Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 259 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қ. 1, мод. 293; соли 2005, №7, мод. 400) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми панҷуми моддаи 6 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3) соҳибкории калон.".

2. Ба Қокун моддаҳои 7(1) ва 7(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 7(1). Субъектҳои соҳибкории хурд

Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуле дохил мешаванд, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи иштироки давлат аз 25 фоиз зиёд намебошад ва ба меъёрҳои зерин мутобиқ аст:

- андозаи даромади умумии онҳо дар аввали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд набошад;

- шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ на зиёдтар аз 30 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ то 50 нафар бошад.

Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғул мебошанд, дохил карда намешаванд:

- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;

- таҳвили алюминийи аввалия;

- фаъолият дар соҳаи истифодабарин қаъри замин;

- фаъолияти бонкӣ (ё барои машғул шудан бо намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ) ва суғуртавӣ;

- фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;

- фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.

Дар ҳолати зиёд шудани яке аз меъёрҳои пешбининамудаи моддаи мазкур имтиёзҳои барои субъектҳои соҳибкории хурд муайянкардаи қонунгузорӣ ба субъектҳои соҳибкории хурд татбиқ карда намешаванд.".

"Моддаи 7(2). Субъектҳои соҳибкории миёна ва калон

Ба субъектҳои соҳибкории миёна соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи меъёрҳои зерин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, дохил мешаванд:

- агар андозаи даромади умумии онҳо дар аввали соли андоз бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 миллион сомонӣ зиёд набошад;

- агар шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ аз 30 то 100 нафар, вале барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз 50 то 200 нафар бошад.

Субъектҳои соҳибкории калон соҳибкорони инфиродӣ ва шахсоки ҳуқуқие эътироф карда мешаванд, ки яке аз меъёрҳои фаъолияти онҳо аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми якуми моддаи мазкур зиёд бошад.

Шумораи миёнаи солонаи кормандони субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи дастурамали тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори омори давлатӣ муайян карда мешавад.".

3. Дар сархати сенздаҳуми қисми якуми моддаи 17 баъди калимаҳои "поймол месозанд" калимаҳои "аз ҷумла оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиши фаъолияти онҳо" илова карда шаванд.

4. Матни моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад.

Тартиби додани патент, шаҳодатнома ва номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории дар асоси патент амалишавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисток муайян менамояд.".

5. Дар моддаи 21:

- дар қисми сеюм калимаҳои "бо рухсати прокурор" ба калимаҳои "тибқи қонунгузорӣ дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" иваз карда шаванд;

- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.";

- қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 12 майи соли 2007 № 259

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҷЛИСИ ОЛИИ ҷУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 25 апрели соли 2007 № 535

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуки Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе

 30 апрели соли 2007 № 311