Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2007, № ап-161

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайримақсадноки биною иншоот ва автомашинаи хизматии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ амр медиҳам:

1. Истифодаи бино ва иншооти давлатӣ барои гузаронидани расму ойин, маърака ва маросимҳо манъ карда шавад.

2. Истифодаи автомашинаҳои хизматии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ бо мақсади иштирок дар расму ойин, маърака ва маросимҳо манъ карда шавад.

3. Шахсоне, ки муқаррароти Амри мазкурро вайрон менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 27 апрели соли 2007 № АП-161

ш. Душанбе

РАСПОРЯЖЕНИЕ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Для пресечения не целевого использования зданий, сооружений и служебных автомашин центральных и местных органов государственной власти, джамоатов, государственных учреждений, предприятий и организаций приказываю:

1. Запретить использование государственных зданий и сооружений для проведения мероприятий, торжеств и обрядов.

2. Запретить использование служебных автомашин центральных и местных органов, джамоатов, государственных учреждений, предприятий и организаций для участия в мероприятиях, торжествах и обрядах.

3. Лица, нарушающие положения настоящего распоряжения привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Президент 

Республики Таджикистан                                Э. Рахмонов

г.Душанбе

27 апреля 2007 года  №РП-161