ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фармон медиҳам:
1. Дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иборат аз 7 воҳиди штатӣ таъсис дода шавад.
2. Дар банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2001 № 721 "Дар бораи теъдоди кормандон ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "293" ба рақами "300" иваз карда шавад.
3. Ба сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001 № 702 "Дар бораи тавсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо".
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳоро барои нигоҳдории воҳидҳои штатии иловагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 24 майи соли 2007 № 253
ш. Душанбе