Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007 аз 14 апрели соли 2007, № 199

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели соли 2007 № 199

тасдиқ шудааст

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007

1. Муқаррароти умумӣ

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007 (минбаъд - Барнома) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст ва дар ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ карда мешавад.

Барнома барои соли 2007 дорои хусусияти таҷрибавӣ буда, дар ноҳияҳои зайл татбиқ мегардад: ноҳияи Рашт ва шаҳри Турсунзодаи тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд.

Барнома намуд, хаҷм ва шартҳои фароҳам овардани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои зикргардида ройгон ва тибқи шартҳои ҳампардохт (ҳамиштироки аҳолӣ), мутобиқи хаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияҳо барои соли 2007 аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдорро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Барномаи мазкур гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморонро, ки дар замимаи № 1 ба сифати категорияҳои имтиёзнок барои гирифтани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ тибқи шартҳои муайяннамудаи ҳамин Барнома ёдовар шудаанд, муайян менамояд.

Барнома метавонад аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, тавсеа дода шавад.

Шарти асосии фароҳам овардани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ва ҳампардохт (минбаъд - имтиёзнок) ба аҳолии ноҳияҳои зикргардида дар асоси Барнома роҳхати духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист, хулосаи комиссияи духтурию назоратӣ мебошад.

Кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба шахсони дорои имтиёз (номгӯи 1, замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзоти иҷтимоӣ мутобиқ ба замимаи № 2 барномаи мазкур фароҳам оварда мешавад.

Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (РВАД) анҷом дода мешавад.

2. Намудҳои кӯмаки тиббию санитарӣ

Барнома намудҳои зайли кӯмаки тиббию санитариро дар бар мегирад:

- кӯмаки оҷил ва бетаъхири тиббӣ;

- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити амбулаторӣ;

- таъмин бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити амбулаторӣ;

- кӯмаки тиббӣ дар статсионарҳо;

- кӯмаки стоматологӣ;

- чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ.

2.1. Кӯмаки оҷил ва бетаъхири тиббӣ

Кӯмаки оҷил ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ва ё ашхоси атрофи ои таҳдид мекунад ва ба бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, заҳмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва зоиш алоқаманд мебошанд, ройгон фароҳам оварда мешавад.

2.2. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар доираи он навъ ва ҳаҷмҳои зайли хизматрасонӣ ройгон анҷом дода мешавад:

2.2.1. Профилактика:

- машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;

- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои профилактикӣ;

- машварати пинҳонӣ (анонимӣ) оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), синдроми норасоии масуният (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбанд;

- назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5;

- муоинаи профилактикии давравии мактаббачагон;

- назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии лабораторӣ ва инструменталии таҳқиқ (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи Барнома барои дастрасии кӯмаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд);

- гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ оид ба камхунии норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон;

дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва танзими оила.

2.2.2. Ташхис:

а) азназаргузаронии бемор;

б) ташхиси заминавии лабораторӣ ва диагностикӣ:

- ташхиси умумии хуни гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои 1 ва II замимаи №1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси хун вобаста ба вараҷа (малярия);

- ташхиси умумии хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмиссӣ (сирояте, ки тавассути хун интиқол меёбад);

- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои 1 ва II замимаи № 1 Барнома зикр гардидаанд;

- микроскопияи андудаи уретралӣ ва вагиналии занони ҳомила;

- ташхиси балғам (микроскопия);

- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб вобаста ба зарурат;

- электрокардиография вобаста ба зарурат;

2.2.3. Муолиҷа:

- расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;

- шикастабандӣ (иммобилизатсия);

- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили рагҳои варид, дохили мушак ва зери пӯст);

- амалиёти (хизматрасониҳои) тиббӣ (физиотеропия, массаж, дренажи ковокии плевралӣ, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, катетеризатсияи рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани флегмонҳо, варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароитҳои амбулаторӣ ва ғайра ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯйҳои I ва II замимаи №1 Барнома зикр гардидаанд.

2.2.4. Кӯмаки тиббию санитарӣ ба шахсони ба хизмати ҳарбӣ даьватшаванда

Шаҳодатдиҳии тиббии шахсони ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъватшаванда, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ бо роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ дар мавриди маблағгузории иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври ройгон фароҳам оварда мешавад.

2.3. Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ

Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ, аз ҷумла ташхиси лабораторию диагностикӣ аз ҷониби марказҳои тандурустӣ ва дигар муассисаҳои ғайрибистарикунонӣ ба шаҳрвандоне, ки дар Номгӯйҳои 1 ва II замимаи №1 Барнома зикр гардидаанд (вобаста ба бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ройгон расонида мешавад.

Ба дигар шахсоне, ки ба имтиёз ҳуқуқ надоранд, ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ азназаргузаронии беморон, таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намуди муолиҷа ройгон анҷом дода мешавад. Ба чунин ашхос ҳангоми мавҷудияти роҳхат дигар намуд ва ҳаҷми кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ дар асоси ҳампардохт анҷом дода мешавад.

Ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои зикргардида мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароитҳо барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи ташхисҳои лабораторӣ ва диагностикӣ машваратҳои зарурӣ ва намудҳои гуногуни ташхис метавонад дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шавад ва ҳисоби байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад.

Шаҳрвандоне, ки аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат надоранд, арзиши кӯмаки махсусгардонидашуда, аз ҷумла арзиши ташхиси диагностикию лабораториро мутобиқи Нархнома барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, мепардозанд.

2.4. Таъмин бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар сатҳи амбулаторӣ

Таъминоти шаҳрвандони ноҳияҳои таҷрибавӣ бо доруворӣ ва ваксинаҳо тибқи Барнома дар асоси Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:

2.4.1. Расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ

Ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ ройгон фароҳам оварда мешавад.

2.4.2. Тадбирҳои лабораторию диагностикӣ

Ҳангоми расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббие, ки барои андешидани чорабиниҳои лабораторию диагностикӣ заруранд, барои аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо тибқи Барнома (замимаи № 1) фароҳам оварда мешавад.

2.4.3. Таъминот бо доруворӣ

Муроҷиин, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд бо доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯйи 1 замимаи № 1 Барнома зикр гардидаанд, дар тӯли як сол як маротиба ройгон ё тибқи шароитҳои имтиёзнок дар доираи маблағе, ки аз андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал зиёд намебошад, вобаста ба бемориҳои асосӣ бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд.

Муроҷиин мутобиқи Номгӯйи II замимаи № 1 Барнома ҳангоми беморӣ бо воситаҳои доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва кӯмаки башардӯстона ва дар ҳаҷми дар ҷадвали 1 зикргардида ройгон таъмин карда мешаванд:

Ҷадвали 1

Таъминот бо доруворӣ мутобиқи Барнома

+---------------------+--------------------------+--------------------
| Номгӯи бемориҳо     |Номгӯи доруворӣ ва ашёи   |     Микдор        |
|                     |    таъиноти тиббӣ        | (барои 1 бемор    |
|                     |                          |   дар як сол )    |
+---------------------+--------------------------+-------------------+
|Диабети қанд вобаста |                          |Мутобиқи протокол ё|
|ба инсулин           |  Инсулин, сузандору      |нақшаи муолиҷа     |
+---------------------+--------------------------+------------ ------+
|Диабети қанд, ки ба  |                          |                   |
|инсулин вобаста      |  Глибенкламид 5 мг, №120 |То 5 баст (600 ҳаб)|
|намебошад            |                          |                   |
+-------- ------------+--------------------------+-------------------+
|Диабети ғайриқандӣ   |  Десмопрессин 5мл        |То 20 флакон       |
+-------- -------- ---+--------------------------+-------------------+
|Бемории сил          |  Тибқи Барномаи ДОТС     |Мутобиқи нақшаи    |
|                     |                          |стандартии муолиҷа |
+---------------------+--------------------------+------- -------- --+
|                     |  Галоперидол 5 мг, №50   |то 420 ҳаб         |
|                     |                          |                   |
|Маҷзубият            |  Тригексифенидил 2мг,    |то 360 ҳаб         |
|(Шизофрения)         |                          |                   |
|                     |  Клозапин 25 мг,         |то 360 ҳаб         |
|                     |                          |                   |
|                     |  Ё Аминазин 50 мг        |то 180 ҳаб         |

|                     |  Бензилпенитсиллин       |                   |
|                     |  150 ҳаз                 |                   |
|                     |  воҳид/кг                |                   |
|Оташаки модарзодй    |  Ҳар 4 соат 14 рӯз       |14 фл              |
|                     |  Прокаин-пенитсиллин     |                   |
|                     |  50 ҳаз воҳид/кг         |                   |
|                     |  1 маротиба 14 рӯз       |14 фл              |
+---------------------+-----------------Р--------+-------------------+
|Беморони мубталои    |  Дар доираи Фоқди        |                   |
|сирояти ВИЧ ва СПИД  |  Глобалии мубориза       |                   |
|                     |  алайҳи СПИД             |Тибки протокол     |
+---------------- ----+--------------------------+-------------------+
|Диарея ва бемориҳои  |  Мутоби*и Барномаи       |                   |
|шадиди сироятяи      |  Ҳамгироишудаи бемориҳои |Мутобики протокол  |
|респираторӣ          |  синну соли Ҷдаки дар    |                   |
|                     |  кӯдакони то 5 сола      |                   |

Воситаҳои дорувории дар боло зикргардида метавонад мутобиқи ретсепте, ки аз ҷониби духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ дода шудааст ё дар доираи барномаҳои дахлдоре, ки донорҳо дастгирӣ мекунанд, ройгон фароҳам оварда мешавад.

2.5. Иммунопрофилактика

Иммунопрофилактика аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва кӯмаки башардӯстона анҷом дода мешавад:

- иммунопрофилактикаи кӯдакон бо ваксина дар доираи барномаи васеи эмкунӣ, мутобиқи тақвими эмкуниҳои профилактикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва кӯмаки башардӯстона ройгон анҷом дода мешавад.

2.6. Кӯмаки статсионарӣ

2.6.1. Кӯмаки фаврии статсионарӣ

Ба ҳамаи сокинони ноҳияҳои таҷрибавӣ, ки ба статсионарҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд ва дар ин ноҳияҳо барномаи мазкур татбиқ мегардад, кӯмаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ройгон фароҳам оварда мешавад.

Баъди расонидани кӯмаки фаврӣ, аз ҷумла дахолати фаврӣ, ба субот омадани нишондиҳандаҳои гемодинамикӣ ва нафаскашӣ беморон тибқи шартҳои фароҳам овардани кӯмаки нақшавии статсионарӣ ба мисли онҳое, ки роҳхат доранд, таҳти хизматрасонӣ қарор мегиранд ё барои муолиҷа дар шароитҳои амбулаторӣ гузаронида мешаванд.

2.6.2. Кӯмаки нақшавии статсионарӣ

Кӯмаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба шаҳрвандоне, ки дар Номгӯйи 1 замимаи № 1 Барнома зикр гардидаанд вобаста ба бемориҳои асосӣ ва ба муроҷиине, ки дар Номгӯйи II замимаи №1 Барнома зикр гардидаанд, ройгон расонида мешавад.

Дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 Замимаи № 1 оид ба бемориҳои асосӣ зикр нагардидаанд ва муроҷиине, ки дар Номгӯйи II замимаи №1 Барнома номбар нашудаанд, вале аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат доранд, мутобиқи усули ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт) таҳти хизматрасонӣ қарор мегиранд. Ҳаҷми ҳампардохт тибқи Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои соли 2007 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян мегардад.

Шахсоне, ки аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат надоранд, арзиши хизматрасонии тиббиро дар асоси Нархномаи ягонаи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида мепардозанд.

Дар мавриди мавҷуд будани зарурат барои бистари гардонидан, бемор қаблан дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешавад.

2.6.3. Кӯмак дар мавриди таваллуд

Ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд, кӯмаки статсионарии вобаста ба зоиш ба таври ройгон фароҳам оварда мешавад. Дар мавридҳои дигар расонидани кӯмаки тиббии статсионарӣ мувофиқи банди 3.4.3-и Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои соли 2007 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад, сурат мегирад.

2.6.4. Таъминот бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи статсионарӣ

Таъминоти муроҷиин бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи статсионарӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо тибқи Барнома аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, ҳампардохт ва кӯмаки башардӯстона анҷом дода мешавад.

Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва ҳампардохти аҳолӣ, бо риояи қонунгузорӣ оид ба хариди давлатӣ, ба даст меоранд.

Хариди доруворие, ки ба рӯйхати РАВД дохил нашудаанд, мутобиқи рӯйхати иловагие, ки муассисаи тандурустӣ муайян менамояд, иҷозат дода мешавад.

Дар сурате, ки агар хароҷоти воқеӣ барои бо доруворӣ таъмин намудани муроҷиин аз арзиши ҳисоби миёнаи муолиҷа барои ҳар ҳолати муолиҷа баландтар бошад, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳисоби маблағи муроҷиин пардохт намудани хароҷоти иловагӣ барои хариди доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда, сарфи назар аз ҳуқуқи ӯ ба имтиёз, қарор қабул кунад.

2.7. Кӯмаки стоматологӣ

Намудҳои зайли кӯмаки стоматологӣ ройгон фароҳам оварда мешаванд:

- азназаргузаронии профилактикии даҳони кӯдакон ду маротиба дар як сол ва занони ҳомила;

- кӯмаки стоматологии оҷилӣ;

- санатсияи даҳон барои кӯдакони аз 2 то 7 сола, заноне, ки вобаста ба ҳомиладорӣ ба қайд гирифта шудаанд;

- кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ дар асоси музднок, мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббие, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, расонида мешавад.

2.8. Чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои станитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

3. Мониторинг ва арзёбии татбиқи Барнома

Мониторинги татбиқи Барнома дар асоси индикаторҳое, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, аз ҷумла тавассути тадқиқот анҷом дода мешавад.

Замимаи № 1

Ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ

оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои

таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли

2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели 2007с, № 199 тасдиқ шудааст

Номгӯи I Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

- Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

- Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ;

- Ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;

- Шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробон мондаи онҳо;

- Маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;

- Гурӯҳҳои I ва П-и маъюбон аз даврони кӯдакӣ;

- Кӯдакони маъюби синнашон то 16 сола;

- Кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаи кӯдакони оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки бепарастории волидайн мондаанд;

- Кӯдакони синнашон то 1 сола;

- Маъюбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;

- Нафақахӯрони синни 80 ва болотар аз он;

- Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд;

Номгӯи II Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондоди тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):

- Беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар моҳи аввал);

- беморони мубталои сил (дар доираи дурнамои ДОТС);

- беморони саратон дар стадияи терминалӣ;

- беморони мубталои маҷзубият (шизофрения);

- беморони мубталои диабети қанд;

- беморони мубталои диабети ғайриқандӣ;

- беморони мубталои гемофилия;

- беморони мубталои оташаки модарзод;

- беморони мубталои махав;

- шахсони мубталои сирояти ВИЧ ва беморони СПИД (дар доираи Фонди глобалии мубориза алайҳи СПИД);

- беморони мубталои вараҷа (дар доираи Фонди глобалии мубориза алайҳи вараҷа);

- шахсони ба беморон робита дошта, имконпазирии мубталоии бемории ҳорӣ доранд (вобаста ба нишондодҳо);

- беморони мубталои менингити менингококкӣ;

- беморони мубталои гулӯзиндонак (дифтерия);

- сирояти шадиди роҳҳои нафас ва дарунрав (диарея)-и кӯдакони синни то 5 сола;

- заноне, ки вобаста ба ҳомиладорӣ ҷиҳати хизматрасонӣ дар сатҳи амбулаторӣ ба қайд гирифта шудаанд, мутобиқи банди 2.2. ва дар сатҳи статсионарӣ мутобиқи банди 2.6.3 ҳамин Барнома;

Эзоҳ: дар сурати хурӯҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳо Фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби ҳамин Фонд расонида мешавад.

Замимаи № 2

Ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ

оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ

барои соли 2007, ки бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели 2007с. № 199

тасдиқ шудааст

Номгӯи хуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи гурӯҳи шаҳрвандонро дар Номгӯйи 1-и Замимаи 1-и Барномаи зикргардида ба имтиёзи ройгон гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ тасдиқ менамоянд

+--+------------------------+-----------Т-----Т----------------------ҷ
|  |  Гурӯҳҳои аҳолӣ        |           Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи     |
|  |                        |               ҳуқуқ ва имтиёзҳо        |
+--+------------------------+----------------------------------------+
|1 |Иштирокчиён ва маъюбони |Шаҳодатномаи иштирокчӣ ё                |
|  |Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва |маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ,            |
|  |шахсони ба онҳо         |шаҳодатномаи нафақа                     |
|  |баробаркардашуда        |                                        |
+--+--Т---------Т--Т--------+---------------Т------------------------+
|2 ЖҚаҳрамонони Ҷумҳурии    |Шаходатномаи Қаҳрамонони                |
|  |Тоҷикистон,  Иттиҳоди   |Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди           |
|  |Шӯравӣ, меҳнати         |Шӯравӣ  ва се дараҷаи  Ордени           |
|  |сотсиалистӣ ва шахсоне, |Шараф                                   |
|  |ки бо се дараҷаи Ордени |                                        |
|  |Шараф мукофотонида      |                                        |
|  |шудаанд                 |                                        |
+--+Т-----------------------+--Т-------------------------------------+
|3 |Ҷанговарони             |Шаҳодатномаи ҷанговари                  |
|  |интернатсионалист,      |интернатсионалист, собиқадори           |
|  |собиқадорони амалиёти   |амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар         |
|  |ҷангӣ дар ҳудуди дигар  |давлатҳо, шаҳодатномаи нафақа           |
|  |давлатҳо                |                                        |
+--+------------------------+--Т-------------------------------------+
|4 |Шахсоне, ки дар натиҷаи |Шаҳодатномаи иштирокчӣ ё                |
|  |садамаи нерӯгоҳи атомии |маъюби  барҳам додани  садама           |
|  |Чернобил зарар дидаанд  |дар нерӯгоҳи атомии Чернобил,           |
|  |                        |шаҳодатномаи нафақа                     |
+--+-------------Т----------+--Т-------------------------------------+
|5 |Маъюбоне, ки ҳангоми    |Шаҳодатномаи маъюби хизмати             |
|  |адои хизмати ҳарбӣ      Жҳарбӣ, шаҳодатномаи нафақа              |
|  |захмӣ шудаанд ё осеб    |                                        |
|  |бардоштаанд             |                                        |

|6 |Маъюбон аз кӯдакӣ,      |Шаҳодатномаи маъюбӣ ва                  |
|  |гурӯҳҳои I ва II        |нафақагирӣ                              |
+--+---Р--------------------+--Т------Р------------------------------+
|7 |Кӯдакони маъюби то синни|Шаҳодатномаи маъюбӣ,                    |
|  |16                      |шаҳодатномаи таваллуд                   |

|8 |Кӯдакони ятим, ки дар   |Роҳхати Хонаи давлатии                  |
|  |хонаи давлатии кӯдакон, |кӯдакон, Хонаи кӯдакони оилавӣ          |
|  |хонаи кӯдакони оилавӣ   |(оилаҳои қабулнамуда),                  |
|  |(оилаҳои қабулнамуда),  |Интернатҳо барои кӯдакони ятим          |
|  |интернатҳо барои        |                                        |
|  |кӯдакони ятим қарор     |                                        |
|  |доранд, кӯдаконе, ки бе |                                        |
|  |парастории падару модар |                                        |
|  |мондаанд                |                                        |

|9 |Кӯдакони синнашон то 1  |Шаҳодатномаи таваллуд                   |
|  |сола                    |                                        |
+--+-------------ТТ---------+--Т----------------------ТТ-------------+
|10|Маъюбони гурӯҳҳои 1 ва  |Шаҳодатномаи маъюбии гурӯҳҳои           |
|  |II дар натиҷаи          |I ва II дар натиҷаи                     |
|  |осеббардории            |осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё |
|  |меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ|бемориҳои умумӣ                         |
|  |ё бемориҳои умумӣ       |                                        |
+--+----------------Р-------+--Т-------------------------------------+
|11|Нафақахӯрони синнашон 80|Шаҳодатномаи нафақа, ва                 |
|  |болотар аз он           |шиноснома                               |
+--+--Т---------------------+--Т---------Т---------------------------+
|12|Шаҳрвандоне, ки дар     |Роҳхати Хонаҳои пиронсолон ва           |
|  |хонаҳои пиронсолон ва   |интернатҳо барои пиронсолон             |
|  |интернатҳо зиндагӣ      |                                        |
|  |мекунанд                |                                        |

Таъмини ройгони гурӯҳҳои шаҳрвандон бо доруворӣ (вобаста ба бемориҳои асосӣ), ки дар Номгӯйи П-и Барномаи кафолатҳои давлатӣ зикр гардидаанд, мутобиқи рӯйхати бемороне, ки дар асоси бақайдгирии диспансерӣ ва ретсепти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии маҳалли зист таҳия гардидааст, анҷом дода мешавад.