Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 314 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008с. № 501, аз 31.12.2008 № 673)

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори тухмипарварию селексионӣ, такмили минбаъдаи сифати тухмӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯйи хоҷагиҳое, ки бо Иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии "Зироаткор" - и ба номи академик А.Н. Махсумов, "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон"-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатьи назар аз шакли моликияташон, ҳамкорӣ менамоянд, мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

Сохторҳои ваколатдори маҳаллии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо хоҷагиҳои ғайридавлатие, ки ба тухмипарварӣ машғуланд, дар асоси шартнома ба роҳ монанд.

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 март ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши тухмии (аслӣ, элита ва репродуксионӣ) серҳосили навъҳои (номгӯи зироат, намуд) зироатҳои кишоварзиро дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ, Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Зироаткор"-и ба номи академик Махсумов А.Н., Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон" муайян намояд.

3. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи тухмипарварӣ диққати ҷиддӣ дода, дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба кишти бисёрнавъии зироатҳои кишоварзӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати сари вақт интихоб ва ноҳиябандӣ намудани навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба касалию зараррасонҳо тобовар тадбирҳо андешанд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва муайян намудани имтиёзҳо ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати як моҳ таклифи мушаххас пешниҳод намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 №169 "Дар барои тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 1 июни соли 2007 № 314

ш. Душанбе

Замима 1

 ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2007 № 314

Минтақа ва хоҷагиқои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ

Вилояти Суғд

ҶС "Иттифоқ"- и ноҳияи Ашт-пахтаи типи (хели) IV;

ҶС ба номи Э. Бойматоваи ноҳияи Конибодом - пахтаи типи (хели) V;

Хоҷагии деҳқонии "60- солагии Октябр"-и ноҳияи Конибодом - пахтаи типи (хели) II;

ҶС ба номи С.Урунхӯҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров - пахтаи типи (хели) V;

ҶС ба номи А. Ҷумъаеви ноҳияи Б. Ғафуров- пахтаи типи (хели) V;

Хоҷагии ба номи Ҷ. Расулови ноҳияи Б. Ғафуров -пахтаи типи (хели) IV;

ҶС "Гулистон"-и ноҳияи Спитамен- пахтаи типи (хели) V;

Кооперативи истеҳсолии "Меҳнат"-и ноҳияи Мастчоҳ - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Лангар"-и ноҳияи Мастчоҳ - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Баракат"-и ноҳияи Мастчоҳ- пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии ба номи С. Қудуси ноҳияи Мастчоҳ - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Мадрушкат"-и ноҳияи Мастчоҳ - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии деҳқонии "Абдусамад"-и ноҳияи Мастчоҳ - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии деҳқонии "Ойкул"-и ноҳияи Зафаробод - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Рӯзибой"-и ноҳияи Зафаробод - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Даҳкат"-и ноҳияи Зафаробод - пахтаи типи (хели) V;

Хоҷагии деҳқонии "Зафар"-и ноҳияи Зафаробод - пахтаи типи (хели) V;

Хоҷагии деҳқонии "Исмоилиён"-и ноҳияи Зафаробод- пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳконии "Дон"-и ноҳияи Зафаробод - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии ба номи Мукаррамови ноҳияи Исфара- гандум, ҷав, ҷуворимакка, сабзавот;

Хоҷагии "Чилгазӣ"-и ноҳияи Исфара- гандум, ҷав, сабзавот; Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Р.Набиеви ноҳияи Б.Ғафуров -типи (хели) V.

Вилояти Хатлон

Хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣпахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии ба номи Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб - пахтаи типи (хели) V, гандум;

Хоҷагии "Авесто"-и ноҳиян Қубодиён - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии ба номи Бекови ноҳияи Колхозобод - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии ба номи Э. Раҳмонови ноҳияи Панҷ- пахтаи типи (хели) II;

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ресандаи Қӯрғонтеппа"-пахтаи типи (хели) II (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 673);

Хоҷагии деҳқонии ба номи Эммаҳмадови ноҳияи Қумсангир - пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии дехқонии "Раҳмонҷон"-и ноҳияи Данғара- пахтаи типи (хели) II;

Хоҷагии ба номи Э. Сатторови ноҳияи Ҷилликул - пахтаи типи (хели) IV;

Хоҷагии деҳқонии "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ - пахтаи типи (хели) IV;

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008с. № 501);

Хоҷагии деҳқонии "Табиат"-и ноҳияи Хуросон- гандум;

Хоҷагии деҳқонии "Ховалинг"-и ноҳияи Ховалинг- картошка;

Хоҷагии "Ҷорубқул"-и ноҳияи Темурмалик- гандум;

Хоҷагии "Тебалай"-и ноҳияи Мӯъминобод- юнучқа;

Хоҷагии деҳқонии "Фидокор"-и ноҳияи Вахш - сабзавот;

Хоҷагии деҳқонии "Элита"-и ноҳияи Фархор - пахтаи типи (хели) IV.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Хоҷагии деҳқонии "Дӯстӣ"-и ноҳияи Турсунзода-пахтаи типи (хели) IV, гандум, ҷуворимакка;

Хоҷагии деҳқонии ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав-пахтаи типи (хели) V, гандум, нахуд,ҷав, зағир;

Кооперативи истеҳсолии "Пуштимиёна"-и ноҳияи Шахринав-пахтаи типи (хели) V, гандум, ҷав;

Кооперативи истеҳсолии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор-пахтаи типи (хели) V, гандум, чуворимакка;

Хоҷагии деҳқонии "Улҷабой"-и ноҳияи Рӯдакӣ-пахтаи типи (хели) V, гандум;

Хоҷагии деҳқонии "Хуршед"-и ноҳияи Рӯдакӣ- пахтаи типи (хели) V;

Хоҷагии деҳқонии "Зувайд"-и ноҳияи Тавилдара - картошка;

Хоҷагии деҳқонии ба номи А.Ҷомии ноҳияи Тавилдара- картошка;

Хоҷагии "Қизилсу"-и ноҳияи Ҷиргатол - картошка.

Замима 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2007 № 314

Номгӯи хоҷагиҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии "Зироаткор"-и ба номи академик Махсумов А.Н. ва "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон" ба истеҳсол ва фурӯши навъҳои тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ (аслӣ, элита, репродуксионӣ) машғуланд

Иттиҳодияи илмию истехсолии "Зироаткор"

(истеҳсол ва фурӯши тухмии хушсифат (аслӣ, элита, репродуксионӣ) пахта, гандум, ҷав, сулӣ, нахӯд, наск, лубиёи чинӣ, ҷуворимакка, мош, шолӣ, юнучқа, берсим, шабдар, маъсар)

-Хоҷагии таҷрибавии ба номи Дзержинский ноҳияи Ҳисор;

-Хоҷагии таҷрибавии истеҳсолии ИИИ "Зироаткор";

-Филиали дар Суғд будаи ИИИ "Зироаткор";

-Филиали дар Вахш будаи ИИИ "Зироаткор" ба номи Красичков;

-Пункти такягоҳи "Қушқӯрғон"-и ноҳияи Шаҳристон;

-Пункти такягоҳи Панҷакент;

Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"

(истеҳсрл ва фурӯши тухмии хушсифат (аслӣ, элита, репродуксионӣ) пиёз, сабзӣ, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи хӯрока, шалғамча, шалғам, турб, боимҷон, сирпиёз, каду, харбуза, тарбуз, картошка, қаламфури булғорӣ)

-Пункти такягоҳи Ҷиргатол;

-Филиали дар Суғд будаи иттиҳодияи истеҳсолии "Боғпарвар" ба номи Мичурин;

-Хоҷагии таҷрибавии "Сумбула"-и ноҳияи Ҳисор

-Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропики "Вахш"- и ноҳияи Колхозобод

-Пункти такягоҳи "Рарз"-и ноҳияи Айнӣ

-Стансияи минтақавии таҷрибавии "Файзобод"