Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2007 № 289
тасдиқ шудааст
Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон
Сарсухан
Ташаккули низоми хизмати давлатии касбӣ, ки барои самаранок ба амал баровардани функсия ва вазифаҳои давлат равона карда шудааст, яке аз тадбирҳои асосии бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.
Дар давлати муосир фаъолияти босамари ҳокимияти давлатӣ аз ҳамкории мураттаби рукнҳои сиёсӣ ва маъмурии системаи идоракунии давлатӣ ва ҷомеа вобастагӣ дошта, самаранокии идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама аз рӯи дастгирии шаҳрвандон муайян карда мешавад.
Хизмати давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, вогузор карда мешавад. Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи инкишофи худ бояд тамоюли умумии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва талаботеро, ки асри XXI тақозо менамояд, ба назар гирад. Яке аз хусусиятҳои асосии ҷаҳони муосир ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад, ки натиҷаи он рақобати шадиди байналмилалӣ мебошад ва Тоҷикистон аз ин раванд дар канор монда наметавонад. Ҳамзамон, ҷаҳонишавӣ барои истифодаи захираҳои Тоҷикистон имкониятҳои зиёд медиҳад. Барои амалӣ гардондани он дар чунин шароит фаъолияти хизмати давлатии босамар, касбӣ ва муосир муҳим аст.
Ҷиҳати ташаккул ва инкишофи хизмати давлатии касбӣ дар кишвар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки дар ин раванд қадами аввалин маҳсуб мешавад.
Барои он ки дар Тоҷикистон хизмати давлатӣ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавоб дода тавонад, таҳия ва татбиқи тадбирҳои пайдарпай ва мувофиқашуда, аз ҷумла таҳияи Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон зарур аст.
I. Мақсади ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон
Мақсади асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
- таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва ҷолиб сохтани он дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
- рушди минбаъдаи институти хизмати давлатӣ бо дарназардошти таҷрибаи солҳои охир дар самти танзими ҳуқуқӣ, фаъолияти амалӣ ва назариявии он;
- баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдорӣ;
- мутобиқкунонии модели амалкунандаи хизмати давлатӣ ба тағйироти куллӣ дар иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон;
- таъсис ва инкишофи системаи муосири таълими кадрҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, такмили малака ва маҳорати хизматчиёни давлатӣ, ки барои иҷрои босамари вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда заруранд.
II. Вазифаҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатӣ
Ислоҳоти хизмати давлатӣ ҳамчун самти афзалиятнок дар соҳаи сохтмони давлатӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- ташкили шароит барои рушди ҷомеаи озод, ки арзиши олии он ҳимоя ва риояи ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад;
- мутобиқ сохтани низоми хизмати давлатӣ ба шароити нави иқтисодӣ;
- баланд бардоштани сатҳи касбии идоракунӣ дар мақомоти давлатӣ;
- такмили минбаъдаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳот ва рушди хизмати давлатӣ;
- таҳияи механизми ягонаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар системаи идоракунии давлатӣ, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии он;
- таҳияи механизми амалӣ намудани сиёсати самараноки кадрӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
- таъмини фаъолияти ошкоро, шаффоф ва танзимшудаи давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба манфиати ҷомеа;
- афзун гардонидани боварии шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ба воситаи баланд бардоштани дастрасӣ ба иттилоот дар ҷараёни қабули қарорҳо, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ва умуман ҷомеа вобастаанд;
- мусоидати фаъолона барои ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар идоракунии самарабахши захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти давлат;
- такмили системаи музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дар ҳамин асос ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таъмини суботи кадрӣ;
- ташкили системаи таълими кадрҳои касбӣ барои хизмати давлатӣ.
III. Заминаҳои ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон
Заминаҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- мавҷудияти иродаи мустаҳками сиёсии роҳбарияти кишвар барои ба даст овардани мақсаду вазифаҳои гузошташуда, инчунин кӯшиши истифодаи самараноки хизмати давлатӣ ба нафъи ҷомеа;
- омода будан ба кори заҳматталабу дарозмуддат барои татбиқи ислоҳот;
- васеъ кардани ваколатҳои Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти хизмати давлатӣ;
- мавҷудияти гурӯҳи коршиносони (экспертҳои) баландихтисос, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои ислоҳот ва хизмат ба ҷомеа ҷонибдоранд;
- истифодаи таҷрибаи мусбии кишварҳои дигар дар гузаронидани ислоҳоти хизмати давлатӣ.
IV. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ
1. Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондустӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
- кордонӣ ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2. Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
V. Хусусиятҳои асосии низоми хизмати давлатӣ
Системаҳои миллии хизмати давлатӣ вобаста ба муҳити фарҳангӣ, сиёсӣ ва маъмурии ҳар як кишвар аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, дар хизмати давлатӣ хусусиятҳои асосие мавҷуданд, ки бояд ҳангоми амалӣ гардондани ислоҳоти хизмати давлатӣ ба назар гирифта шаванд.
1. Миқёси фарогирии хизмати давлатӣ
Хусусияти асосии низоми хизмати давлатӣ миқёси фарогирии он буда, мақомоти давлатиеро дар бар мегирад, ки кормандони онҳо ба хизматчиёни давлатӣ дохил мешаванд.
Дар ҷараёни татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи Консепсияи мазкур пеш аз ҳама зерсистемаҳо ва унсурҳои хизмати давлатӣ такмил дода мешаванд:
- аз нуқтаи назари функсионалӣ (таҳия ва татбиқи сиёсат, хизматрасониҳо ва мониторинг);
- тақсими функсияҳо ба асосӣ ва ёрирасон, яъне бевосита ба функсияҳои давлатӣ дохилбуда ва функсияҳои ба бахши хусусӣ вогузор кардашуда;
- аз рӯи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба хизмати давлатӣ дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- аз рӯи низоми хизмати давлатӣ ба хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ ва намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- аз рӯи сатҳи идоракунӣ (мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ).
Бо дарназардошти ин дар марҳилаи кунунии рушди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон иқдоми зерин амалӣ мегардад:
- инкишофи низоми хизмати давлатӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян кардани таносуби теъдоди зарурии хизматчиёни давлатӣ вобаста ба сохтори дастгоҳи давлатӣ, функсия ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ.
2. Моделҳои карерӣ ва мавқеӣ (позитсионӣ) дар низоми хизмати давлатӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти моделҳои зикршуда бояд модели миллии хизмати давлатӣ таҳия гардад.
3. Сохтори институтсионалии низоми хизмати давлатӣ
Барои дар амал татбиқ намудани идоракунии самараноки низоми хизмати давлатӣ ва дар асоси талаботи ҷомеа таъмин намудани рушди доимии он вазифаҳои зеринро амалӣ намудан зарур аст:
- таҳияи сиёсат, назорат ба татбиқи он, мониторинг, ҳимояи ҳуқуқӣ ва баррасии шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ;
- мутамарказ гардондани вазифаҳои асосӣ оид ба таҳияи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ ва назорати татбиқи он аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва мониторинги татбиқи онҳо;
- таҳия ва татбиқи усулҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ҳангоми интихоб, қабул ба хизмати давлатӣ, рушди касбӣ, мукофотонӣ, баҳодиҳӣ ба самаранокии фаъолият, аз кор озод намудан ва татбиқи ҷазои хизматчиёни давлатӣ истифода мешаванд;
- таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои хизматчиёни давлатӣ, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
- баррасии аризаҳо ва кор бо шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ;
- таъсиси системаи тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва рушди касбии онҳо дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷӣ дар доираи барномаҳои мақсадноки миллӣ.
Барои амалӣ намудани ин вазифаҳо Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани иқтидор ва додани салоҳияти ба фаъолияти он мувофиқ ниёз дорад.
4. Пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ
Дар ҷараёни ислоҳоти хизмати давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили системаи шаффоф, пешбинишаванда ва ҷалбкунандаи пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ аз музди меҳнати кормандони бахши хусусӣ бояд кам набошад ва асоси ҷалби мутахассисон ба хизмати давлатӣ гардад.
VI. Сиёсати идоракунии захираҳои инсонӣ дар низоми хизмати давлатӣ
Дар марҳилаи ҳозираи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи кадрҳо муҳим буда, ҳалли проблемаҳои кишвар ба сиёсати асоснокгардидаи кадрӣ вобаста аст.
1. Самтҳои асосии сиёсати кадрӣ дар хизмати давлатии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- ояндабинӣ ва банақшагирии таъминоти кадрии хизмати давлатӣ;
- интихоб ва ҷобаҷогузории хизматчиёни давлатӣ. Салоҳиятнокӣ, қобилияти гузоштани вазифаҳои дарозмӯҳлат, маҳорат ва иродаи ҳалли онҳо дар шароити нав ва тағйирёбанда меъёри асосии интихоб ва пешрафти кадрҳо мегардад;
- мониторинг ва таҳлили вазъи пешравии хизматчиёни давлатӣ. Ин амал бо истифода аз технологияю механизмҳои муосири кадрӣ, болоравии нақш ва масъулияти хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ сурат мегирад;
- тарбияи насли нави идоракунандагон барои хизмати давлатӣ:
- бо роҳи таълими мутахассисон дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, мактабҳои олии кишвар, инчунин дар хориҷа дар доираи барномаҳои мақсаднок (дар асоси озмун);
- ташкили таҳсилоти иловагии касбӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва рушди малакаи касбии онҳо.
2. Баҳодиҳии натиҷаи фаъолият
Тартиби мавҷудаи гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ба талаботи имрӯзаи хизмати давлатӣ ҷавоб дода наметавонад. Бинобар ин зарурати ба роҳ мондани тартиби баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба миён омадааст.
3. Ҳимояи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ
Барои тақвияти ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ баланд бардоштани нақши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз, ки ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатиро ба амал мебарорад, зарур аст. Вазъи хизматчиёни давлатии маъмурӣ набояд аз конъюнктураи сиёсӣ ва шахсияти роҳбар вобаста бошад.
4. Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатӣ
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони касбӣ, донишманд, бомаърифат бинобар рақобатнопазирии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ бо музди меҳнати кормандони бахши хусусӣ душвор мегардад. Бинобар ин, барои ҷалби мутахассисони баландихтисос фароҳам овардани шароити мусоиди кор, ҳавасмандиҳои моддӣ, тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо дар байни муассисаҳои гуногуни давлатӣ, воҳидҳои сохторӣ ва кормандони онҳо аҳамияти муҳим дорад.
VII. Масъалаҳои ташкилӣ, таъминоти захиравӣ, мониторинг ва арзёбии ислоҳот
1. Масъалаҳои ташкилӣ
Бо мақсади ҳамоҳангсозии тамоми фаъолият, ягонагии принсипҳои ислоҳот, инчунин таҳкими таъсиррасонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ тадбирҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
- дар марҳилаи аввал дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани гурӯҳи мутахассисони ботаҷриба;
- муҳокимаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои сгратегии ҳукуматӣ дар воситаҳои ахбори омма то қабули расмии онҳо;
- таҳияи Барномаи ислоҳоти хизмати давлатӣ бо нишон додани:
- вазифаҳои муқарраргардида;
- роҳҳои ҳалли онҳо;
- натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи онҳо;
- арзёбии хароҷоти чорабиниҳо;
- манбаи захираҳо барои иҷрои онҳо;
- иҷрокунандагон;
- мӯҳлати иҷро.
2. Таъминоти моддӣ ва молиявӣ
Механизми баҳодиҳии арзиши чорабиниҳои пешбинишавандаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, ки ба таври умумӣ барои муайян кардани мақсад ва вазифаҳои афзалиятнок, арзиши чорабиниҳо ва манбаи захираҳо барои татбиқи онҳо кӯмак мерасонад, таҳия карда шавад. Ҳамзамон бояд баҳодиҳии самараноки идоракунии молиявӣ гузаронида шуда, илова ба маблағҳои буҷетӣ манбаҳои ғайрибуҷетӣ ҷалб карда шаванд.
Гузариш аз маблағгузории сметавӣ ба маблағгузории барномавию мақсаднок, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас нигаронида шудааст, муҳим мебошад.
Барои идораи амалии захираҳои мавҷуда ва расидан ба мақсадҳои пешбининамудаи Консепсияи мазкур, татбиқи чорабиниҳои пешбинишаванда ва ҳамоҳангсозии кӯмаки донорӣ зарур аст.
З.Мониторинг ва баҳодиҳӣ
Барои назорати ҷараёни татбиқи ислоҳот системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ таҳия карда шавад. Тартиби системаи мазкур бояд ба принсипҳои асосии стратегияи рушди миллии Тоҷикистон пурра мутобиқат намояд.
Системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ барои ба сари вақт ошкор намудани проблемаҳо, инчунин муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо равона шуда, натиҷаҳои онҳо ба таври мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн ва нашр карда мешавад.
VIII. Марҳилаҳои ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 хизмати давлатии муосири касбӣ ҳамчун қисми таркибии ислоҳоти идораи давлатӣ муайян карда шудааст.
Маҷмӯи тадбирҳои дар Стратегия пешбинишуда хусусияти кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат доранд.
Тадбирҳое, ки барои ташкили хизмати давлатии муосири касбӣ нигаронида шудаанд, инҳо мебошанд:
1. Дар давраи кӯтоҳмӯҳлат:
- ташкили феҳристи хизматчиёни давлатӣ ва мунтазам таҷдид кардани он;
- таҳияи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ";
- таҳияи Консепсияи сиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷори намудани тартиби нави гузаронидани озмун оид ба ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани тартиби нави гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ;
- иҷрои марҳилаи аввали ислоҳоти пардохти музди меҳнат дар хизмати давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ;
- ташкили тайёркунии мутахассисони соҳаи идоракунӣ дар хизмати давлатӣ дар муассисаҳои олии кишвар;
- ҷорӣ намудани барномаҳои махсус оид ба вусъатбахшии пешрафт дар зинаҳои хизматӣ барои хизматчиёни давлатии ҷавоне, ки қобилиятҳои махсус зоҳир менамоянд;
- ташкили системаи идоракунии иттилоотии хизмати давлатӣ;
- такмили Кодекси одоби хизматчиёни давлатӣ;
- таҳияи барномаи мубориза бо унсурҳои бюрократӣ дар мақомоти давлатӣ.
2. Дар давраи миёнамӯҳлат:
- таъсиси маркази илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои бунёдии назариявӣ ва амалии хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушди институтсионалии системаи таълими хизматчиёни давлатӣ;
- таҳияи Консепсияи таълими хизматчиёни давлатӣ;
- таҳияи тартиби хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ;
- таҳия ва такмили барномаи таълими фосилавии хизматчиёни давлатӣ.
3. Дар давраи дарозмӯҳлат:
- ташаккули бозори рақобатноки таълими хизматчиёни давлатии Тоҷикистон;
- ташкили Академияи хизмати давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи низоми ягонаи баҳодиҳӣ оид ба самаранокӣ ва сифати фаъолияти мақомоти давлатӣ ва натиҷаи кори хизматчиёни давлатӣ.
Дар давраи дарозмуддат дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои муносибатҳои бозорӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешаванд, ки ин ҷо муносибатҳо ва усулҳои идораи захираҳои инсонӣ дар бахши хусусӣ, ки самаранокии худро исбот намудаанд, дар назар дошта мешавад.