Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2007 № 313
тасдиқ шудаанд
Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар) ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2012 № 349, аз 27.02.2020 № 126)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа (минбаъд- Тартиби мазкур) қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнати кормандонро ҳангоми пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкунӣ, ҳангоми ҳисоби кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизматӣ қарор доштан, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд .
2. Тартиби мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбиқ мегарданд .
II. Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда ва музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ
3. Ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он ҷумла рухсатиҳои дарозкардашуда), рухсатиҳои таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи тақвимӣ, ё бо хоҳиши корманд аз рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавӣ амалкунанда (меъёри тарифӣ), анҷом дода мешавад.
4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миенаи якрӯза истифода мешавад. Музди миёнаи якрӯза барои пардохти маблағи рухсатӣ бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффитсиенти 29, 3 - миқдори миёнаи рӯзҳои тақвимӣ муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсатӣ бо роҳи зарб задани музди миёнаи якрӯза ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсатӣ амалӣ мешавад.
а) агар рухсатӣ аз ҳисоби музди миёнаи меҳнатӣ аз давраи рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшавӣ суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳои (ба ғайр аз маоши вазифавӣ) то баландшавӣ анҷомдодашуда ва ба давраи ҳисоботӣ (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мукофотҳо, ғайр аз мукофотҳои яквақта ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшавӣ ва ба давраи ҳисоботӣ дохилшаванда ба андозаи зиёдшавӣ тасҳеҳ мегарданд;
б) дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад ;
в) агар давраи ҳисобӣ пурра кор карда нашуда бошад, рухсатӣ аз рӯи музди миёнаи меҳнати якрӯза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи корӣ ва ба рӯзҳои тақвимии рухсатӣ, ки мувофиқи моддаи 101 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардохт карда мешавад .
5. Дар ҳолати дар давраи ҳисобӣ мавҷуд набудани музди меҳнат, аз ҷумла ҳангоми пардохти давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рӯзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое, ки аз ҳисобкунӣ хориҷ карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якрӯза аз рӯи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи се моҳи тақвимии охири иҷрои кор, бевосита пеш аз давраи ҳисоботӣ бо тасҳеҳи минбаъдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) муайян карда мешавад. Агар корманд ҳам дар давраи ҳисоботӣ ва ҳам то давраи хисоботӣ ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рӯзи корӣ надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рӯи меъёрҳои тарифии дараҷаи муқарраргардида ва маоши вазифавӣ муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми пардохти маоши собити вақтбайъ (аз ҷумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудҳои иловагии мукофотпулӣ), музди миёнаи меҳнати якрӯза бо роҳи тақсими маоши вазифавии моҳонаи охирини корманд бо иловапулиҳо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсатӣ зарб карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани дигар намудҳои мукофотпулиҳо музди миёнаи меҳнати якрӯза бо тартиби банди 4 Тартиби мазкур муайяи карда мешавад.
7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ аз давраи ҳисоботӣ вақте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубини кӯдак то синни муқаррарнамудаи қонун расидани ӯ кӯмакпулӣ гирифтааст, хориҷ карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшавӣ аз кор, ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориҷ карда мешавад. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаваяд.
8. Хамгоми бо корманд қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳисобкукии музди миёнаи меҳнат барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ, мутобиқи талаботи бандҳои 4-7 Тартиби мазкур амалӣ мегардад .
III. Пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан, барои давраи ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисобкунии андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд.
9. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, истеҳсоли маҳсулоти ноқис, бо назардошти дараҷаи зарар ва бекористӣ на бо айби корманд, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (ғайр аз пардохти рухсатиҳо, ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо) бо роҳи тақсим кардани маблағҳои воқеии ҳисобшуда дар 3 моҳи тақвимии ҳолати мушаххаси қаблии вақти пардохт ба корманд дар ҳолатҳо (аз санаи 1 то 1 мохи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмоҳаи рӯзҳои корӣ бо назардошти давомнокии мӯътадил ё кӯтоҳи вақти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрӯзаи меҳнат дар ҳолати давомнокии вақти кории мӯътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрӯза коэффитсиенти 25,0 - ҳисоби миёнаи рӯзҳои кории якмоҳа ва ҳангоми ҳафтаи кории панҷрӯза коэффитсиенти 20,6 - теъдоди миёнаи рӯзҳои корӣ дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ба теъдоди рӯзҳои кории ҳисобшаванда амалӣ мегардад.
11. Ҳангоми баҳисобгирии ҷамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он, ки маблағи пардохт муайян карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботӣ (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблағи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
12. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 - соата бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёнаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдори 1,14 (40:35), инчунин барои дигар низомҳои (16, 18 ва 24 соата) ҳафтаи корие, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
13. Маблағи умумии музди миёнаи меҳнат бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ё яксоата ба шумораи рӯзҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (реҷаи) корӣ дар фосилаи вақте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.
IV. Пардохти кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ: кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
14. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо роҳи тақсими музди меҳнати моҳона ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоямӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кӯмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнати моҳона (аз 60 то 100 фоиз) кӯмакпулии рӯзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рӯзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиҷаи корношоямӣ аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад ().
15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат, ҳисобкунии музди меҳнати моҳона барои пардохти вақти корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби музди меҳнати моҳонаи се моҳи пурраи корӣ пеш аз корношоямии муваққатии корманд анҷом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан ғайриимкон аст, (онҳое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, кироякорони шахсони алоҳида ва ғайра) кӯмакпулӣ вобаста ба корношоямии мувақкатӣ, аз ҳисоби музди меҳнат дар 12 моҳи охири кор, вобаста ба маблағи пардохташудаи аъзоҳаққии иҷтимоӣ ҳисобӣ карда мешавад (.
16. Барои ҳисобкунии кӯмакпулӣ барои корношоямии мувакқатӣ, (ҳомиладорӣ ва таваллуд), музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда бо маблағи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Ҳамин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин мавридҳо кӯмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеӣ, бидуни маҳдудияти маблағи маоши дукарата (меъёрҳои тарифӣ) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
17. Музди миёнаи меҳнати якрӯза барои ҳисоб кардани кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 3 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоямӣ то пешниҳоди ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рӯзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисобӣ шудааст) ва пас аз он ба миқдори рӯзҳои тавқимӣ корношоямӣ дода шуда, ки онро муассисаи тиббӣ муқаррар менамояд (аз 70 то 180 рӯзи тақвимӣ) зарб зада мешавад.
18. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои ҳисоби кӯмакпулиҳо ҳамаи намудҳои пардохти музди меҳнат, ки дар банди 20 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳам аз ҷойи кори асосӣ ва ҳам аз ду ҷойи корӣ, инчунин маблағҳои подоши ҳаққи қалами муаллиф ва маблағҳои мукофотпулиҳо аз шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои муддат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онҳо ҳаққи суғурта ситонида шудаст, ба назар гирифта мешаванд .
19. Давраҳои корношоямии муваққатӣ ё рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.
V. Қоидаҳои умумӣ барои тамоми ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд
20. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози иҷтимоӣ ситонида мешавад ва ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:
а) музди меҳнати асосӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) коллективӣ, инфиродӣ, бо меъёрҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
б) нигоҳдории кафолатноки музди меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, тағйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда, ҳангоми сафари хизматӣ, дар рухсатии меҳнатӣ будан, иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористӣ на бо айби корманд, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор;
- музди меҳнати ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ (курсҳо) нигоҳдошташаванда ва ба занҳо дар давраи танаффусҳо барои маконидани тифл нигоҳдошташаванда;
в) иловапулиҳо:
- барои тахассус, дараҷа, рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориҷӣ, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараҷавӣ, иҷрои корҳои махсусан муҳим, шахсӣ ва дар дигар ҳолатҳо;
- барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат, (барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рӯзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иҷрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда)), барои роҳбарӣ ба ҳайат, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои омӯзонидани шогирдон дар истеҳсолот;
- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми мӯътадили вақти корӣ (барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат);
- иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангоми тағйири шароити мӯътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иҷро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати тағйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
- барои кор ҳангоми риоя накардани шароити мӯътадили меҳнат (барои корҳои вазнин ва зарарнок, шароити меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок, дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дороӣ шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишии меҳнат);
г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотонӣ пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи) колективӣ тасдиқгардида.
21. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд:
а) пардохтҳое, ки берун аз манбаъҳои фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар ҷорӣ намудани ихтироот ва пешниҳодҳои наповарӣ), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишҷӯён ва аспирантҳои ҷудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кӯмакпулиҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иҷтимоӣ (фонди истеъмолот);
б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии дорои хусусияти яквақта (иҷрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулиҳо, подошҳои яквақтаи дорои хусусияти ҳавасмандгардонӣ, ба муносибати ҷашнҳои шахсӣ, кӯмакпулӣ ҳангоми озодшавӣ аз вазифа, кӯмакпулиҳои ҳавасмандгардонии моддӣ, мукофотҳои пулӣ барои ишғоли мақоми аввал дар озмунҳо ва ғайра);
в) ҷубронпулиҳо:
- ҳангоми дар сафари хизматӣ будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ, кирояи манзил ва роҳкиро пардохта мешаванд (маблағҳои хароҷот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда);
- арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ;
- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва ғайра;
г) кӯмакпулиҳои аз суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохтшаванда;
д) музди меҳнати дар рӯзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буҷети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
22. Мукофотхо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунии мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинишуда аз рӯи ҳисоби воқеӣ ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои ҳар як моҳи давраи ҳисоботӣ дохил карда мешаванд.
23. Ҳангоми иҷрои корҳои гуногунпардохт (корҳои таъмирӣ, якҷокунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва ғайраҳо) музди миёнаи меҳнат аз маблағи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иҷрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
24. Музди миёнаи меҳнат дар рӯзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботӣ меъёри муайяни вақти корӣ ва ҳаҷми корро пурра иҷро кардааст, бояд аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст набошад.
25. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳое, ки коэффитсяентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб, коэффитсиентҳои ноҳияҳои баландкӯҳ истифода карда мешаванд, бо дарназардошти коэффитсиентҳо барои ноҳияи мушаххас ва андозаи музди меҳнате, ки дар вақти ҳисобкунии музди миёна илова карда мешавад, анҷом дода мешавад.
26. Ҳангоми пардохти музди миенаи меҳнат аз маблағҳои буҷетӣ ва махсус (аз даромади фаъолияти хоҷагидории онҳо бадастомада), ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ҳама ҳолатҳое, ки ин Тартиб пешбинӣ намудаанд, аз ҳар ду сарчашмаҳои маблағгузорӣ анҷом дода мешавад, агар аз музди меҳнати кормандон андоз аз даромад ва аъзоҳақии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ситонида шуда бошанд .
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2007 № 313
тасдиқ шудаанд
Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии мувакқатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқамадданд
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2012 № 349)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Ҳамин Қоидаҳо тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнати кормандонро ҳангоми пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкунӣ, ҳангоми ҳисоби кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизматӣ қарор доштан, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд.
2. Қоидаҳои мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбиқ мегарданд.
II. Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда ва музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ
3. Ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он ҷумла рухсатиҳои дарозкардашуда), рухсатиҳои таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи тақвимӣ, ё бо хоҳиши корманд аз рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавӣ амалкунанда (меъёри тарифӣ), анҷом дода мешавад.
4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миенаи якрӯза истифода мешавад. Музди миёнаи якрӯза барои пардохти маблағи рухсатӣ бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффитсиенти 29, 3 - миқдори миёнаи рӯзҳои тақвимӣ муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсатӣ бо роҳи зарб задани музди миёнаи якрӯза ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсатӣ амалӣ мешавад.
а) агар рухсатӣ аз ҳисоби музди миёнаи меҳнатӣ аз давраи рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшавӣ суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳои (ба ғайр аз маоши вазифавӣ) то баландшавӣ анҷомдодашуда ва ба давраи ҳисоботӣ (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мукофотҳо, ғайр аз мукофотҳои яквақта ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшавӣ ва ба давраи ҳисоботӣ дохилшаванда ба андозаи зиёдшавӣ тасҳеҳ мегарданд;
б) агар давраи ҳисобӣ пурра кор карда нашуда бошад, рухсатӣ аз рӯи музди миёнаи меҳнати якрӯза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи корӣ ва ба рӯзҳои тақвимии рухсатӣ, ки мувофиқи моддаи 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардохт карда мешавад.
5. Дар ҳолати дар давраи ҳисобӣ мавҷуд набудани музди меҳнат, аз ҷумла ҳангоми пардохти давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рӯзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое, ки аз ҳисобкунӣ хориҷ карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якрӯза аз рӯи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи се моҳи тақвимии охири иҷрои кор, бевосита пеш аз давраи ҳисоботӣ бо тасҳеҳи минбаъдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) муайян карда мешавад. Агар корманд ҳам дар давраи ҳисоботӣ ва ҳам то давраи хисоботӣ ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рӯзи корӣ надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рӯи меъёрҳои тарифии дараҷаи муқарраргардида ва маоши вазифавӣ муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми пардохти маоши собити вақтбайъ (аз ҷумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудҳои иловагии мукофотпулӣ), музди миёнаи меҳнати якрӯза бо роҳи тақсими маоши вазифавии моҳонаи охирини корманд бо иловапулиҳо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсатӣ зарб карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани дигар намудҳои мукофотпулиҳо музди миёнаи меҳнати якрӯза бо тартиби банди 4 Қоидаҳои мазкур муайяи карда мешавад.
7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ аз давраи ҳисоботӣ вақте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубини кӯдак то синни муқаррарнамудаи қонун расидани ӯ кӯмакпулӣ гирифтааст, хориҷ карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшавӣ аз кор, ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориҷ карда мешавад. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаваяд.
8. Хамгоми бо корманд қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳисобкукии музди миёнаи меҳнат барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ, мутобиқи талаботи бандҳои 4-7 Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад.
III. Пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан, барои давраи ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисобкунии андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд.
9. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, истеҳсоли маҳсулоти ноқис, бо назардошти дараҷаи зарар ва бекористӣ на бо айби корманд, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (ғайр аз пардохти рухсатиҳо, ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо) бо роҳи тақсим кардани маблағҳои воқеии ҳисобшуда дар 3 моҳи тақвимии ҳолати мушаххаси қаблии вақти пардохт ба корманд дар ҳолатҳо (аз санаи 1 то 1 мохи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмоҳаи рӯзҳои корӣ бо назардошти давомнокии мӯътадил ё кӯтоҳи вақти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрӯзаи меҳнат дар ҳолати давомнокии вақти кории мӯътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрӯза коэффитсиенти 25,0 - ҳисоби миёнаи рӯзҳои кории якмоҳа ва ҳангоми ҳафтаи кории панҷрӯза коэффитсиенти 20,6 - теъдоди миёнаи рӯзҳои корӣ дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ба теъдоди рӯзҳои кории ҳисобшаванда амалӣ мегардад.
11. Ҳангоми баҳисобгирии ҷамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он, ки маблағи пардохт муайян карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботӣ (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблағи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
12. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 - соата бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёнаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдори 1,14 (40:35), инчунин барои дигар низомҳои (16, 18 ва 24 соата) ҳафтаи корие, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
13. Маблағи умумии музди миёнаи меҳнат бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ё яксоата ба шумораи рӯзҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (реҷаи) корӣ дар фосилаи вақте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.
IV. Пардохти кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ: кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
14. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо роҳи тақсими музди меҳнати моҳона ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоямӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кӯмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнати моҳона (аз 60 то 100 фоиз) кӯмакпулии рӯзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рӯзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиҷаи корношоямӣ аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад ().
15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат, ҳисобкунии музди меҳнати моҳона барои пардохти вақти корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби музди меҳнати моҳонаи се моҳи пурраи корӣ пеш аз корношоямии муваққатии корманд анҷом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан ғайриимкон аст, (онҳое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, кироякорони шахсони алоҳида ва ғайра) кӯмакпулӣ вобаста ба корношоямии мувақкатӣ, аз ҳисоби музди меҳнат дар 12 моҳи охири кор, вобаста ба маблағи пардохташудаи аъзоҳаққии иҷтимоӣ ҳисобӣ карда мешавад (.
16. Барои ҳисобкунии кӯмакпулӣ барои корношоямии мувакқатӣ, (ҳомиладорӣ ва таваллуд), музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда бо маблағи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Ҳамин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин мавридҳо кӯмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеӣ, бидуни маҳдудияти маблағи маоши дукарата (меъёрҳои тарифӣ) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
17. Музди миёнаи меҳнати якрӯза барои ҳисоб кардани кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 3 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоямӣ то пешниҳоди ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рӯзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисобӣ шудааст) ва пас аз он ба миқдори рӯзҳои тавқимӣ корношоямӣ дода шуда, ки онро муассисаи тиббӣ муқаррар менамояд (аз 70 то 180 рӯзи тақвимӣ) зарб зада мешавад.
18. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои ҳисоби кӯмакпулиҳо ҳамаи намудҳои пардохти музди меҳнат, ки дар банди 20 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳам аз ҷойи кори асосӣ ва ҳам аз ду ҷойи корӣ, инчунин маблағҳои подоши ҳаққи қалами муаллиф ва маблағҳои мукофотпулиҳо аз шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои муддат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онҳо ҳаққи суғурта ситонида шудаст, ба назар гирифта мешаванд.
19. Давраҳои корношоямии муваққатӣ ё рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.
V. Қоидаҳои умумӣ барои тамоми ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд
20. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози иҷтимоӣ ситонида мешавад ва ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:
а) музди меҳнати асосӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) коллективӣ, инфиродӣ, бо меъёрҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
б) нигоҳдории кафолатноки музди меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, тағйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда, ҳангоми сафари хизматӣ, дар рухсатии меҳнатӣ будан, иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористӣ на бо айби корманд, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор;
- музди меҳнати ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ (курсҳо) нигоҳдошташаванда ва ба занҳо дар давраи танаффусҳо барои маконидани тифл нигоҳдошташаванда;
в) иловапулиҳо:
- барои тахассус, дараҷа, рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориҷӣ, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараҷавӣ, иҷрои корҳои махсусан муҳим, шахсӣ ва дар дигар ҳолатҳо;
- барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат, (барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рӯзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иҷрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда)), барои роҳбарӣ ба ҳайат, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои омӯзонидани шогирдон дар истеҳсолот;
- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми мӯътадили вақти корӣ (барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат);
- иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангоми тағйири шароити мӯътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иҷро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати тағйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
- барои кор ҳангоми риоя накардани шароити мӯътадили меҳнат (барои корҳои вазнин ва зарарнок, шароити меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок, дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дороӣ шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишии меҳнат);
г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотонӣ пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи) колективӣ тасдиқгардида.
21. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд:
а) пардохтҳое, ки берун аз манбаъҳои фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар ҷорӣ намудани ихтироот ва пешниҳодҳои наповарӣ), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишҷӯён ва аспирантҳои ҷудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кӯмакпулиҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иҷтимоӣ (фонди истеъмолот);
б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии дорои хусусияти яквақта (иҷрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулиҳо, подошҳои яквақтаи дорои хусусияти ҳавасмандгардонӣ, ба муносибати ҷашнҳои шахсӣ, кӯмакпулӣ ҳангоми озодшавӣ аз вазифа, кӯмакпулиҳои ҳавасмандгардонии моддӣ, мукофотҳои пулӣ барои ишғоли мақоми аввал дар озмунҳо ва ғайра);
в) ҷубронпулиҳо:
- ҳангоми дар сафари хизматӣ будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ, кирояи манзил ва роҳкиро пардохта мешаванд (маблағҳои хароҷот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда);
- арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ;
- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва ғайра;
г) кӯмакпулиҳои аз суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохтшаванда;
д) музди меҳнати дар рӯзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буҷети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
22. Мукофотхо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунии мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинишуда аз рӯи ҳисоби воқеӣ ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои ҳар як моҳи давраи ҳисоботӣ дохил карда мешаванд.
23. Ҳангоми иҷрои корҳои гуногунпардохт (корҳои таъмирӣ, якҷокунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва ғайраҳо) музди миёнаи меҳнат аз маблағи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иҷрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
24. Музди миёнаи меҳнат дар рӯзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботӣ меъёри муайяни вақти корӣ ва ҳаҷми корро пурра иҷро кардааст, бояд аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст набошад.
25. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳое, ки коэффитсяентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб, коэффитсиентҳои ноҳияҳои баландкӯҳ истифода карда мешаванд, бо дарназардошти коэффитсиентҳо барои ноҳияи мушаххас ва андозаи музди меҳнате, ки дар вақти ҳисобкунии музди миёна илова карда мешавад, анҷом дода мешавад.
26. Ҳангоми пардохти музди миенаи меҳнат аз маблағҳои буҷетӣ ва махсус (аз даромади фаъолияти хоҷагидории онҳо бадастомада), ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ҳама ҳолатҳое, ки ин Қоидаҳо пешбинӣ намудаанд, аз ҳар ду сарчашмаҳои маблағгузорӣ анҷом дода мешавад, агар аз музди меҳнати кормандон андоз аз даромад ва аъзоҳақии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ситонида шуда бошанд.