Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи ташили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии Агентии обуҳавошиносӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ ба миқдори 35 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шалад.
3. Ба Агентии обуҳавошиносӣ иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад,
4. Маблағгузории Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
5. Дар Нақшаи идоракукии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 591 "Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Агентии обуҳавошиносӣ ва зидди жола" ба калимаҳои "Агентии обуҳавошиносӣ" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 185
ш. Душанбе