Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 251 "Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ситораи балети тоҷик Малика Собирова"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ситораи балети тоҷик Малика Собирова

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи ситораи балети тоҷик, Артисткаи халқии СССР Малика Собирова, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ" ба Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова" номгузорӣ карда шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки аз ин қарор бармеоянд, ҳал намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова"-ро дар доираи маблағҳои барои Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ" пешбинишуда таъмин намояд.

4. Сархати 29 замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 251

ш. Душанбе