Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд"

Санаи амалкуни: 02.02.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 92)

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ба раванди таълим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ба андозаи 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шуда, пардохти он дар як сол ду маротиба анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 92).

2. Қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии кӯмакпулиро барои хонандагон тавассути сохторҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷетҳои маҳаллии дахлдор барои ин мақсадҳо пешбинӣ гардидаанд, таъмин намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 585 "Дар бораи пардохти кӯмакпулиҳо (ҷубронпулиҳо) ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд", аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 244

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ба раванди таълим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ба андозаи як маоши ҳадди ақал муқаррар карда шуда, пардохти он дар як сол ду маротиба анҷом дода шавад.