахассусӣ ва системаи музди меҳнат
Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ
Бахши таҳияи маҳзани маълумот ва тестӣ
Замимаи 3
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2007 № 264
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Хоруғ)
Шӯъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Хуҷанд)
Шӯъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (Қургонтеппа)
Шӯъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Душанбе)
Бахши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (Кӯлоб)
Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон