Низомномаи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ аз 2 майи соли 2007, № 246

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 126 беэътибор дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2007 № 246

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ иборат мебошад.

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ намуда, кори худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

4. Агентӣ ваколатҳои зеринро дорад:

- сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, кредит ва грантҳои хориҷӣ татбиқ менамояд;

- риояи ҳатмии талаботи қонунгузориро дар бораи хариди давлатӣ ва сарфаю самаранокии хариди давлатиро таъмин менамояд;

- ба мақомоти давлатӣ дар амалӣ намудани хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ ёрии машваратӣ мерасонад;

- муносибати одилонаро нисбат ба молрасонҳо (пудратчиён) таъмин намуда, ба рақобат миёни онҳо дар раванди амалӣ намудани харид тақвият мебахшад;

- шаффофу ошкоро будани расмиёти хариди давлатиро таъмин менамояд;

- фаъолияти ташкилотҳои харидорро ҳангоми амалӣ намудани харид аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳамоҳанг месозад ва ба танзим медарорад;

- арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои хариди давлатӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад;

- оид ба масоили иҷрои қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ машварат мегузаронад;

- омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро оид ба хариди давлатӣ ташкил менамояд;

- дар бораи хариди давлатӣ иттилоот ҷамъ мекунад ва онро интишор менамояд;

- хисоботҳои семоҳа ва солонаро дар бораи хариди давлатӣ омода месозад;

- пойгоҳи (базаи) маълумоти молрасонҳои (пудратчиёни) ватанию хориҷиро ташкил намуда, корбурди феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимодро ба роҳ мемонад;

- оид ба масоили такмили механизми хариди давлатӣ мавод омода ва пешниҳод мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирҳои бо қонун ҳифзшавандаро таъмин менамояд;

- бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ марбут мебошанд, шарҳу тавзеҳ медиҳад.

5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва функсияи назоратиро анҷом диҳад.

III. Ташкили фаъолият

6. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Агентӣ гузошта шудаанд, масъулияти шахсӣ дорад.

7. Директор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Директор:

- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро анҷом медиҳад;

- вазифаҳоро дар байни муовин ва кормандони худ тақсим мекунад ва сатҳи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;

- нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисоботро оид ба иҷрои онҳо тайёр менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд.

9. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

10. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Муҳаммад Нисор 10/17 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2007 № 246

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ

Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ

Шӯъбаи танзими хариди кор ва хизматрасонӣ

Шӯъбаи молиявӣ ва маъмурӣ

Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши умумӣ ва корҳои махсус

Намояндагиҳои Агентӣ дар минтақаҳо