ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, №7, мод. 398; соли 2006, №3 мод. 141) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати нӯҳуми қисми якуми моддаи 5 калимаи "коррупсия" хориҷ карда шавад.
2. Аз қисми дуюми моддаи 32 калимаҳои "инчунин ба дигар мақомоти тафтишотӣ" хориҷ карда шуда, ба ин қисм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оиди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар мақомоти тафтишотӣ супорад.".
3. Дар моддаи 58:
дар ҷумлаи дуюми қисми якум баъд аз калимаҳои "прокурор ё муфаттиш" калимаҳои "ба ғайр аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд" илова карда шаванд;
дар қисми сеюм калимаи "Кормандони" ба калимаҳои "Ба истиснои ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, кормандони" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
12 майи соли 2007 № 251
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
25 апрели соли 2007 № 539
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қокуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
30 апрели соли 2007 № 303
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 года, №7, ст. 398 2006 года, №3 ст. 141) следующие изменения и дополнения:
1. В абзаце девятом части первой статьи 5 слово "коррупцией" исключить.
2. В части второй статьи 32 слова ",а также другому следственному органу" исключить, часть дополнить новым предложением в следующей редакции:
"Прокурор также может передать уголовные дела, за исключением дел о преступлениях коррупционного характера, другому следственному органу.".
3. В статье 58:
в предложении втором части первой после слов "прокурора или следователя" дополнить словами ",кроме уголовных дел и административных правонарушений, связанных с коррупцией";
в части третьей слово "Работники" заменить словами "За исключением преступлении и административных правонарушений коррупционного характера, работники".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
12 мая 2007 года № 251
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель Маджлиси
намояндагон Маджлиси
Оли Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,
25 апреля 2007 года
№ 539
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси
Оли Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе,
30 апреля 2007 года № 303