Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 250 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ карда шудааст (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1961, № 24, моддаи 126) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи23:

- дар банди "6 а" калимаҳои "полиси андоз" ба калимаҳои "назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар" иваз карда шаванд;

- дар банди "7" калимаҳои "муфаттиши воҳидҳои полиси андоз" ба калимаҳои "муфаттиши мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 44 калимаҳои "муфаттиши воҳидҳои полиси андоз" ба калимаҳои "муфаттиши мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муфаттиши мақомоти назорати маводи нашъаовар" иваз карда шаванд.

3. Моддаи 452 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 452. Ваколати роҳбари мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Роҳбари мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад оид ба тафтиши ҷинояти алоҳида ё якчанд ҷиноятҳо аз ҳисоби кормандони ҳамин мақомот гурӯҳи фаврӣ -тафтишотӣ таъсис диҳад.".

4. Банди 9 моддаи 113 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"9) мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;".

5. Аз қисми якуми моддаи 121 рақам ва калимаҳои "293 қисми якум" хориҷ карда шаванд.

6. Дар моддаи 122:

- дар қисми якум калимаҳои "полиси андоз" ба калимаҳои "назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм рақами "245" ба рақам ва калимаҳои "245 қисми якум, қисми дуюм бандҳои "а", "б", "в" ва рақамҳои "314 - 332" ба рақамҳо ва калимаҳои "моддаҳои 314 -317, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ надошта бошанд, моддаҳои 322, 323, агар ин кирдор хусусияти коррупсионӣ надошта бошад, моддаҳои 328 - 332" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаҳои "полиси андоз" ба калимаҳои "назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "содир гардидаанд" калимаҳои "ба истиснои ҷиноятҳое, ки дар қисми ҳафтуми моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд" илова карда шаванд:

- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаи 245 қисми дуюм банди "г", қисмҳои сеюм ва чорум, моддаҳои 246, 247 қисми дуюм банди "г", қисмҳои сеюм ва чорум, агар ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 257, 258, 259, 2591, 260, 261, 262, 264, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбари корхона, муассиса ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият содир шуда бошад, моддаҳои 265, 268, 269, 270, 271, моддаи 273 қисми сеюм банди ,в,, агар ин кирдор бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, моддаҳои 274, 278, 279, 280, 287, моддаи 289 қисми сеюм банди ,б,, агар ин кирдор бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, қисми чорум, агар дар гурӯҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад, моддаи 291 қисми дуюм банди ,б,, моддаҳои 292, 293, 295, 296, 314, 315, 316 ва 317, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, моддаҳои 318, 319, 320, 321, 323, 324, 325, 326, 327, 340(1), моддаи 345 қисми сеюм, агар ин кирдор бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, моддаҳои 348, 349, моддаи 359 қисмҳои дуюм ва сеюм, агар ин кирдорҳо аз ҷониби субъекти ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир шуда бошанд, моддаҳои 360, 363 ва 391, агар ин кирдорҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешаванд. Тафтиши пешакии парвандаҳо нисбати судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз ҷумла кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия), оид ба ҷиноятҳое, ки дар ҳамин қисм пешбинӣ карда шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешаванд. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор намудани ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинигардида, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба тадорукоти ҳарбӣ даъват карда шудаанд, содир гардидаанд, тафтиши пешакии парвандаҳо аз тарафи муфаттишони ҳамин мақомот бурда мешавад.";

- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба дигар ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 143 - 164, 244 - 297 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар қисми ҳафтуми моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешаванд.";

аз қисми даҳум рақамҳои "319 - 322" хориҷ карда шаванд;

- аз банди 13 калимаҳои "аз як мақоми таҳқиқ ва тафтиш ба дигараш диҳад ё" хориҷ карда шаванд;

- ба ҳамин банд ҷумлаи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Инчунин прокурор ҳуқуқ дорад ҳар як парвандаи ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, аз мақоми таҳқиқ ё тафтиш ба дигараш диҳад.".

7. Дар охири банди "9" қисми якуми моддаи 212 калимаҳои ", ба истиснои ҷиноятҳое, ки дар қисми ҳафтуми моддаи 122 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд. Прокурор метавонад парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои дар қисми ҳафтуми моддаи мазкур пешбинигардида талаб намуда, ба истеҳсоли худ қабул намояд" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии дар қисми ҳафтуми моддаи 122 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки то мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун оғоз карда шудаанд, аз тарафи мақомоте, ки ин парвандаҳоро тафтиш карда истодаанд, ба охир расонида мешавад.

Моддаи 3. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 12 майи соли 2007 № 250

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 25 апрели соли 2007 № 537

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

 30 апрели соли 2007 № 302