Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 250 "дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ходими шоистаи санъат, бастакор Миратулло Атоев"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ходими шоистаи санъат, бастакор Миратулло Атоев

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва бо мақсади абадӣ гардонндани хотираи Ходими шоистаи санъат, бастакор Миратулло Атоев Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова" ба Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" номгузорӣ карда шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиро, ки аз ин қарор бармеоянд, ҳал намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев"-ро дар доираи маблағҳои барои Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова" пешбинишуда таъмин намояд.

4. Сархати 31 замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев"

5. Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 9 июли соли 1982 № 245 "Дар бораи ба мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии республикавии ш.Душанбе додани номи Малика Собирова" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 250

ш.Душанбе