Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 244
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои тақсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 92, аз 10.02.2016 № 66)
1. Мукаррароти умумӣ
1. Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, (минбаъд оилаҳои камбизоат) дар назди ҳар як мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф, меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва молия комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ташкил карда мешавад. Комиссияро муовини Раиси ноҳия (шаҳр), ки сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ мебошад, роҳбарӣ мекунад.
2. Дар ҳар як мактаб ҷиҳати таъин ва пардохти кӯмакпулӣ комиссияи мактабӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи мактабӣ бо тарзи овоздиҳии кушода дар маҷлиси умумии падару модарон ва муаллимон аз ҳисоби намояндагони худи онҳо, бо ҷалби намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шӯроҳои маҳаллаҳо ва идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (дар шаҳрҳо) вобаста аз шумораи хонандагон ба теъдоди на камтар аз 7 нафар интихоб карда мешавад.
3. Комиссияи мактабиро муовини директори мактаб роҳбарӣ намуда, аз ҳисоби аъзои комиссия як нафар котиби комиссия интихоб мегардад ().
4. Комиссияи мактабӣ талабагони эҳтиёҷмандро муайян карда, баъди мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шӯроҳои маҳаллаҳо, идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (дар шаҳрҳо) руйхати онҳоро барои тасдиқ ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод мекунад.
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар аввали соли таҳсил оид ба теъдоди хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд .
6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали ҳар соли таҳсил, баъд аз муайян гардидани шумораи оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) таҳсил мекунанд, оид ба ҳаҷми маблағи солонаи кӯмакпулӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд .
7. Назорати доимии фаъолияти комиссияҳоро, ки тибқи ҳамин Низомнома таъсис дода мешаванд, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда, оид ба ҷараёни пардохти кӯмакпулиҳо ҳар сол на камтар аз ду маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод мекунад .
II. Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулӣ
8. Кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоате таъин карда мешавад, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд ва даромади миёнаи моҳонаашон ба ҳар як аъзои оила аз андозаи 50 фоизи маоши ҳадди ақали муқарраргардида паст мебошад ().
9. Комиссияҳои мактабӣ дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шӯроҳои маҳаллаҳо ва идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (дар шаҳрҳо) ва шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва дар асоси шартҳои муқаррарнамудаи банди 5 ҳамин Низомнома рӯйхати оилаҳои (на зиёда аз 15 фоиз) хонандагони синфҳои 1 ва 9-ро тартиб медиҳанд аз рӯи Ш-1 (замима мегардад), ки баъдаи барои тасдиқ ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод мегардад.
10. Кӯмакпулӣ ба хонандагони синфҳои 1 ва 9-и оилаҳои камбизоат, ки дар мактаб таҳсил мекунанд ё аз сабаби ниёзмандӣ ба мактаб намераванд, дар асоси рӯйхатҳо бо назардошти шартҳои муқарраршуда аз тарафи комиссияи мактабӣ, баъди мувофиқа бо мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, шӯроҳои маҳаллаҳо, идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (дар шаҳрҳо) таъин карда мешавад.
11. Пардохти кӯмакпулӣ ҳар сол 15 фоизи хонандагони мактабҳои маълумоти умумиро (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) дарбар мегирад, ки ба ҳар як нафари онҳо ҳар нимсола ба андозаи 20 (бист) сомонӣ пардохта мешавад ().
12. Пардохти кӯмакпулии хонандагони ниёзманди ноҳия (шаҳр) набояд зиёда аз 15 фоизи теъдоди умумии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро (хонандагони синфҳои 1 ва 9) дар бар гирад.
13. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, инчунин мактаб-интернатҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва дигар муассисаҳои таълимие, ки хонандагони онҳо дар таъминоти давлатӣ қарор доранд, ба ин гурӯҳ шомил шуда наметавонанд ва бо кӯмакпулӣ фаро гирифта намешаванд.
14. Аз ҳар як оилаи камбизоате, ки зиёда аз 5 нафар хонанда дорад, барои гирифтани кӯмакпулӣ на зиёда аз 3 нафар хонандагон ҳуқуқ доранд.
15. Кӯмакпулӣ дар ибтидои ҳар нимсола мувофиқи варақаҳои марбутаи тасдиқнамудаи комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пардохта мешавад.
16. Варақаҳои пардохти кӯмакпулӣ дар ду нусха тартиб дода шуда, пас аз пардохти кӯмакпулӣ комиссияи мактабӣ то санаи 20-уми моҳи дуюми нимсола як нусхаи варақаро ба мақомоти молия месупорад ва нусхаи дигари он дар мактаб маҳфуз мемонад.
17. Барои аз муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" (минбаъд "Амонатбонк") гирифтан ва пардохт намудани кӯмакпулӣ, комиссияи мактабӣ як аъзои комиссияро ваколатдор менамояд.
18. Мақомоти молияи ноҳия (шаҳр) дар асоси дархости комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз рӯи Ш-2 (замима мегардад) мувофиқи ваколатномаи мактаб ба намояндаи ваколатдори комиссияи мактабӣ барои аз "Амонатбонк" гирифтани пули нақд чек менависад.
19. Агар кӯмакпулӣ бо гуноҳи мақомоти ваколатдор саривақт пардохта нашавад, барои давраи напардохташуда он бе ягон маҳдудият пардохта мешавад.
20. Пардохти кӯмакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳое, ки ба ин мақсад дар буҷетҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад ва аз тарафи мақомоти молия мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
21. Ба дурустии таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо комиссияҳои мактабӣ масъул ва ҷавобгар мебошанд.
22. Раисони комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва мактабӣ барои дуруст муайян кардани 15 фоизи хонандагони ниёзманд ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳо масъулияти шахсӣ доранд.
III. Вазифаҳои комиссияҳои мактабӣ
23. Вазифаҳои асосии комиссияҳои мактабӣ аз инҳо иборатанд:
- ҷамъоварии маълумот оид ба хонандагони синфҳои 1 ва 9 мактаби дар маҳалбуда;
- муайян кардани теъдоди кӯдаконе, ки ба мактаб намераванд ва сабабҳои он;
- дар асоси шартҳои муқарраршуда дар мувофиқа ё дар якҷоягӣ бо мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, шӯрои маҳаллаҳо ва идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (дар шаҳрҳо) тартиб додани рӯйхати хонандагон аз оилаҳои камбизоат (минбаъд хонандагони ниёзманд) ва барои тасдиқ ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод намудани он (аз рӯи Ш-1);
- бо назардошти тағйир ёфтани вазъи иҷтимоӣ ва ё маҳали истиқомат, ҳар нимсола аз нав тартиб додани рӯйхати хонандагоне, ки ба онҳо кӯмакпулӣ таъин шудааст;
- мувофиқи руйхатҳои тасдиқшуда тартиб додани варақаҳои пардохти кӯмакпулӣ дар ду нусха;
- дар охири ҳар нимсола оид ба таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо тартиб додани ҳисобот (аз рӯи Ш-1) ва бо тасдиқи Раиси комиссия ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод намудани он;
- комиссияҳои мактабӣ дар асоси шартҳои интихоби хонандагони ниёзманд, вазъи иҷтимоии оилавӣ, истифодаи мақсадноки кӯмакпулиҳоро ба таври мунтазам мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
IV. Вазифаҳои комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)
24. Вазифаҳои комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз инҳо иборатанд:
- тасдиқи рӯйхати хонандагони ниёзманди мактабҳои ноҳия (шаҳр), ки ба онҳо кӯмакпулӣ таъин карда шудааст (дар алоҳидагӣ);
- роҷеъ ба таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо (аз рӯи Ш-1) ҷамъбаст намудани ҳисоботи комиссияҳои мактабӣ ва дар охири ҳар нимсола тартиб додани ҳисоботи умумӣ ва ба мақомоти молияи ноҳия (шаҳр) пешниҳод намудани он (аз рӯи Ш-2);
- пеш аз нимсола барои маблағгузории пардохти кӯмакпулиҳо аз рӯи талаботи ҳар як мактаб ба мақомоти молия пешниҳод намудани дархост (аз рӯи Ш-2);
- бо ҷамъбасти ҳар нимсола доир ба таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот аз рӯи Ш-3 (замима мегардад) ;
- дар як сол на кам аз ду маротиба мавриди санҷиш қарор додани фаъолияти комиссияҳои мактабӣ ва тартиб додани санади санҷиш оид ба асоснок ва пардохти пурраю саривақтии кӯмакпулиҳо ба хонандагон;
- баррасии арзу шикоятҳои волидайни хонандагон барои андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли онҳо.
V. Шартҳои муайянкунии ниёзмандон
25. Кӯмакпулӣ ба хонандагони ниёзманд дар асоси аризаи волидайни хонандагон таъин карда мешавад (шакли ариза замима мегардад).
VI. Тартиби пардохти кӯмакпулиҳо
26. Мақомоти молияи ноҳия (шаҳр) маблағҳои барои пардохти кӯмакпулӣ воридшударо тибқи тартиби муқарраргардидаи ҳисобдорӣ ба расмият медароранд.
27. Пардохти кӯмакпулиҳо тавассути ведомостҳои алоҳида сурат гирифта, истифодаи онҳо ба дигар мақсадҳо қатъиян манъ аст.
Замима
ба Қоидаҳои таъин ва пардохти
кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки
кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти
умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Ариза
Ному насаб ______________________________________________________
Рақами шиноснома, таърих ва аз тарафи кадом мақомот дода шудааст
_________________________________________________________________

Дар баробари ариза хоҳиш менамоям, ки оилаамро ҳамчун оилаи камбизоат эътироф карда, кӯдакони маро ба рӯйхати эҳтиёҷмандони кӯмакпулии мактаббачаҳо дохил намуда, кӯмакпулиро ба таври нақдӣ пардохт намоед.
Дар асоси аризаи пешниҳодшуда маълум менамоям, ки ҳайати оилаам аз ____ нафар иборат буда, даромади умумии мо дар 12 моҳи охир ба таври зайл аст:
+---+-----------------Т--------------------+-------------+---Т-------ҷ
| № | Номгӯи даромадҳо ва манбаи он | Андозаи | Ҳаҷми |
|т/т| | даромад дар | солонаи |
| | | як моҳ | даромад |
+---+-------Т----------Т-------------------+-------------+-----------+
| 1 |- маблағи музди меҳнат, аз ҷумла | | |
| |пардохтҳои ҷанбаи ҷубронпулӣ ё | | |
| Жҳавасмандкунӣ дошта, ки дар низоми | | |
| |музди меҳнат пешбинӣ шуда ва аз рӯи | | |
| |натиҷаҳои кори моҳона пардохт карда | | |
| |мешаванд. | | |
+---+-------Т--------------Т---------------+-------------+-----------+
| 2 |- маблағи пардохти корҳои мавсимию | | |
| |муваққатӣ ва дигар намудҳои корҳо, | | |
| |ки дар асоси шартномаҳои меҳнатии | | |
| |мӯҳлатнок иҷро карда мешаванд, | | |
| |даромадҳо аз иҷрои шартномаҳои | | |
| |характери шаҳрвандию ҳуқуқидошта, | | |
| Жҳамчунин даромадҳо аз фаъолияти | | |
| |соҳибкорӣ, аз худишғол ва фаъолияти | | |
| |инфиродии меҳнатӣ. | | |
+---+---------Т------Р------------Т--------+-------------+-----------+
| 3 |- даромадҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ | | |
| |(фермерӣ), бо дарназардошти андозаҳои | | |
| |дар созишнома ё шартномаҳои дахлдори | | |
| |хоҷагӣ басташуда, ки дар натиҷаи | | |
| |истифодаи маҳсулоти хоҷагиҳо (фурӯши | | |
| Жҳосил) ба даст омадаанд. | | |
+---+---------Т----------------------------+-------------+-----------+
| 4 |- даромадҳои софе, ки аз фурӯши | | |
| |маҳсулот ё ҳосили хоҷагии шахсии | | |
| |ёрирасон ва наздиҳавлигӣ ба даст | | |
| |омадаанд. | | |
+---+-------Т---------Т--Т-----------------+-------------+-----------+
| 5 |- маблағи даромадҳо ҳангоми ба иҷора | | |
| |додани (кирояи) амволи ғайри манқул | | |
| |(хона, ҳавлӣ, автомашина ва монанди | | |
| |инҳо) ва дигар моликияти шахсӣ. | | |
+---+-----------Т---------Т-------Р----Т---+-------------+-----------+
| 6 |- стипендияҳо, нафақаҳо, кӯмакпулиҳо | | |
| |(ба ғайр аз кӯмакпулии яквақта), | | |
| |маблағи алиментҳо ва подош барои | | |
| |кашфиёту ихтироот. | | |
+---+-------ТТ-----------------------------+-------------+-----------+
| 7 |- маблағҳои интиқолнамудаи аъзои | | |
| |оилае, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ | | |
| |мебошад. | | |
+---+-------------Т------------------------+-------------+-----------+
| 8 |- дигар намудҳои даромад | | |
+---+--Т-----------------------------------+-------------+-----------+
| | Ҷамъ: | | |
+---+--------------------------------------+-------------+-----------+
Эзоҳ: Ҳайати оилаи аризадиҳанда бо маълумотномаи дахлдори ҷамоат, шӯрои маҳалла ё мақомоти манзилию коммуналӣ тасдиқ карда шуда, ба ариза замима мегардад.
Сарвари оила (шаҳрванд) _________________ имзо
Нишонии ҷои истиқомат:
________________________________________________________________

"___"__________ соли 200__
Комиссияи мактабии _____________________________________________
дар асоси ҳамин ариза оилаи ____________________________________
(ному насаб)
ба рӯйхати эҳтиёҷмандони ___________ дохил намуда,
фарзандони онҳоро, ки дар ҳамин мактаб таҳсил менамоянд:
1. _________________
2. _________________
3. _________________
барои пардохти кӯмакпулӣ тавсия мекунад.
Раиси комиссия _______________________
(имзо, мӯҳри мактаб)
Аъзои комиссия _______________________
(ному насаб, имзо)
_______________________
(ному насаб, имзо)
_______________________
(ному насаб, имзо)
_______________________
(ному насаб, имзо)
_______________________
(ному насаб, имзо)
_______________________
(ному насаб, имзо)
Эзоҳ: Раиси комиссияи мактабӣ ва аъзои комиссия барои дурустии ариза-эъломия масъулияти шахсӣ доранд.
Замима
ба Қоидаҳои пардохти кӯмакпулӣ
ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон
дар мактабҳои таҳсилоти умумии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Шакли № 1:
ҳар нимсола аз тарафи комиссияи мактабӣ пур карда шуда, ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод карда мешавад.
+-----+----+-----+-------+------------------------------------+------ҷ /Насаб/Соли/Хо- /Шумораи/ Ҳолати махсуси кӯдак /Эзоҳ /
/ва /та- /нан- /умумии +-----+-----+------+-----+-----+-----+ / /номи /вал-/даи /аъзоёни/Бепа-/Воли-/Оила- /Оила-/Саро-/Оила-/ / /ниёз-/луд /синф-/оила,ки/рас- /дайни/ҳои /ҳои /бони /ҳои / / /манд / /ҳои /дарома-/тор /маъюб/калон /бо як/бекор/кам- / / / / /(1-9)/ди дои-/ / /(5 ва /воли-/ /би- / / / / / /мии / / /зиёда /дайн / /зоат / / / / / /нақдӣ ё/ / /фар- / / / / / / / / /ин, ки / / /занд) / / / / / / / / /нафақа / / / / / / / / / / / /доранд / / / / / / / /
+-----+----+-----+-------+-----+-----+------+-----+-----+-----+------+

+-----+----+-----+-------+-----+-----+------+-----+-----+-----+------+ +-----+----+-----+-------+-----+-----+------+-----+-----+-----+------+
+-----+----+-----+-------+-----+-----+------+-----+-----+-----+------+ /Ҳама / / / / / / / / / / / /гӣ / / / / / / / / / / /

Имзои аъзои комиссия: Раиси комиссия __________________
Котиби комиссия __________________
Хазинадори комиссия __________________
Аъзоёни комиссия __________________
Замима
ба Қоидаҳои пардохти кӯмакпулӣ
ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон
дар мактабҳои таҳсилоти умумии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Шакли № 2.
Ҷадвали ҷамъбастии маълумоти бо формаи № 1 пешниҳоднамудаи мактабҳо (барои нимсолаи ____ соли 200_)
Ноҳия ______ Раиси комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)______ таърих _____
+------+-------+-------+-----+---------------------------------------ҷ / № /Шумораи/Шумораи/Маб- / Шумораи хонандагоне,ки кӯмакпулӣ / /мактаб/умумии /хонан- /лағи / мегирад (бо гуруҳҳо) /
/ /хонан- /дагоне,/уму- +------+-----+-------+-----+-----+------+ / /дагон /ки /мии /Бепа- /Воли-/Оилаҳои/Оила-/Саро-/Оила- / / / /ҳуқуқи /тақ- /растор/дайни/калон /ҳои /бони /ҳои / / / /гириф- /сим- / /маъюб/(5 ва /бо як/бекор/камби-/ / / /тани /ша- / / /зиёда /воли-/ /зоат / / / /кӯмак- /ванда/ / /фарзанд/дайн / / / / / /пулиро / / / / / / / / / / /доранд / / / / / / / /
+------+-------+-------+-----+------+-----+-------+-----+-----+------+

+------+-------+-------+-----+------+-----+-------+-----+-----+------+ /Ҳамагӣ/ / / / / / / / / /

Аъзои комиссия: Раиси комиссия __________________
Котиби комиссия __________________
Хазинадори комиссия __________________
Аъзоёни комиссия __________________
Замима
ба Қоидаҳои пардохти кӯмакпулӣ
ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон
дар мактабҳои таҳсилоти умумии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Шакли № 3
Маълумот роҷеъ ба ҳолати пардохти кӯмакпулӣ Дар нимсолаи _____________ соли _____
Ноҳияи ____________ "____" _______________ соли
+-----+-------+------+------------------------------------+----+-----ҷ / № /Шумораи/Шумо- /Шумораи хонандагоне, ки кӯмакпулӣ /Маб-/Маб- / /мак- /умумии /раи /мегиранд (бо гуруҳҳо) /лағи/лағи /
/таб /хонан- /хонан-+-----+-----+------+-----+-----+-----+нақ-/пар- / / /дагон /дагоне/Бепа-/Воли-/Оила- /Оила-/Саро-/Оила-/шавӣ/дох- / / / /ки /рас- /дайни/хои /хои /бони /хои / /та- / / / /ҳуқуқи/тор /маъюб/калон /бо як/бекор/кам- / /шуда / / / /гириф-/ / /(5 ва /воли-/ /бизо-/ / / / / /тани / / /зиёда /дайн / /ат / / / / / /кӯмак-/ / /фар- / / / / / / / / /пулиро/ / /занд) / / / / / / / / /доранд/ / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / / /
+-----+-------+------+-----+-----+------+-----+-----+-----+----+-----+

/Ҳамаг/ / / / / / / / / / /