Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 86
тасдиқ шудааст
Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010
Рӯйхати ихтисорҳо
БНММ (СПИД) Бемории норасоии муҳассали масъуният (СПИД)
БРСММ Барномаи рушди СММ
ВАО Воситаҳои ахбори омма
ВНМО (ВИЧ) Вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ)
ДДТТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино
ДЗР Доруҳои зидди ретровирусӣ
ИМНТ Истеъмолкунандагони маводи нашъадори тазриқӣ
ИРҶГ Инфексияҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда
КАҶ Кормандони алоқаҳои ҷинсӣ
КМҲ Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД
МавИМ Маводи иттилоотию маърифатӣ
МЗР Муолиҷаи зидди ретровирусӣ
МИМ Маъракаи иттилоотию маърифатӣ
ММД Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
МСИ Маслиҳатгирӣ ва санҷиши ихтиёрӣ
МТП Муассисаҳои тиббию профилактикӣ
МҶМ Мардоне, ки бо мардон алоқаи ҷинсӣ доранд
НЭМ Назорати эпидемиологии муроқибавӣ
РНМНҶ СММ Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ
СиДиСи(СРС) Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо, ШМА
СММ Созмони миллали муттаҳид
ТБМ Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират
ТУТ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ
ТҒХ Ташкилоти ғайриҳукуматӣ
ТҲС Тарзи ҳаёти солим
ФГМССВ Фонди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа
ХҶХ Хизматҳои ҷавонони хайрхоҳ
ШВЗ Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда
ЮНИСЕФ Фонди кӯдакони СММ
ЮНЭЙДС Барномаи якҷояи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД
ЮСАИД Агентии Америкоии оид ба рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ
ҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаддима
Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) таъсири сирояти вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО (ВИЧ)-ро ҳар чӣ бештар эҳсос мешавад. Сарфи назар аз он, ки бемории норасоии муҳассали масъуният (БНММ (СПИД) дар замони ҳозира ба омилҳои асосие, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мерасонанд, дохил намешавад, давлат ва ҷомеа дарк менамоянд, ки вазъият мумкин аст боз коҳиш ёбад.
Дар соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Декларатсияи ӯҳдадориҳои мубориза бо СПИД, ки дар Иҷлосияи 26-уми махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони миллали муттаҳид (СММ) оид ба СПИД қабул гардидааст, ҳамроҳ шуда буд. Дар байни самтҳои муҳимтарини он ташаббускории сиёсӣ, ҳамоҳангсозӣ, равиши бисёрсоҳа бо ҷалб сохтани ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, пешгирикунӣ, дастрасӣ ба муолиҷа, ғамхорӣ ва дастгирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, кам кардани осебпазирӣ, сабук гардонидани оқибатҳои иҷтимоии сироят, муайян карда шудаанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Нақшаи стратегии пешгирии таҳдиди паҳншавии вируси норасоии масъунияти бадан (бемории СПИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" тасдиқ шуда буд. Самтҳои афзалиятноки он кам кардани ба сирояти ВИЧ гирифтор шудани ҷавонон, истеъмолкунандагони маводи нашъадори тазриқӣ (ИМНТ) ва кормандони алоқаҳои ҷинсӣ (КАҶ) муайян карда шудааст.
Бо мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои тақвият бахшидан ба корҳои пешгирикунандаи дахлдор ба амал бароварда шудааст. Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД (КМҲ) бо котиботи доимоамалкунанда таъсис дода шуда, барномаҳои соҳавии мубориза бо СПИД дар Вазоратҳои тандурустӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Бо мақсади татбиқи барномаҳо манбаъҳои Фонди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа (ФГМССВ) ба тарзи иловагӣ ба маблағи 10,6 миллион доллари ШМА, инчунин як қатор ташкилотҳои донорӣ сафарбар гардидааст. Мувофиқи қарорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ стандарту меъёрҳо барои мувофиқ ва мутобиқсозии амалҳои миллии мубориза бо СПИД аз тариқи "се принсипи ягона" -и маъруф, муайян карда шудааст.
Соли 2005 дар Тоҷикистон лоиҳаи "Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2006-2015" таҳия гардид, ки барои ноил гаштан ба Мақсадҳои Рушди ҳазорсола то соли 2015 равона шуда, дар он тадбирҳо оид ба боздоштани паҳншавии ВНМО пешбинӣ ва оғози тамоюли камшавии беморӣ зикр шудааст.
Қонунгузории кишвар аз нав баррасӣ гардид. Соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам ва бемории норасоии муҳасали масъунияти СПИД" қабул карда шудааст, ки риояи ҳуқуқи одамонеро, ки бо ВИЧ зиндагӣ доранд, инчунин ба онҳо пешниҳод кардани ёрии тиббии бепул ва ёрмандии иҷтимоиро кафолат дода, ба амал баровардани маҷмӯи чорабиниҳои пешгирии сирояти ВИЧ - ро дар назар мегирад.
Бо вуҷуди ин эпидемия бо суръати баланд афзоиш меёбад, ки ин моҳи январи соли 2006 боиси мавриди муҳокима қарор додани мавзӯи он дар Машварати миллии оид ба вусъатбахшии дастрасии умумӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии беморони гирифтори ВИЧ/СПИД гардид, ки дар рафти он монеаҳои зерини асосии боздорандаи дастрасии умумӣ, ки ба афзоиши минбаъдаи сироят сабаб шудааст, ошкор карда шуд:
- Маҳдуд будани манбаъҳои молиявӣ;
- Боқӣ мондани доғдоркунӣ ва табъизи шахсони гирифтори ВИЧ ва гурӯҳи аҳолии дорои хатари нисбатан зиёди гирифторшавӣ бо ВИЧ;
- Ҷалби ночиз ва имкониятҳои нокифояи техникии бахши ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ;
- Идоракунии лоиҳаҳо тарзе сурат мегирад, ки ҳангоми татбиқи онҳо на барои расидан ба натиҷаҳои ниҳоии чорабиниҳои анҷом додашаванда, балки ба расидан ба натиҷаҳои фосилавӣ кӯшиш карда мешавад;
- Мавҷуд набудани нишондиҳандаҳое, ки ҳангоми мониторинги тадбирҳои ҷавобӣ истифода мешаванд (дар миқёси миллӣ онҳо танҳо дар соли 2006 таҳия ва тасдиқ карда шудаанд);
- Имкониятҳои нокифояи сохторӣ ва кадрӣ, аз ҷумла барои муолиҷаи зидди ретровирусӣ (МЗР);
- Мавҷуд набудани равиши комплекси ҳангоми ба амал баровардани чорабиниҳои пешгирикунанда, муолиҷавӣ, ғамхорӣ ва дастгирӣ;
- Имкониятҳои заифи моддӣ, ки риоя намудани тадбирҳои универсалии пешгирӣ карданро вобаста бо сирояти ВНМО дар дохили беморхона, таъмин намесозад;
- Истифодаи ғайрикофии усулҳои муосири бақайдгирии беморони инфексияҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда (ИРҶГ);
- Таъсири сахти анъанаҳои фарҳангӣ, ки барои муҳокимаи масъалаҳои ҷинсӣ ва ҳимоя кардан аз сирояти ВИЧ бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ монеъ мегарданд, аз ҷумла нақши сарварии мардон дар ҷомеа, ки боиси осебпазирии махсуси гирифтории занҳо ба сирояти ВИЧ мебошад.
Бо назардошти тавсияҳои Машварати миллӣ оид ба вусъатбахшии дастрасии умумӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии беморони гирифтори ВИЧ/СПИД, мақсаду вазифаҳои стратегияи минбаъда барои вусъат додани амалҳо то соли 2010 ба мувофиқа расонида шудаанд.
Мақсадҳои нақшаи мазкур инҳоянд: боздоштани суръати паҳншавии сирояти ВИЧ бо роҳи таъмин намудани дастрасии умумии аҳолӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ.
Расидан ба мақсад замоне таъмин мегардад, ки агар паҳншавии ВНМО дар байни гурӯҳҳои аҳолии махсусан осебпазир ба монанди ИМНТ, КАҶ, мардоне, ки бо мардон алоқаи ҷинсӣ доранд (МҶМ) дар миқёси умумимиллӣ аз 20%, дар байни занони ҳомила 1% зиёд набошад, маргу мур аз СПИД на бештар аз 20%-ро ташкил диҳад, сифати зиндагии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда (ШВЗ) бо роҳи вусъатбахшии дастрасӣ ба муолиҷа ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ беҳтар карда шавад.
Ҳалли вазифаҳои ин Нақшаи чорабиниҳо бо татбиқи "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015", ки барои ноил шудан ба Мақсадҳои рушди ҳазорсола ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2006-2008 равона гардидааст дар ҳамбастагӣ сурат мегирад. Ҳамчунин усулҳои ҳалли ин вазифаҳо ба вусъатбахшии амалҳо оид ба ноил гардидан ба дастрасии умумӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ асос хоҳанд ёфт, инчунин бо иҷрои барномаҳои миллӣ оид ба тақвияти саломатии ҷавонон, оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мутобиқ гардонида мешавад. Ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои дахлдори бахшҳои гуногун аз тарафи КМҲ ба амал бароварда мешавад, дар ин ҳол мақоми коршиноси миллӣ Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД хоҳад буд.
Ҳар як вазорату идораи манфиатдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар нақшаҳои соҳавию минтақавии мубориза бо сирояти СПИД-ро таҳия сохта тасдиқ менамоянд ё масъалаҳои пешгирии ВНМО/СПИД-ро бо барномаҳои бахшҳо ва нақшаҳои амал ворид карда, барои татбиқ намудани онҳо шахсони масьулро таъин менамоянд ва функсияҳои дахлдорро ҳамчун ӯҳдадории вазифавӣ ба зиммаи онҳо вогузор мекунанд.
1. Баррасии вазъияти бо паҳншавии сирояти ВНМО алоқаманд дар Тоҷикистон
Аз замони тавсифи аввалин ҳолатҳои бемории СПИД дар соли 1981 то имрӯз сирояти ВНМО хислати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Мувофиқи маълумотҳои Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба СПИД (ЮНЭЙДС) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар тамоми ҷаҳон тақрибан 40 миллион нафар бо ВНМО зиндагӣ дорад, ки 90% онҳо дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна мебошанд, дар ҳоле, ки 25 миллион нафар аз СПИД вафот кардааст. Таҷрибаи мушоҳидаҳои эпидемияҳо дар як қатор кишварҳои африкоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки паҳншавии ВНМО дар байни одамони калони синну соли репродуктивӣ дар давоми 20 сол мумкин аст аз камтар аз 1% то 20% ва аз он бештар афзоиш ёфта, бо бӯҳрони мураккаби рушд ҳамроҳ ҷараён гирад.
1.1. Паҳншавӣ ва таркиби сирояти ВИЧ (аз рӯи маълумоти ҳолатҳои ба қайд гирифташуда)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати аввалини сироятёбии ВИЧ дар соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. То 01.05.2006 шумораи умумии ошкоршудаи шахсони гирифтори ВИЧ 544 нафар аст, ки аз ҷумла 460 мард ва 84 зан, аз онҳо 33 нафарашон вафот кардааст, аз ҷумла 9 нафар аз касалии сил. Паҳншавии холатҳои ВИЧ дар кишвар 14,3 нафар ба 100.000 аҳолии аз 15-49 - соларо ташкил медиҳад. Шумораи ШВЗ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо рақамҳои гуногун ифода меёбад, Дар охири соли 2005 басомади аз ҳама зиёди паҳншавии ҳолатҳои сирояти ВИЧ дар шаҳри Душанбе (50,5 бар сари 100.000 аҳолии 15-49 сола) ва ВМКБ (48,7 ба сари 100.000 аҳолии 15-49 сола) ба қайд гирифта шудааст. Зимнан, дар шаҳри Хоруғ он 0,35% -ро дар байни аҳолии 15-49-сола ташкил медиҳад. Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки ҳолатҳои ВИЧ дар бештари минтақаҳои деҳоти кишвар муқаррар карда нашудааст, ки ин эҳтимол дорад далели ошкор нагардидани онҳо бошад, на мавҷуд набудани онҳо. Шумораи ШВЗ дар давоми панҷ соли охир ҳар сол 1,5-3 маротиба афзоиш ёфтааст, ки ин аз рушди босуръати эпидемия (расми 1) шаҳодат медиҳад.
1.2. Арзёбии омилҳои паҳншавии ВИЧ
Дар байни ШВЗ кишвар 70% -ро ИМНТ, 40%-ро муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кори даромаднок ба кишварҳои дигар мераванд, 85% -ро мардон, 42% -шахсони то 29 сола ва 21% - ро шахсони аз озодӣ маҳрум, ташкил медиҳанд.
Дар кишвар 6 ҳолати сирояти ВИЧ дар дохили беморхона ҳангоми хунгузаронӣ муайян карда шудааст. Шумораи ҳолатҳои сирояти ВИЧ аз тариқи узвҳои таносулӣ зиёд мегардад. Таносуби роҳҳои тазриқӣ ва таносулии сирояти ВИЧ дар таркиби ҳолатҳои бори аввал дар соли 2005 ба қайд гирифташуда 4,5:1 (дар муқобили 7,3:1 дар соли 2001)-ро ташкил менамояд. Дар 10 ҳолат аз 16 ҳолати бо ВИЧ сироят шудани занон, ки бори аввал соли 2005 ба қайд гирифта шудаанд, вирус бо роҳҳои таносуллӣ интиқол дода шудааст. Дар 2 соли охир занони ҳомилаи дорои ВИЧ ошкор карда шудааст, ки тамоюл пайдо кардани зиёдшавии роҳҳои интиқоли ВИЧ-ро аз модар ба кӯдак нишон медиҳад;
Расми. 1 Динамикаи рушди шумораи ШВЗ ва суръати афзоиши шумораи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда намешавад
То вақтҳои охир дар Тоҷикистон системаи боэътимоли маслиҳатгирӣ ва санҷиши ихтиёрӣ (МСИ) барои ВИЧ бинобар мушкилоти бартарафнашудаи моддӣ мавҷуд набуд. Ба ҳамин сабаб маълумотҳои бақайдгирии ҳолатҳо бояд барои тавсиф кардани равандҳои тиббию иҷтимоӣ бо хеле эҳтиёткорӣ истифода бурда шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки сироати ВИЧ дар марҳилаҳои аввали инкишоф бе ягон аломати клиникӣ ҷараён меёбад, ки ин мардумро наметавонад водор созад, то ба хадамоти тандурустӣ муроҷиат кунанд. Ба ғайр аз ин, дар байни ШВЗ шумораи одамони аз ҷиҳати иҷтимоӣ мутобиқнашуда зиёданд, ки аз муроҷиат кардан ба муассисаҳои тиббӣ саркашӣ мекунанд. Аз ҳамин рӯ шумораи одамони ба қайд гирифташудаи дорои ВИЧ ҳамеша камтар аз шумораи воқеии онҳо мебошад. Шумораи воқеӣ бошад, танҳо бо ёрии таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (ба ибораи дигар ҳангоми гузаронидани назорати эпидемиологии муроқибавӣ (НЭМ)) бо мутобиқати минбаъдаи маълумотҳои ба даст овардашуда бо маҷмӯӣ умумӣ мумкин аст ба тарзи нисбатан эътимоднок муайян карда шавад.
2. Шарҳи тадбирҳои ҷавобӣ ба паҳншавии ВИЧ/СПИД
Тоҷикистон иҷрои "Нақшаи стратегии пешгирии таҳдиди паҳншавии вируси норасоии масъунияти бадан (бемории СПИД) барои солҳои 2002-2005"-ро ба анҷом расонд, он дар даврае тасдиқ гардида буд, ки дар кишвар танҳо ҳодисаҳои алоҳидаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шуда буданд. Дар ин маврид он тамоюли профилактикӣ дошт. Зимнан он аз ҳисоби барномаи мубориза бо сирояти СПИД дар системаи Вазорати тандурустӣ барои солҳои 2004-2010 вусъат дода шуд, ки афзалиятҳои он инҳо муайян шуда буданд: пешгирии сирояти ВИЧ дар байни ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ, кӯдакони кӯча, муҳоҷирон, шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, МҶМ, КАҶ, ИМИТ, аз модари сироятшуда ба кӯдак, таъмини бехатарии хуни донорӣ ва трансплантантҳо, пешниҳоди табобат, нигоҳубин ва дастгирии ШВЗ, такмили назорати эпидемиологӣ ба сирояти ВИЧ ва қонунгузорӣ. Ҳамзамон татбиқи стратегияҳои кам кардани зарар аз истеъмоли тазриқаи маводи нашъа, пешниҳоди хизматҳои профилактикӣ ба КАҶ ва шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, хизматчиёни ҳарбӣ, ҷорӣ намудани тарзи солими ҳаёт дар муассисаҳои таълимии кишвар ба ҷузъҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Чорабиниҳои гузаронидашуда дар тамоми бахшҳо ва сохторҳои фаъолият дар асоси ҳамкории васеъ, иштирок ва ҷалби сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз чумла ШВЗ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ гардиданд.
2.1. Амалҳои зидди сироят дар бахши тандурустӣ
2.1.1. Хадамоти профилактика ва мубориза бо СПИД
Солҳои охир хадамоти профилактика ва мубориза бо СПИД хеле таҳким ёфт. Дар кишвар 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ, 3 маркази шаҳрӣ ва 24 ташхисгоҳ лаборатория фаъолият мекунанд. Марказҳои СПИД дар гузаронидани экспертиза ҳангоми амалӣ намудани барномаҳои давлатии мубориза бо ВИЧ/СПИД, таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши асосиро мебозанд. Дар панҷ соли охир хадамоти лаборатории ташхиси сирояти ВИЧ хеле таҳким ёфт, аз ҷумла гузаронидани санҷишҳои доимии аҳолӣ бо истифодаи таҳлил иммуноферментӣ таъмин карда шуд, усули нави экспресс-ташхис дар ноҳияҳои дурдаст ҷорӣ карда шуд, аҳоли ба МСИ дастрас гардонида шуд. Миқдори муайяни мутахассисони гузаронидани ташхиси лаборатории сирояти ВИЧ омӯзонида шуданд. Аз соли 2005 мунтазам гузаронидани НЭМ ҷорӣ карда шуд.
2.1.2. Хадамоти наркологӣ
Муолиҷаи тиббии вобастагӣ ба нашъа аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявӣ ва чор маркази минтақавии наркологӣ анҷом дода мешавад. Таъминот бо катҳои наркологӣ 0,4 ба 10 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад, иқтидорҳои мавҷудаи хадамоти наркологӣ ба қадри пурра истифода намегарданд. Таъминот бо духтурони нарколог дар соли 2004 0,096-ро ташкил дод, ки комилан кофӣ намебошад. Дар кишвар марказҳои офиятбахшӣ барои шахсони мубталои нашъа вуҷуд надоранд. Проблемаҳои бархӯрди комплексӣ ба муолиҷа ва офиятбахшии онҳо ҳалли худро наёфтаанд. Барои ташаккули сиёсати миллӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВИЧ/СПИД дар байни онҳо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кӯмаки наркологӣ" ва "Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010" нақши бузургро бозид.
Дар муассисаҳои наркологии кишвар ҷорӣ намудани системаи пешниҳоди санҷиши ихтиёрӣ ва анонимӣ, инчунин маслиҳатдиҳӣ оид ба ВИЧ оғоз гардид.
2.1.3. Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи солими ҳаёт
"Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010" таҳия ва қабул карда шуд, ки афзалиятҳои асосии он кам кардани истеъмоли нашъа ва пешгирии паҳншавии эҳтимолии ВИЧ дар байни аҳолӣ мебошанд. Чорабинии асосие, ки барои ҷорӣ намудани он нигаронида шудааст татбиқи барномаҳои иттилоотию маърифатӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ бо ҷалби шӯроҳои маҳаллӣ мебошад. Тадқиқоти арзёбии донишҳо ва муносибати аҳолӣ ба масъалаҳои тарзи солими ҳаёт, аз ҷумла проблемаҳои ВИЧ/СПИД дар ноҳияҳои таҷрибавӣ гузаронида шуд, ки дар асоси он стратегияи коммуникатсияи гендерии "Профилактикаи ВИЧ /СПИД ва таҳаммул ба ШВЗ" таҳия карда шуд, барномаи сафарбарсозии аҳли ҷомеа оғоз гардид.
2.1.4. Хадамоти бемориҳои пӯсту венерологӣ
Сарфи назар аз сершоха будани хадамоти бемориҳои пӯсту венерологӣ (81 муассисаи тиббие, ки кӯмаки тиббӣ мерасонанд, аз ҷумла диспансерҳои бемориҳои пӯсту венерологии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе, 3 диспансери вилоятӣ ва даҳҳо диспансерҳои ноҳиявӣ, ки дар онҳо 235 духтур кор мекунанд), вазьияти паҳншавии ИРҶГ-ро дар кишвар ба қадри кофӣ идора карда наметавонад. Масалан, дар соли 2005 620 ҳодисаи сифилис расман ба қайд гирифта шуда буд, ки аз онҳо 150-тояш дар шаҳри Душанбе ҷой доштанд. Дар айни ҳол, тибқи маълумотҳои НЭМ, дар шаҳри Душанбе зуддии паҳншавии он дар сатҳи 0,2-2,2% тағйир меёфт, аз ин бармеояд, ки шумораи воқеии ҳодисаҳои сифилис бояд хеле зиёдтар бошад. Сабаби он бақайдгирии нопурраи онҳо бинобар шумораи ками муроҷиати аҳолӣ ба муассисаҳои хадамоти бемориҳои пӯсту венерологӣ мебошад.
2.1.5. Хадамоти хун
Заминаи моддию техникии марказҳои таъминот бо хун ҳанӯз ҳам заиф мебошад. Аз ҷумла, дар ҳар кадоми онҳо танҳо як комплекти таҷҳизот барои таҳлили масъунияту ферментӣ мавҷуд аст, дар ҳолати аз кор баромадани он муайян намудани натиҷаҳои санҷишҳо ба тарзи басарӣ/визуалӣ ба амал бароварда мешавад. Шароит барои коркард ва нигоҳдории хун бо мақсади дертар анҷом додани хунгузаронӣ фароҳам сохта нашудааст. Дар ҳолати хун супоридани донор дар давраи "фароғи" серологӣ шахсе, ки ба ӯ хун гузаронида мешавад мубталои ВИЧ мегардад. Чунин ҳолатҳо борҳо дар кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли 2005 2% хуни тайёр кардашуда ҳанӯз ҳам аз санҷиши ВИЧ гузаронида нашуда буд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дар кишвар донории пулакӣ ба тарзи васеъ ба роҳ монда шудааст, ки дар он шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки дорои хатари зиёди сирояти ВИЧ, аз ҷумла ИМНТ мебошанд.
Дар шароити камбуди дорувор ва ғайри имкон будани татбиқи роҳҳои алтернативии муолиҷа, ба фикри коршиносон, гузаронидани хун ва компонентҳои он ба тарзи васеъ ба амал бароварда мешавад, ки хатари зиёди интиқоли ВИЧ-ро дар дохили беморхона ба вуҷуд меорад.
2.1.6. Пешгирии гузаштани ВИЧ аз модар ба кӯдак
Дар вақтҳои охир МСИ ба ҳамаи занони ҳомила пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми дар онҳо ошкор карда шудани ВИЧ, онҳо бо муолиҷаи пешгирикунанда мувофиқи протоколи миллии дар асоси тавсияҳои ТУТ таҳияшуда, таъмин гардонда мешаванд. Аммо ҳангоми ба таваллудхона дохил шудани зане, ки дар таваллудхона дар давраи таваллуд ба қайд гузошта нашудааст, ки ин дар намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бисёр руй медиҳад, вай ба сабаби набудани санҷиш/тестҳои таъҷилӣ мавриди муоинаи муайян намудани ВИЧ қарор намегирад. Кӯдакони навзод низ бо доруҳои зидди ретровирусӣ (ДЗР) таъмин карда мешавад, вале масъалаи сина маконидани онҳо ҳанӯз ҳаллӣ худро наёфтааст.
2.1.7. Хадамоти зидди бемории сил
Эпидемияи сил боиси инкишофи СПИД дар ШВЗ мегардад, тибқи маълумотҳои ТУТ, Тоҷикистон ба кишварҳои дорои сатҳи баланди паҳншавии сил дар ин минтақа мансубаст. Ҳар сол тақрибан 5000 ҳодисаҳои нав ва такрории бемории сил ба қайд гирифта мешаванд. Сатҳи фавт аз бемории сил хеле баланд буда, дар соли 2005 ба 100000 аҳолӣ 6,8 буд. Вазъи мураккаб нисбати бемории сил дар ҳабсхонаҳо ба миён омадааст, ки дар он ҷойҳо беморшавӣ нисбат ба бахши шаҳрвандӣ 35 маротиба баландтар аст.
Сарфи назар аз сатҳи баланди гирифторшавӣ ба бемории сил, миқдори ҳолатҳои ошкорсозии бемориҳои омехтаи ВИЧ ва сил кам аст, ки сабаби он эҳтимол ҷорӣ накардани усулҳои ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои омехтаи ВИЧ ва сил бошад. Дар айни ҳол аз 31 ҳодисаи боиси фавти ШВЗ гардида сабаби 9-тои он бемории сил буд. Сарфи назар аз амалҳои муайяне, ки барои расонидани кӯмаки самарабахши тиббӣ ба беморони гирифтори сирояти омехта равона гардидаанд, масъалаҳои пешниҳод намудани МСИ барои ВИЧ ба ҳама беморони гирифтори сил, муолиҷаи якҷояи беморони дахлдор, пешгирии бемории сил дар байни ШВЗ ҳалли худро ҳанӯз наёфтаанд.
2.1.8. Татбиқи барномаҳои табобати ВИЧ/СПИД
Протоколи миллӣ оид ба пешниҳоди кӯмак ва табобат ҳангоми ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон тасдиқ шудааст, миқдори муайяни духтурон барои табобати беморони гирифтори ВИЧ/СПИД тайёр карда шудаанд, ба миқдори зарурӣ ДЗР ва таҷҳизоти ташхиси сирояти ВИЧ харидорӣ шудаанд. Ҳоло 56 бемор таҳти табобат қарор доранд, ки 90%-и шумораи шахсони расман ба қайд гирифташудаи гирифтори сирояти ВИЧ-ро, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд, ташкил медиҳанд, вале ик нишондиҳандаи фарогирии тамоми шахсони гирифтори сирояти ВИЧ, ки ба МЗР эҳтиёҷ доранд, намебошад. Сабаб он аст, ки аксари онҳо тест нашудаанд ва аз статуси худ огоҳ нестанд. Сатҳи пасти фарогирии шахсони гирифтори сирояти ВИЧ бо МАР стигматизатсияи зиёди онҳо дар ҷомеа мебошад. Аксари шахсони гирифтори сирояти ВИЧ кӯшиш мекунанд ба касе ин ҳолати худро ошкор насозанд. Ҳолатҳои зоҳир гардидани стигма ва табъизи ШВЗ ва намояндагони гурӯҳҳои махсусан осебпазир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони муассисаҳои тиббӣ вуҷуд доранд. Сарфи назар аз вуҷуд доштани маълумот оид ба ШВЗ, назорати самарабахши онҳо ба роҳ монда нашудааст. Муттаҳидсозии масъалаҳои табобат ва муоинаи беморон дар як шабакаи умумии тандурустии ҷамъиятӣ танҳо акнун оғоз шудааст.
Сабаби фарогирии паст бо барномаҳои табобат ҳамчун ба табобат майл надоштани беморон низ мебошад, ки аксари онҳо ИМНТ мебошанд. Ҳамкорӣ бо ТҒҲ, инчунин ҷорӣ намудани терапияи ивазкунандаи дастгирии шахсони мубталои нашъамандӣ, ки МЗР мегиранд, метавонад, ба бештар гардидани майли беморон ба табобат мусоидат намояд. Вале то кунун масъалаи ҷорӣ намудани терапияи ивазкунанда бо мақсади пешниҳод намудани МАР ҳал нагардидааст.
2.1.9. Таъмини чораҳои умумии эҳтиёткорӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва профилактикаи баьди тамос
Тадбирҳо оид ба таъмини чорабиниҳои эҳтиёткорӣ бо мақсади пешгирии сироятшавӣ бо ВИЧ, гепатити В ва С амалӣ мегарданд. Вале мушкилоти назаррас дар таъминот ва камбуди воситаҳои муҳофизати инфиродӣ: дастпӯшакқо, ниқоб барои рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, инчунин либоси муҳофизатӣ эҳсос карда мешавад. Профилактикаи антиретровирусии постконтактӣ дар муассисаҳои тиббӣ то ба ҳол дастрас нест.
2.2. Тадбирҳои ҷавобӣ дар бахши маърифатноксозӣ ва пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ
Қисми зиёди ҷавонони кишвар, талабагон буда, бештар аз чоряки (25,7%) шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Зиёда аз нисфи талабагон - кӯдакону наврасон (синфҳои 5-11) синни 11-17-сола буда, гурӯҳи бештар осебпазири дорои майли бештар ба рафтори шаҳвонӣ мебошанд. Вазорати маориф барномаи таълимиро оид ба масъалаҳои ТҲС таҳия ва тасдиқ намудааст, ки масъалаҳои пешгирии ВИЧ/СПИД-ро дар бар мегирад. Дастур барои муаллимон таҳия шудааст миқдори муайяни муаллимони усули таълими интерактивиро азхуднамуда тайёр карда шуданд. Вале, аз рӯи маълумотҳои Гузориши миллӣ тибқи Эъломияи Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ, барномаҳои ТҲС танҳо дар 0,7%-и мактабҳои миёнаи кишвар ҷорӣ карда шудаанд. Масъалаи ҷорӣ намудани онҳо дар нақшаҳои таълимии таълимгоҳҳои олии педагогӣ ва курсҳои такмили ихтисоси муаллимон ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, дастурҳо аз китобҳои дарсии дахлдор барои мактаббачагон таҳия нагардидаанд.
Татбиқи барномаи омӯзиши профилактикаи ИРҶГ, ВИЧ/СПИД, нашъамандӣ ва кам кардани хатари рафтор тибқи усули "баробар ба баробар" дар 45 клубҳои ҷавонон оғоз гардидааст, ки дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ташкил карда шудаанд, вале он дар сатҳи лоиҳаҳои таҷрибавӣ қарор дорад.
Дар ду соли охир, бо ёрии Вазорати фарҳанг, проблемаҳои ВИЧ/СПИД чандин маротиба дар воситаҳои ахбори омма (ВАО) гуногун инъикос карда шуданд, масъалаҳои рафтори шаҳвонӣ ва истифодаи рифолаҳо нисбат ба пештара озодонатар мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Вале раванди пешниҳоди иттилоот дар воситаҳои ахбори омма хислати доимӣ пайдо накардааст, асосан аҳолии шаҳр фаро гирифта шудааст. Аслан ҳама чорабиниҳо дар доираи барномаҳои муайян бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Рекламаи иҷтимоии пешгирии ВИЧ/СПИД вуҷуд надорад. Ба миқдори муайяни журналистон проблемаҳои ннъикоси ВИЧ/СПИД дар ВАО омӯзонида шудаанд, вале малакаи азхуднамуда дар амал кам истифода мегардад, механизми устувории омӯзонии онҳо ҳанӯз таҳия нашудааст. Аз рӯи маълумотҳои Гузориши миллӣ тибқи Эъломияи ИМАГСММ дар соли 2003 сатҳи донишҳои дахлдори аҳолӣ, аз ҷумла чавонон, 34,4%-ро ташкил дод, тадқиқоти интихобие, ки соли 2005 гузаронида шуданд, нишон доданд, ки сатҳи дониши ҷавонон аз 50,0% зиёд нест. Вале арзёбии дақиқи сатҳи дониш, таҷриба ва рафтори ҷавонон нисбати ВИЧ/СПИД дар сатҳи миллӣ гузаронида нашудааст. Дар айни ҳол стратегияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ оид ба профилактикаи он вуҷуд надорад.
2.3. Тадбирҳои ҷавобӣ дар муассисаҳои пенитенсиарӣ (адоиҷазо)
Маҳбусон 21%-и тамоми ШВЗ-ро, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ташкил медиҳанд. Барномаи пешгирии ВИЧ/СПИД тақрибан дар тамоми ҳабсхонаҳои кишвар оғоз гардидааст. Дар онҳо иттилоот оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД, рифолаҳо ва дезинфексантҳо (моддаҳои безарарсозӣ) дастраси маҳбусон гардонида шудаанд. Ба қисми муайяни кормандони ҳабсхонаҳо проблемаҳои ВИЧ/СПИД омӯзонида шудаанд, барномаи омӯзонии шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта тибқи усули "баробар ба баробар" оғоз карда шудааст. Ҳамчунин барои онҳо табобати дар ИРҶГ ва МСИ аз ВИЧ дастрас гардонида шудааст. Масъалаҳои ҷорӣ намудани барномаи мубодилаи сӯзандоруҳо ва сӯзанҳо ҳал нагардидааст.
2.4. Тадбирҳои ҷавобӣ ба сирояти ВИЧ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ
Бори аввал фаъолият оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД дар байни хизматчиёни ҳарбӣ соли 2003 бо ташаббуси Вазорати мудофиаи ҶТ оғоз карда шуд ва барномаи махсус оид ба пешгирии таҳдиди паҳншавии сирояти ВИЧ/СПИД дар Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ барои солҳои 2005-2007 таҳия гардид. Дар доираи татбиқи он гурӯҳи мураббиён оид ба омӯзонии усули "баробар ба баробар" ба хизматчиёни ҳарбӣ таъсис дода шуд. Барои онҳо МСИ, табобати ИРҶГ, рифолаҳо ва маводи иттилоотӣ дастрас гардонида шуд. Масъалаи пешгирии ВИЧ/СПИД дар барномаҳои таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ҷорӣ карда шуд. Аз соли 2005 чунин барнома дар байни хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ ва Гвардияи миллӣ низ оғоз карда шуд.
Тибқи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилӣ, корҳои профилактикӣ дар байни кормандони он ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо сабаби ғайрикофӣ будани иқтидорҳои моддию техникӣ ва кадрӣ дар сатҳи лозима гузаронида намешаванд. Вале зарурати гузаронидани корҳои профилактикии вобаста ба ВИЧ/СПИД-ро дар баробари он тамоми сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамоянд.
Дар рушди барномаҳои профилактикӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ мувофиқати амалҳо ва ташаккули сиёсати ягона ҷиҳати амалӣ намудани онҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои гузаронидани тест, ки сиёсати он дар сохторҳои қудратӣ пеш аз ҳама бояд ба принсипҳои пешгирии таъбиз дар заминаи статуси ВИЧ онҳо асос ёфтааст, аҳамияти махсус хоҳад дошт.
2.5. Ҷалби дигар сохторҳо ба тадбирҳои ҷавобӣ
Таҳкими бархӯрди мултисекторалӣ ба проблемаҳои профилактикаи ВИЧ/СПИД, реструктуризатсияи КҲМ имкон доданд дар дигар бахшҳо низ вусъат ёбанд.
Ҳамин тариқ, дар амалӣ намудани дастрасии ҷавонон ба хизматҳо оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ ҳангоми таҳияи "Барномаи миллии рушди саломатии ҷавонон дар ҶТ барои солҳои 2006-2010", ки ҷорӣ намудани он ба вусъатбахшии дастрасӣ ба хизматҳои ҷавонони хайрхоҳ (ХҶХ) мусоидат мекунад, саҳми назаррас ворид намуд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳоро дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ анҷом медиҳад. Барои ҳамоҳангсозии ин фаъолият дар кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъа таъсис дода шуд ва "Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2004-2008" таҳия гардид, ки компонентҳои ВИЧ/СПИД-ро дар бар мегирад.
Барои Тоҷикистони имрӯза муҳоҷирати аҳолӣ зуҳуроти махсус мебошад. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя бо дигар вазоратҳо, бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ барномаҳои махсуси пешгирии ВИЧ/СПИД дар байни муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон аз проблемаҳои ВИЧ/СПИД, дастрасии муҳоҷирон бо рифолаҳо, МСИ ва муолиҷаи ИРҶГ равона гардидаанд. Вале, тавре, ки тадқиқоти интихобӣ нишон доданд, дастрасии муҳоҷирон ба хизматҳои профилактикӣ ва мавод хеле маҳдуд аст. Барои амалӣ намудани чунин фаъолият таҳкими ҳамкории ҳама бахшҳо, аз ҷумла хадамоти муҳоҷирати кишвар зарур аст.
Фаъолияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ бояд таҳияи сиёсати пешгирии ВИЧ/СПИД дар ҷойҳои корӣ гардид, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии ҷорӣ намудани Эъломияи ИМАГСММ оид ба ВИЧ/СПИД мебошад.
Бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи аввали пайдоиш қарор дорад ва аслан аз корхонаҳои начандон калоне, ки ба кишвар маҳсулоти ниёзи аввал ворид мекунанд, иборат аст. Аз ширкатҳои калони хусусии начандон сершумори кишвар то ҳол ягон корхона дар чорабиниҳои миллӣ оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД ҳамкорӣ надорад.
2.6. Ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба чорабиниҳо оид ба ВИЧ/СПИД
Дар Тоҷикистон ҷанбаи гендерии сирояти ВИЧ дорои аҳамияти махсус мебошад. Дар ҷомеа қолабҳое пурзӯранд, ки ба озодона муҳокима намудани масъалаҳои шаҳват байни намояндагони гурӯҳҳои мухталифи ҷинсӣ ва синнусолӣ монеъ мегарданд ва ба паҳн намудани донишҳо оид ба гузаштани сирояти ВИЧ ва пешгирии он, хусусан дар байни ҷавонон, имкон намедиҳанд. Меъёрҳои иҷтимоӣ, қолабҳо ба занҳо, хусусан духтарон, имкон намедиҳанд дар соҳаи саломатии шаҳватӣ ва репродуктивӣ донишҳо гиранд. Барои занони Тоҷикистон, асосан занони деҳот, муҳокима кардани масъалаҳои шаҳват бо шавҳари худ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст. Онҳо наметавонанд худашон қарор қабул намоянд ва ҳатто ҳангоми алоқаи ҷинсӣ истифодаи рифоларо пешниҳод кунанд. Осебпазирии занон дар замони ҳозира, ҳангоме ки чунин зуҳурот, ба монанди муҳоҷирати меҳнатӣ, қариб ба тамоми оилаҳои тоҷик таъсири худро гузоштааст, махсусан эҳсос мегардад.
Тибқи маълумотҳои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ), тақрибан 600 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан мардҳо, ҳар сол дар ҷустуҷӯи маош берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба кишварҳое сафар мекунанд, ки вазъи паҳншавии сирояти ВИЧ дар онҳо номусоидтар аст. Дар ҳолати дурӣ аз оилаҳои худ қарор гирифта, аксари онҳо ба хизмати кормандони шаҳват рӯ меоранд ва ба хона баргашта, метавонанд занҳои худро сироят кунанд. Алакай якчанд ҳодисаҳои сирояти ВИЧ дар байни ҳомиладорон - занҳои муҳоҷирон ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло занони тоҷик низ, мисли мардҳо, дар муҳоҷирати меҳнатӣ иштирок мекунанд ва ин мутобиқан боиси поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо дар кишварҳои хориҷӣ мегардад. Дар ин ҳол онҳо ба секс бизнес ҷалб карда мешаванд, аксар вақт мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, ба ИРҶГ сироят мешаванд, ки ин ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин рушди барномаҳои байнисоҳавие, ки барои паст кардани сатҳи осебпазирии занон нисбати ВИЧ/СПИД ва ноил гардидан ба баробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба мавод ва хизматҳои профилактикӣ хеле зарур аст. Ин фаъолиятро бояд Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила бо ҷалби созмонҳои ғайриҳукуматии занон ба татбиқи барнома ҳамоҳанг созанд.
Дар чунин шароит дахолати барои муҳокимаи фикру ақидаҳое, ки имкон намедиҳанд ҳифз аз ВИЧ дар ҷомеа таблиғ карда шавад, ғайрикофӣ ё умуман истифода намешавад. Механизмҳои ҷалби лидерҳои ғайрирасмӣ, хусусан мазҳабӣ, меъёрҳои ислом ва принсипҳои ахлоқии байни шахсон ва ғайра дар кори профилактикӣ бо аҳолӣ ба қадри кофӣ амал намекунанд.
Бо назардошти сатҳи баланди мазҳабӣ будани аҳолӣ, ҷалби лидерони мазҳабӣ дар амри дастгирии тадбирҳои ҷавобии миллӣ ба сирояти ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Аз соли 2001 сар карда, бо дастгирии фонди нуфузи аҳолии СММ, бори аввал гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои лидерони мазҳабӣ оид ба масъалаҳои саломатии репродуктивӣ, аз чумла масъалаҳои пешгирии ВИЧ/СПИД оғоз гардид. Ҳоло масъалаҳои саломатии репродуктивӣ, пешгирии ВИЧ/СПИД ба барномаҳои таълимии Донишгоҳи исломӣ дохил карда шудаанд. Вале вусъатбахшии чунин фаъолият, омӯзонидани лидерони мазҳабӣ дар маҳалҳо ва ҷалби онҳо ба раванд таблиғи рафтори бехатар дар байни аҳолӣ хеле муҳим мебошад.
2.7. Ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла ШВЗ
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз тавассути ТҒҲ дастрасӣ ба гурӯҳҳои аҳолии нисбатан осебпазир бо мақсади татбиқи самарабахши барномаҳои профилактикӣ ва табобатӣ имконпазир мегардад. Дар Тоҷикистон ТҒҲ дар масъалаҳои СПИД хизматрасонанда ҷиҳати татбиқи барномаҳои пешгирии ВИЧ/СПИД кӯмаки зиёд мерасонанд, аз ҷумла дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ. Дар айни ҳол, миқдори иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бевосита дар мавриди пешгирии ВИЧ хизмат мерасонанд, аз 30 адад зиёд нест, ки ин комилан кофӣ намебошад.
Иқтидорҳои моддию техникӣ ва инсонии ТҒҲ дар масъалаи СПИД хизматрасонанда ҳанӯз дар аксари онҳо ба қадри кофӣ нест. Бо 3-5 аъзо, ки на ҳамеша ба таври зарурӣ омӯзонида шудаанд, онҳо наметавонанд ҳамчун ташкилотҳои касбии ҳамшарике, ки барои вазъи сироят дар кишвар ва минтақаҳои он масъуланд, арзёбӣ гарданд. Танҳо дар яке аз онҳо ШВЗ бевосита иштироки фаъолона доранд.
Кормандони ТҒҲ, ки ба фаъолият дар байни ШВЗ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҷалб шудаанд, ҳамчун кормандони иҷтимоӣ соҳибтахассус намебошанд ва ба номгӯи ихтисосҳои Тоҷикистон дохил карда нашудаанд. Онҳоро ягон ташкилоти дар кишвар буда тайёр намекунад.
Мисли дигар ТҒҲ, ТҒҲ дар масъалаҳои СПИД хизматрасонанда ҳамеша дар татбиқи вазифаҳои худ ба мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд. Аз бисёр ҷиҳат сабаби он вуҷуд надоштани дастгирии мақсадноки ҳамаҷонибаи бахши ғайриҳукуматӣ аз ҷониби давлат ва механизмҳои ба қадри кофӣ такмилёфтаи ҳамкорӣ мебошад.
2.8. Дастрасии аҳолӣ ба хизматҳо ва маводи профилактика ва табобати ВИЧ/СПИД
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои мубориза бо ВИЧ/СПИД дар солҳои охир дар кишвар дастрасии ҷузъии аҳолӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои махсусан осебпазир, ба хизматҳо ва маводи пешгирӣ ва табобати ВИЧ/СПИД таъмин шудааст. 23 нуқтаи боварӣ барои истеъмолкунандагони нашъаи тазриқӣ кушода шудааст, ки мубодилаи сӯзан ва сӯзандоруҳо, пешниҳоди маводи иттилоотӣ ва рифолаҳо, МСИ ва табобати ИРҶГ-ро анҷом медиҳанд. 8 утоқи хайрхоҳ барои кормандони шаҳват ва 30 утоқ барои муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо фаъолият мекунанд. 134 нуқта барои гузаронидани МСИ вуҷуд доранд ва барои гузаронидани он миқдори муайяни мутахассисон омӯзонида шудаанд. Дар якчанд муассисаи табобатӣ барнома оид ба пешниҳод намудани МАР оғоз гардидааст. Вале дастраси аҳолӣ ба хизматҳо ва мавод маҳдуд боқи мемонад. Масалан, бештар аз 16%-и ИМНТ ва тақрибан 40%-и КАҶ аз шумораи умумии арзёбишуда бо барномаҳои профилактикӣ фаро гирифта шудаанд.
Дастрасӣ ба рифолаҳо, сӯзандоруҳо, воситаҳои безарарсозӣ (дезинфексия), доруҳо барои табобати ИРҶГ гурӯҳҳои осебпазир, инчунин ба ДЗР, асосан аз ҳисоби маблағҳои донорҳои байналмилалӣ фароҳам гардидааст. Сиёсати давлатии таъмини ҷавонон ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо рифолаҳои сифатнок вуҷуд надорад, дар ҳолате ки чунин маҳсулоти дар бозор мавҷудбуда хеле қимат аст. Дастрасии аҳолӣ ба системаҳои иттилоотии коммуникатсия маҳдуд буда, маводи таъиноти мушаххас вуҷуд надорад,сафарбарсозии ҷомеа ба дараҷаи кофӣ нест.
Дастрасӣ ва матлубияти табобати ИРҶГ дар сатҳи паст қарор дорад. То кунун имконияти дастрас намудани хизматҳо ҳангоми ИРҶГ аслан бо муроҷиат намудан ба диспансери бемориҳои пӯсту венерологӣ маҳдуд гардидааст, ки бақайдгириро тақозо менамояд ва ин боиси стигматизатсияи ин муассисаҳо ва сатҳи пасти муроҷиати аҳолӣ мешавад. Истифодаи бархӯрди синдромӣ барои муоинаи беморон бо ИРҶГ хеле маҳдуд аст.
Барои ИМНТ, аз ҷумла бо ВИЧ сироятшудагон, табобати пулакӣ дар диспансерҳои наркологӣ чандон ҷолиб намебошад, ҳол он ки ин контингент аслан қобили пардохт нест.
Фарогирии аҳолии Тоҷикистон бо МСИ барои ВИЧ дар соли 2004 танҳо 3,0%-и гурӯҳи 15-49-солаи аҳолиро ташкил дод. Сатҳи фарогирии шахсони эҳтиёҷманди гирифтори сирояти ВИЧ бо МЗР хеле паст буда, бо пешниҳод намудани маҷмӯи пурраи хизматҳо барои расонидани он дастгирӣ карда намешавад.
2.9. Истифодаи захираҳо барои корҳои профилактикӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ
Тибқи арзёбии талабот, ки коршиносони миллӣ якҷоя бо коршиносони БРСММ муайян намуданд, арзиши барномаҳои барои ноил гардидан ба Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола дар соҳаи ба эътидол овардани вазъи паҳншавии сирояти ВИЧ то соли 2015 равонагардида, 86,3 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.
Арзёбии арзиши чорабиниҳо доир ба ВИЧ/СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 (бо млн. доллари ШМА) таблиса
+---------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+----ҷ
|Чорабинихо |200|200|200|200|200|200|200|200|200|200|200|200| Ха |
+---------------+ | | | | | | | | | | | | ма |
| солхо | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 0 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ги |
+---------------+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+---+----+
|Профилактика |0.5|1.3|2.1|2.9|3.7|4.6|5.5|6.3|6.5|6.8|7.1|7.5|54.9|

|Табобат/нигоху |0.1|0.2|0.5|0.9|1.4|2.0|2.6|3.1|3.6|4.0|4.3|4.5|27.3|
|бин | | | | | | | | | | | | | |

|Идоракуни/ |0.0|0.1|0.1|0.2|0.3|0.3|0.4|0.5|0.5|0.5|0.6|0.6|4.1 |
|Адвокатсия | | | | | | | | | | | | | |

|Хамаги |0.6|1.6|2.7|4.0|5.4|7.0|8.6|9.9|10.|11.|12 |12.|86.3|
| | | | | | | | | | 7 |4 | |6 | |

Ҳамин тариқ, ҳама чорабиниҳое, ки барои ба эътидол овардани вазъ то соли 2010 ба нақша гирифта шудаанд, 40 012 420 долларро талаб мекунанд, аз ҷумла фаъолияти вобаста ҳам ба профилактика ва ҳам ташкили нигоҳубину табобат.
Тоҷикистон аз Фонди глобалӣ оид ба мубориза бо СПИД, бемории сил ва вараҷа 2 грант бо маблағи умумии 10,5 млн. доллари ШМА гирифтааст.
Кӯмаки зиёдро барои рушди барномаҳои профилактикӣ дигар донорҳои байналмилалие, ки лоиҳаҳоро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавӣ амалӣ менамоянд, мерасонанд (Бонки Умумиҷаҳонӣ, ЮСАИД, Агентиҳои СММ, DFID, СПИД, Фонди Шарқ-Ғарб, Фонди Сорос ва дигар созмонҳо), вале бо назардошти арзёбии дар боло зикршудаи арзиши барномаҳое, ки барои ба эътидол овардани вазъ равона гардидаанд, ҳама захираҳои мавҷудбуда кофӣ намебошанд.
Бо сабаби кишвари дорои даромаднокии паст будан, Тоҷикистон барои муқобилат нишон додан ба эпидемияи ВИЧ манбаъҳои ба ғоят маҳдуд дорад. Чорабиниҳои асосӣ дар ин самт аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии донорӣ ба амал бароварда мешаванд. Вале маблағгузориҳои донорҳо аксар вақт ба манфиатдории онҳо вобастагӣ дорад. Дар робита бо ин, мушкилоти бо маблағгузорӣ таъмин намудани чорабиниҳо дар самтҳои афзалиятнок ба вуҷуд меояд, ки пайгирона будани чорабиниҳои анҷомдодашавандаро таҳти шубҳа қарор медиҳад.
3. Натиҷаҳои корҳои пешгирӣ дар байни гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ
Дар ҷараёни НЭМ фарогирии зиёди ИМНТ ва КАҶ дар барномаҳо ҳамроҳ бо таъмини дастрасии муносиб ба воситаҳои дахлдори ҳимоя ва хизматрасониҳо ҳангоми МСИ барои ВИЧ сурат нагирифт (расми 2). Дар ин ҳол бештар аз 60% шахсони пурсидашуда дар бораи гирифтани ин ё он намуди хизматрасониҳо хабар доданд, танҳо 20% барои ВИЧ аз санҷиши тестӣ гузаштаанд, дар ҳоле, ки ба боқимондаҳо пешниҳоде карда нашудааст. Сарфи назар аз он, ки маҳкумшудагон расман 100% бо барномаҳои пешгирикунанда фаро гирифта шудаанд, вале дастрасии заруриро ба МСИ, рифолаҳо ва воситаҳои дезинфексиякунанда онҳо нагирифтаанд.
Расми 2. Фарогирии гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ дар барномаҳои МСИ ва дастрасии онҳо ба воситаҳои пешгирикунанда (маълумоти назарпурсиҳо дар Душанбе ва Хӯҷанд, соли 2005) оварда намешавад
Ҳамаи ин боиси таъмин нагардидани сатҳи зарурии дониш дар масъалаҳои интиқоли ВИЧ ва тадбирҳои пешгирӣ кардани он гардид (расми
3.). Ҷавобҳои дурустро ба ҳамаи саволҳо оид ба пешгирии интиқоли ВИЧ ҳангоми истеъмоли тазриқии маводи мухаддир танҳо 0,3% ИМНТ, аммо оид ба пешгирии интиқоли таносулӣ - 4,3% КАҶ ва камтар аз 50% маҳкумшудагон доранд.
Расми 3. Ҳиссаи намояндагони гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, ки ба саволҳои анкета доир ба роҳҳои интиқоли ВИЧ ва василаҳои ҳимоят аз сироят ҷавобҳои дуруст додаанд (маълумоти назарпурсиҳо дар Душанбе ва Хӯҷанд, соли 2005) оварда намешавад
Дар шароити мавҷуд набудани дониш доир ба роҳҳои интиқоли ВИЧ, гурӯҳҳои аҳолии дорои хатари зиёди гирифторшавӣ бо ВИЧ, рафтори хатарноки худро давом медиҳанд (расми 4).
Расми 4 Паҳншавии рафторҳои тазриқӣ ва таносулии гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, ки дар худ хатари зиёди интиқоли ВИЧ доранд (маълумоти назарпурсиҳо дар Душанбе ва Хӯҷанд, соли 2005) оварда намешавад.
Бештар аз 60% шумораи ИМНТ, бо барномаҳои пешгирикунанда фаро гирифта шуда буданд, рафторҳои хатарнок доштанд. Зиёда аз 65% КАҶ аз рифолаҳо ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо ҳамхобаҳои ғайридоимӣ ва тақрибан 35% бо ҳамхобаҳои тиҷоратӣ истифода намебурданд. Дар алоқаҳои ҷинсии бачабозӣ низ чунин ҳолатҳо дар 25% МҶМ ба мушоҳида мерасад.
Гурӯҳҳои дигари афзалиятноки аҳолӣ, ки чорабиниҳо ба онҳо нигаронида шуда буданд, ҷавонон, кӯдакони кӯча, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон ва занон мебошанд. Аз ҷумла, қисми зиёди ҷавонон аз гузаштани сирояти ВИЧ ҳам ба тариқи тазриқӣ (сӯзандорӯ) ва ҳам алоқаи ҷинсӣ огоҳ мебошад (Расми 5). Зимнан ҷавонон асосан ба истеъмоли маводи нашъа муносибати манфӣ доранд. Дар айни ҳол 2%-и пурсидашудагон изҳор намуданд, ки санҷидан мехоҳанд, дар асл ин нишондиҳанда эҳтимол баландтар бошад. Вале, танҳо андаке бештар аз нисфи намояндагони ҷавонон муҳокима намудани масъалаҳои шаҳватӣ, аз ҷумла истифодаи рифолаҳоро бо шарикони алоқаи ҷинсии худ имконпазир меҳисобанд. Танҳо 27%-и шумораи шахсоне, ки алоқаи ҷинсӣ доштанд, ҳангоми охирин алоқаи ҷинсии худ рифолаҳоро истифода кардаанд. Зимнан 85%-и пурсидашудагон изҳор намуданд, ки рифолаҳо бо сабаби қимат будан барои онҳо чандон дастрас нестанд.
Расми 5. Сатҳи огоҳӣ ва рафтори ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати интиқоли сирояти ВНМО хатарнок аст, оварда намешавад.
Расми 6. Сатҳи огоҳӣ ва рафтори кӯдакони кӯча, ки аз ҷихати интиқоли сирояти ВИЧ хатарнок аст, оварда намешавад.
Кӯдакони бесаробон дониши лозимиро надоранд ва табиист, ки ба рафтори хатарнок машғул мешаванд. Садҳо нусхаи маводи иттилоотию маърифатӣ, ки дар байни ин кӯдакон тақсим карда шуда буданд, чандон нақши назарраси мусбиро набозиданд. Маълуму равшан аст, ки танҳо дахолати ба тағйир додани рафтор нигаронидашуда метавонад самарабахш бошад.
Чунон ки назарпурсии интихобие, ки дар байни хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, нишон медиҳад 40% хизматчиёни ҳарбӣ намедонанд, ки ба воситаи истифодаи рифолаҳо пешгирӣ кардани интиқоли таносулии ВИЧ мумкин аст, камтар аз нисфи онҳо ба рифолаҳо дастрасӣ доранд ва танҳо 1/4 пурсидашудагон аз онҳо ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо ҳамхобаҳои ғайридоимии алоқаҳои ҷинсӣ истифода мебаранд.
Илова бар нн, ноил шудан ба рафтори матлуб дар байни муҳоҷирон имконпазир нагардид. Бештар аз сеяки муҳоҷирони мавсимӣ, ки дар Тоҷикистон дар ҷараёни назарпурсии интихобии аз ҷониби ТБМ бо дастгирии ФГМСВС гузаронидашуда пурсида шудаанд, хабар доданд, ки бо КАҶ ва (ё) ҳамхобаҳои ғайридоимӣ алоқаи ҷинсӣ доштанд. Дар айни ҳол бештар аз 30% онҳо аз рифолаҳо истифода набурдаанд. Дар ҳақикат бошад, нишондиҳандаҳои рафтории муҳоҷирон, асосан аз сокинони деҳот, метавонанд аз ин ҳам ғамангезтар бошанд. Бо дар назар гирифтани маълумотҳои дар боло овардашуда дар бораи он ки муҳоҷирон ба алоқаҳои ҷинсӣ бе воситаҳои ҳимоя бо ҳамхобаҳои ғайридоимӣ машғул мешаванд, занони онҳо низ дар бобати сирояти ВИЧ осебпазир мегарданд.
Ҳамин тариқ, сарфи назар аз ноил гаштан ба натиҷаҳои муайян ҳангоми ҷорӣ намудани барномаҳои профилактикӣ дар байни гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ, сатҳи огоҳии онҳо, ҳамзамон бо сатҳи баланди истифодаи амалияи рафтори хатарнок чандон баланд нест.
3.1 Паҳншавӣ ва баҳодиҳии омилҳои сирояти ВИЧ дар байни гурӯҳҳои бозории аҳолӣ
Тибқи маълумотҳои НЭМ, ки дар ду шаҳр (Душанбе ва Хуҷанд) соли 2005 гузаронида шудааст, паҳншавии ВИЧ дар байни ИМНТ 15,8%-ро ташкил дод.
Маълумоти баёнгари чунин сатҳи баланди паҳншавии ВИЧ дар байни НМНТ дар 6,2% ҳолат ҳангоми муоина кардани шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта гирифта шудаанд. Дар айни ҳол басомади ошкорсозии ҷисмҳои бегона ба вируси гепатити С (ки нишондиҳандаи рафтори тазриқии хатарнок мебошад) ва ВИЧ, яъне амалан дар гурӯҳҳои ИМНТ, ки дар озодӣ ҳастанд ва дар муассисаҳои ислоҳотӣ қарор доранд, хеле наздик ба ҳамдигар (мутаносибан 3:1 ва 4:1) мебошанд. Ба ғайр аз ин ВИЧ дар 0,7 % намояндагони кормандони алоқаи ҷинсӣ, инчунин 0,5% занони ҳомила, ошкор карда шудааст. Нишондиҳандаи охирин басомади паҳншавии ВИЧ дар шумораи умумии синну соли репродуктивӣ инъикос менамояд.
Омилҳои асосии ннтиқоли ВИЧ бо дар назар гирифтани роҳҳои маълуми интиқоли барангезандагони он, рафторҳои хатарноки тазриқӣ ва таносулӣ мебошад. Гурӯҳҳои аҳолие, ки бо эҳтимолияти зиёд мумкин аст мубталои ВИЧ гарданд, - ИМНТ, КАҶ, МҶМ, инчунин шахсони аз озодӣ маҳрум мебошанд.
Мувофиқи маълумоти баҳодиҳии фаврӣ, дар соли 2002 шумораи шахсони ба тарзи мунтазам аз маводи мухаддир истифодабаранда дар ҳудуди аз 45 то 55 ҳазор нафар будааст, ки аз 70% (қариб 34.000) маводи мухаддир асосан героинро бо роҳи тазриқӣ ворид мекарданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи ИМНТ эҳтимол дорад боз ҳам афзоиш ёфта бошад. Ҳамин тариқ, агар дар охири соли 2000 дар хадамоти наркологӣ 4,6 ҳазор нафар беморони нашъаманд ба қайд даромада бошад, пас дар ибтидои соли 2006 7,6 ҳазор ба қайд гирифта шудааст, ки 6,3 ҳазор мубталои нашъамандии героин мебошанд.
Ҳангоми гузаронидани НЭМ 58% занони пурсидашудаи истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ, хабар доданд, ки ба КАҶ ҷалб карда шудаанд, ки ин заминаҳои интиқол ёфтани ВНМО-ро ба оммаи васеи аҳолии кишвар муҳайё месозад.
Шумораи КАҶ дар ҷумҳурӣ мувофиқи баҳодиҳии коршиносон ба 5 ҳазор нафар мерасад, дар ҳоле, ки ҳар яке аз онҳо ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 7 ҳамхоба дорад. Зимнан дар 50% ҳолатҳо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ истифода бурда намешанад. Бо назардошти он, ки дар 1/5 шумораи КАҶ сифилис ошкор гардидааст ва 2/3 шумораи онҳо дар худ мавҷуд будани аломатҳои ИРҶГ гуногунро дар давоми 6 моҳи охир мушоҳида кардаанд, сатҳи баланди паҳншавии ИРҶГ ва ВИЧ-ро тасдиқ кардан мумкин аст. Амалияи хатарноки тазриқӣ дар қисми қобили мулоҳизаи КАҶ паҳншавии нисбатан зиёди (6%) гепатити С-ро исбот менамояд, ки ин 6 маротиба аз ҳадди ин навъи нуфус зиёдтар мебошад. Рафтори хатарноки тазриқӣ ва алоқаи ҷинсӣ ба паҳншавии ВИЧ дар ин гурӯҳи аҳолӣ, инчунин интиқоли он ба умуман ба аҳолӣ таъсир мерасонад.
Ба рафтори хатарноки ҷинсӣ МҶМ низ машғуланд. Дастрасӣ ба ин гурӯҳи нисбати ВИЧ осебпазири аҳолӣ хеле маҳдуд аст. Аммо аз 25 нафари МҶМ-и мавриди пурсиш қароргирифта дар бештар аз 30% ҳолатҳо истифода бурдани рифоларо дар алоқаи ҷинсии охирон рад карданд.
Нақши роҳҳои таносулии сироят дар байни гурӯҳҳои аҳолии дорои хатари зиёди гирифторӣ ба ВИЧ-ро паҳншавии васеи ИРҶГ муайян менамояд. Бештар аз 10% маҳкумшудагони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, инчунин ИМНТ аз ҷумлаи мардон, бештар аз сеяки ИМНТ занон ва зиёда аз нисфи КАҶ дар бораи аломатҳои ИРҶГ хабар расонданд.
Ба ғайр аз гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ бояд аҳамияти қобили мулоҳиза ба табақаҳои аҳолие дода шавад, ки намояндагонашон аз ҳама бештар ба қатори гурӯҳҳои махсусан осебпазир меафтанд ё бо онҳо дар тамоси ҳаматарафа мебошанд (ҷавонон, кӯдакони бесаробон, муҳоҷирон, хизматчиёни ҳарбӣ). Рафтори ҷинсии онҳо ҳамоно хатарнок боқӣ мемонад, ки далели он интишори васеъ доштани сифилис дар байни онҳо, аз ҷумла дар байни занони хомилаи щаҳрҳои Душанбе ва Хӯҷанд0,5% ҳолатҳо, мебошад.
Маълумотҳои НЭМ, ки дар ду шаҳр Душанбе ва Хӯҷанд дар давраи аз август то декабри соли 2005 ба даст, оварда шудаанд, вале онҳоро бо дигар минтақаҳои кишвар, ки аз шаҳрҳои номбурда аз рӯи хислатҳои демографӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба куллӣ фарқ мекунанд, мутобиқ донистан мумкин нест.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо эпидемияи ҷиддии ВИЧ рӯ ба рӯ шудааст, ки миқёси онро танҳо дар оянда бояд муайян кард.
Натиҷаҳои дар боло зикргардидаи тадқиқот нишон доданд, ки сарфи назар аз натиҷаҳои муайяни бадастомада дар фарогирӣ бо барномаҳои профилактикӣ, ҷорӣ намудани онҳо ба тағийр ёфтани рафтори хатарнок дар байни гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ таъсири кофӣ нарасонд.
4. Сабабҳои натиҷабахшии ночизи барномаҳои профилактикӣ ва муолиҷавӣ
Ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии ғайрикофии ҷараёни татбиқи барномаҳои профилактикӣ. Дар солҳои 2001-2005 чорабниҳои зиёде дар гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шудаанд, аммо бештари онҳо такрори якдигар буданд. Дар айни ҳол заминаи ба тарзи пайгирона инкишоф додани ин раванд фароҳам сохта нашудааст.
Татбиқи чорабиниҳо бештар ба тренингҳо, тақсим намудани воситаҳои муҳофизат, таҳия ва интишори маводи иттилоотӣ - маърифатӣ нигаронида шуда буд. Аксаран чунин чорабиниҳо муттасил набуда, бидуни таъмини пайдарпаӣ ва тамоюл ба натиҷаи ниҳон гузаронида мешуданд.
Маҳдуд будани татбиқи барномаҳо нисбат ба ШЗВ доғдориро пурзӯр мекунад ва ҳамин восита ба паҳншавии ВИЧ мусоидат намуда донистани статуси ВИЧ-ро барои гирифторон беманфиат мегардонад, ки ин дар ба нақша даровардани зиндагии худ барои онҳо ва ба амал баровардани тадбирҳои ҳимоятии интиқоли ВИЧ ба дигарон, хеле муҳим аст.
То ҳол ягона чорабиние, ки истифодабарии тазриқии маводи мухаддирро аз тарафи ИМНТ пешгирӣ менамояд, ин пешниҳоди муолиҷа ба онҳо мебошад. Шахсоне, ки аз бадомӯхтии нашъамандии худ наметавонанд халосӣ ёбанд, бо он ки ба маводи мухаддири тиббӣ дастрасӣ надоранд, маҷбур мешаванд, ки онро аз гардиши ғайриқонунӣ ба даст оваранд.
Сарфи назар аз он, ки вояи иҷозатдодашудаи маводи нашъа, ки дар нашъамандон ошкор карда мешавад, ба тарзи қобили мулоҳиза ба андозаи вояи миёнаи яккаратӣ зиёд карда шудааст, татбиқкунандагони ҳуқуқ ҳанӯз ҳам ИМНТ-ро мавриди муҷозот аз тарафи милитсия қарор медиҳанд. Дар натиҷаи ин, онҳо аксар вақт дар барномаҳои пешгирии ВИЧ иштирок намекунанд.
Аз тарафи дигар, мавҷуд набудани муолиҷаи ҷойгузини нигоҳдоранда ба МАР майл доштани ШВЗ-ро, ки наметавонанд аз маводи нашъа даст кашанд, кафолат намедиҳад.
Бештари ТҒҲ ба сифати ташкилотҳои касбӣ баҳо додан намешаванд. Вобаста ба кормандони онҳо, ки ба пешгирии ВИЧ машғуланд, хеҷ гуна талаботи тахассусӣ таҳия сохта нашудааст.
То ҳол мушкилоти таъмини фарогирии гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ ва муолиҷаи шахсони дорои ВИЧ дар барномаҳои ҳимоятӣ бартараф карда нашудааст.
Нишондиҳандаҳои асосии миллии мониторинги эпидемия ва усулҳои баҳодиҳии онҳо танҳо дар соли 2006 тасдиқ карда шудаанд. То соли 2005 мониторинги эпидемиологӣ аслан вуҷуд надошт ва ба ивази он корҳое ба он монанди маълумот доир ба шумораи ҳолатҳои ВИЧ ва ҳайати ШВЗ, ба амал оварда мешуданд. Танҳо дар ду шаҳри калонтарини кишвар - Душанбе ва Хӯҷанд назорати муоинавии серологӣ ва рафторӣ анҷом дода шудааст, ки ба масъалаҳои басомади паҳншавӣ ва сабабҳои ВИЧ равшанӣ меандозад. Равишҳои умумии таҳия сохтани нишондиҳандаҳои сатҳи лоиҳавӣ муайян карда нашудаанд. Бисёре аз чорабиниҳо бе ба назар гирифтани маълумот доир ба самарабахшии онҳо сурат мегиранд. Баҳодиҳии мунтазами таъсири дахолатҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои ниҳоӣ, ба амал бароварда намешавад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи татбиқи Нақшаи миллии стратегии дахлдор дар мавриди такмили сиёсати давлатӣ ва тадбирҳои мубориза бо сирояти ВИЧ натиҷаҳои муайяне ба даст оварда шудаанд. Дар баробари ин, солҳои 2002-2005 мавриди иҷро қарор гирифта, он аҳамияти нишондиҳандаҳои зиёди муҳими марбут ба рафтори бехатари одамонро муайян накард, бисёре аз вазифаҳои он ҳал нагардиданд ва мутаассифона сирояти ВИЧ авҷ мегирад.
5. Нақшаи чорабиниҳо мубориза бо эпидемия
Мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои ниҳоӣ
Таҳлили қувваҳои ҳаракатдиҳандаи сирояти ВИЧ/СПИД нишон медиҳад, ки дар стратегияи боздоштани суръати афзоиши он диққати асосӣ бояд ба гурӯҳҳои зерини аҳолӣ равона карда шавад:
* ШВЗ;
* ИМНТ;
* КАҶ;
* МҶМ;
* Шахсони аз озодӣ маҳрум;
* Ҷавонон, аз ҷумла кӯдакон ва наврасони бепарастори то 17 сола;
* Хизматчиёни ҳарбӣ;
* Муҳоҷирон;
* Занон.
5.1. Мақсад: Паст кардани суръати паҳншавии сирояти ВИЧ бо роҳи таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба профилактика, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ
Самтҳои асосии стратегӣ, ки тибқи онҳо бояд чорабиниҳо ба амал бароварда шаванд, аз инҳо иборат мебошанд:
* Такмил додани сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ба вуҷуд овардани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои ба амал баровардани дастрасии универсалӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ.
* Ба амал баровардани барномаҳои пешгирикунандае, ки дастрасиро ба хизматрасонии пешгирии интиқоли ВИЧ бо истифода аз тамоми қувваю воситаҳо, таъмин месозанд.
* Татбиқи барномаҳои МЗР ва муолиҷаи бемориҳои оппортунистӣ, муолиҷаи паллиативӣ ва нигоҳубини ШВЗ.
* Дар амал татбиқ намудани барномаҳои дастгирии иҷтимоии ШВЗ, аъзоёни оилаҳо ва наздикони онҳо.
Такмил додани заминаи иттилоотии таъминсозандаи назорати эпидемиологӣ, аз ҷумла мониторинг ва баҳодиҳӣ.
Ба амал татбиқ кардани нақша барои тақвият ва инкишоф додани чорабиниҳо, истифодабарии механизмҳои пештар ба кор нарафта, аз ҷумла барои бартараф кардани монеаҳои асосии таъмини дастрасии умумӣ ба пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ, нигаронида мешавад.
5.2. Вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок
Вазифаи 1. Ноил шудан ба қабули тарзи зиндагӣ аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои аҳолии дорои хатари аз ҳама бештари гирифтории ВИЧ, ки ҳимояи онҳоро аз сирояти ВИЧ таъмин созад.
Нишондиҳандаҳо:
- то соли 2010 ноил шудан ба он, ки намояндагони гурӯҳҳои аҳолии дорои хатари аз ҳама бештари гирифтории ВИЧ (на камтар аз 50% ИМНТ ва 60% КАҶ, МҶМ, шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта) рафтореро қабул намоянд, ки кам гардидани хатари сирояти ВИЧ -ро таъмин созад;
- то соли 2010 фарогирӣ бо барномаҳои профилактнкӣ 100% шахсони маҳкумшуда, на камтар 70% миқдори КАҶ, на камтар 60% ИМНТ ва 10% аз шумораи баҳодиҳии МҶМ;
- то соли 2010 фарогирии МСИ бояд 60% ИМНТ-ро ва на камтар аз 70% КАҶ аз шумораи баҳодиҳӣ;
- то соли 2010 на камтар 70% намояндагони гурӯҳҳои осебпазирӣ аз роҳҳои пешгирии ВНМО воқиф ҳастанд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, фароҳам овардани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои татбиқи дастрасии умумӣ ба профилактикаи ВНМО дар байни гурӯҳҳои аҳолии махсусан осебпазир;
То соли 2008:
- гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои меъерии ҳуқуқӣ, дар қисмати муҳайё намудани шароит барои ба шаҳрвандони мубталои нашъамандӣ пешниҳод намудани терапияи ивазкунанда ва дар заминаи он таҳия намудани дастурамалҳои меъёрии вазорату идораҳои дахлдор барои ҷорӣ намудани он;
- гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади баррасии имконияти ҷорӣ намудани барномаҳои мубодилаи сӯзандоруҳо ва сӯзанҳо дар муассисаҳои адои ҷазо (пенитенсиарӣ);
- гузаронидани экспертиза ва омода намудани пешниҳодҳо оид ба таҷдиди назар намудани амалҳои истифодаи ҳуқуқ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбати гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;
- гузаронидани экспертизаи қонунгузорӣ, вазъ ва хавфҳои таҳияи низомномаи ҷалби ТҒҲ ва ташкилотҳои давлатӣ ба хизматрасонии дорои хислати тиббии марбут ба компоненти мубодилаи сӯзандоруҳо ва сӯзанҳо, ҷамъоварӣ ва утилизатсияи (нобудсозии) асбобҳои эҳтимол сироятшуда, аз ҷумла муайян намудани тартиби иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) онҳо;
- муқаррар намудани талаботи тахассусӣ нисбати дониш ва малакаи кормандони дар барномаҳои паст кардани сатҳи зарар машғулбуда, инчунин баррасӣ намудани зарурати кушодани курсҳои тарбияи касбии онҳо ва ба Номгӯи ихтисосҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ихтисоси "корманди иҷтимоӣ оид ба профилактикаи ВИЧ дар байни гурӯҳҳои аҳолии махсусан осебпазир";
- таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи стратегияҳои профилактикаи ВИЧ дар байни ИМНТ бо муайян намудани ҳаҷми чорабиниҳо, тартиби ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои паст кардани сатҳи зарар, эҳтиёҷот ва талабот ба маводи нашъа, инчунин чорабиниҳо оид ба мониторинги эпидемиологӣ ва арзёбии чорабиниҳо, аз ҷумла нисбати сирояти бо хун гузаранда, хусусан гепатити В ва С;
- дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда, ҳал намудани масьалаи таъсиси маркази таҳияи маводи иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба пешгирии ВИЧ барои гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ бо иштироки кормандони тиббии касбӣ ва намояндагони ТҒҲ. Таҳия намудани низомномаи марказ ва тавсияҳо оид ба тақризи маводи иттилоотӣ-маьрифатӣ бо мақсади чоп ва интишори минбаъдаи онҳо.
Дар давоми солҳои 2007-2010:
- гузаронидани МИМ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ оид ба паст кардани сатҳи стигматизатсия ва табъизи ШВЗ, инчунин намояндагони гурӯҳҳое, ки дараҷаи хатари сироятшавиашон бо ВИЧ баланд аст;
- андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии ташкили ТҒҲ хизматрасони СПИД, ки ба гурӯҳҳои аҳолии махсусан осебпазири аҳолӣ нигаронида шудаанд;
- андешидани тадбирҳо оид ба вусьатбахшии ҷалби ТҒҲ хизматрасони СПИД дар ҷараёни банақшагирӣ, татбиқ, мониторинг ва арзёбии самаранокии чорабиниҳо;
- бо кӯмаки ташкилотҳои тиббӣ омода намуданн ТҒҲ, лидерҳои ғайрирасмӣ, ШВЗ дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии мубориза бо сирояти ВИЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* Чорабиниҳо оид ба вусьатбахшии дастрасии гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ ба хизматҳо оид ба пешгирии интиқоли ВИЧ:
- Дар давоми солҳои 2007-2010 вусъатбахшии доира ва фарогирӣ бо хизматҳо, омӯзиш, иттилоот, коммуникатсия, кӯмаки тиббӣ-профилактикӣ, аз ҷумла оид ба муолиҷаи ИРҶГ, пешниҳод намудани сӯзандоруҳои поки якдафъаина, сӯзанҳо, воситаҳои дезинфексия (безараргардонӣ), инчуннн хизматҳои пешгирии бемории сил, паст кардани сатҳи нашъамандӣ. Баррасӣ намудани масьалаи ҷорӣ намудани терапияи ивазкунанда;
- то соли 2008 таҳия намудан, чоп кардан ва интишор (паҳн) намудани МавИМ маводи иттилоотию маърифатӣ барои ИМНТ, КАҶ, МСМ, шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, бо назардошти эҳтиёҷот;
- инкишоф додани корҳои аутрич дар байни ИМНТ, бо тадриҷаи мутамарказ намудани он дар нуқтаҳои статсионарии (доимии) боварӣ. Кушодани нуқтаҳои боварӣ барои ИМНТ дар ҳама марказҳои вилоятӣ ва аксарӣ ноҳияҳо;
- инкишоф додани хизматҳои клиникаҳои хайрхоҳи муолиҷаи ИРҶГ бо тамоюл ба гурӯҳҳои махсусан осебпазир. Таъмин намудани иттилооти васеъ оид ба клиникаҳои хайрхоҳ дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;
- то соли 2010 ҷорӣ намудани системаи раҳнамоии иҷтимоӣ барои пешниҳоди хизматҳои ҳамоҳангшуда дар соҳаи профилактика, муолиҷа ва дастгирӣ дар мавриди ВИЧ/СПИД ба намояндагони гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ (ИМНТ, КАҶ ва шахсони пештар дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта);
- то соли 2010 бо барномаҳои профилактикӣ фаро гирифтани ҳадди ақал бо як хизмати профилактикӣ гирифтаи дар тӯли 5 сол 100% шахсони маҳкумшуда, на камтар 70% миқдори КАҶ, на камтар 60% ИМНТ ва 10% аз шумораи баҳодиҳии МҶМ дар марказҳои боварӣ ва кабинетҳои сӯҳбати дӯстона;
- то соли 2010 дастраси гурӯҳҳои осебпазирӣ ба МСИ бо фарогирии на камтар аз 60% ИМНТ ва на камтар аз 70% КАҶ аз миқдори баҳодиҳии онҳо;
- таъмин намудани дастрасии ТҒҲ хизматрасони СПИД, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ хизматҳои профилактикӣ мерасонанд, ба захираҳои кӯмаки донорӣ;
- таъмин намудани иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии ҳимоятгари манфиатҳои гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ (ИМНТ, КАҶ, ШВЗ) дар кумитаҳои ҳамоҳангсозии вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО;
- мусоидат намудан ба вусъатбахшии шабакаи ТҒҲ хизматрасони СПИД, ки намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро (ИМНТ, КАҶ, МСМ ва ғайра) дар бар мегиранд;
- вусьат бахшидани ҷалби лидерҳои ғайрирасмии ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҷамъиятҳо, ташкилотҳои мазҳабӣ ба чорабиниҳои профилактикӣ дар байни гурӯҳҳои махсусан осебпазир ва умуман аҳолӣ.
Вазифаи 2. Ноил шудан ба қабули тарзи зиндагӣ аз тарафи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ҷавонон, аз ҷумла кӯдакони бесаробон, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, занон), ки хатари сирояти ВИЧ-ро то ҳадди аксар паст менамоянд, яъне даст кашидан аз нашъамандии тазриқӣ, ба таъхир гузоштани алоқаи ҷинсӣ, вафодорӣ, истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ
Нишондиҳандаҳо:
- то соли 2008 ва соли 2010 мутобиқан 30% ва 90%-и ҷавонони синни 15-24 бояд роҳҳои дурусти пешгирии сирояти ВИЧ-ро нишон диҳанд;
- % мактабҳое, ки муаллимони онҳо дар соҳаи омӯзиши масъалаҳои ВИЧ/СПИД дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ таълим гирифтаанд ва дар давоми соли охирини тахсил машғулиятҳои дахлдор гузаронидаанд;
- % ташкилотҳо, муассисаҳо/ширкатҳое, ки барномаҳо ва сиёсати мубориза бо ВИЧ/СПИД-ро дар ҷойҳои корӣ татбиқ менамоянд;
- то соли 2010 паҳншавии сифилис дар ҳар яке аз гурӯҳҳои аҳолӣ камтар аз 0,1%;
- то соли 2010 на камтар аз 50% ҷавонони синни 15-24 бояд нишон диҳанд, ки ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ бо шарикони ғайридоимии алоқаи ҷинсии худ рифолаҳоро истифода бурдаанд;
- % мардҳои ҷавон ва занон оиди алоқаҳои ҷинсии онҳо то синни 15 солагӣ;
- шумораи рифолаҳои тақсимшудаи ҳарсола аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ва сектори хусусӣ;
- алоқаҳои ҷинсии ғайриникоҳии ҷавонони ҳар ду ҷинси 17-19-сола, на бештар аз 20%.
Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, фароҳам овардани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои амалӣ намудани дастрасии умумӣ ба профилактикаи ВИЧ дар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ:
То соли 2008:
- гузаронидани экспертиза ва ҳамгироии чорабиниҳои мубориза бо ВИЧ дар санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи мудофиа, маориф, муҳоҷират, муносибатҳои оилавӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, бо пешбинӣ намудани татбиқи онҳо аз ҷониби хадамот, ташкилотҳо ва корхонаҳои дахлдор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо;
- таҳия ва қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмин ва тартиби омӯзиши масьалаҳои сирояти ВИЧ ва пешгирии он дар муассисаҳои таълимӣ;
- таҳия намудани барномаи миллӣ оид ба иттилоот ва коммуникатсия бо тамоюл ба ВАО;
- таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ/барномаҳо ва нақшаҳои нав дар бахшҳои амнияти миллӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, муҳоҷират, оид ба корҳои оила ва занон, оид ба таъмини омӯзиш, иттилоот, коммуникатсия бо назардошти таъмини дастрасии умумӣ ба профилактика, ки механизми назорати иҷро ва ҳамкорӣ бо бахши ғайриҳукуматиро пешбииӣ менамоянд;
- таҳия намудани ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тартиби ҷалби ТҒҲ-ро ба фаъолияти маърифатӣ дар байни наврасон пешбинӣ менамоянд, бо мақсади омӯзонӣ, иттилоотонӣ ва коммуникатсия оид ба масъалаҳои сирояти ВИЧ тибқи принсипи "баробар ба баробар", аз ҷумла бо истифода аз истироҳатгоҳҳои тобистона ва корҳои беруназсинфӣ;
- бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи тартиби муқарраргардида санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба таъмини омӯзонии масъалаҳои пешгирии ВИЧ дар ҷойҳои корӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҳангоми таҳияи Барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва муштараки вазорату идораҳои алоҳида дар соҳаи ВИЧ/СПИД бо тартиби ҳатмӣ масъалаҳои паст кардани осебпазирии махсуси занон ба ВИЧ/СПИД, ноил гардидан ба тавозуни гендерӣ дар мавриди дастрасӣ ба маводи профилактикӣ ва хизматҳо ворид карда шаванд;
- такмил додан ва вусъат бахшидани системаи МСИ, таҳия намудани низомномаи гузаронидани тестҳо, аз ҷумла дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, ки риоя гардидани махфият ва маҳрамиятро таъмин намояд;
- таҳия намудани низомномаи клиникаҳои хайрхоҳ ба сохторҳои омодашуда, аз ҷумла дар заминаи ТҒҲ баъди сертификатсияи дахлдори онҳо додани имконияти гузаронидани тестҳо, машваратҳо ва табобати ИРҶГ;
- таҳия намудани хуҷҷатҳои меьёрӣ оид ба муоина ва машваратдиҳӣ дар мавриди ИРҶГ, КАҶ ва профилактикаи сирояти ВИЧ дар байни наврасон.
* Чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барномаҳои профилактикие, ки дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ҷавонон, кӯдакон, бесаробон, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, занон)-ро ба ҳама иқтидорҳо ва воситаҳои мавҷудаи пешгирии ннтиқоли ВИЧ таъмин менамоянд.
- Дар соли 2007 гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии муносибатҳо, амалия ва рафтори ҷавонони синни 15-24-сола дар сатҳи миллӣ;
То соли 2008:
- таҳлил ва аз нав дида баромадани барномаҳои мавҷудаи таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, таҳия ва пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба механизми ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ оид ба таҷрибаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва махсус, омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ (ОКТ), институтҳои тарбияи баъдидипломии кадрҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба тақвияти Барномаи давлатии "Рушди соҳаи маориф дар солҳои 2003-2010";
- аз нав дида баромадани усулҳои омӯзонии муаллимоне, ки дар курсҳои такмили ихтисос таълим мегиранд, бо такя ба ташаккули малакаҳои ҳаётии талабагон, ки барои пешгирии ВИЧ зарур мебошанд:
- таҳия намудани механизми ҷорӣ кардани усули омӯзонии "баробар ба баробар" дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таълимгоҳҳои махсус, ОКТ, институтҳои тарбияи баъдидипломии кадрҳо;
- таҳия намудани механизми ҳамкорӣ бо бахши ғайриҳукуматӣ ва лидерони ғайрирасмии ҷомеаҳо, созмонҳои мазҳабӣ, бахши хусусӣ, ВАО ва вусъатбахшии ҷалби онҳо ба таблиғи тарзи солими ҳаёт;
- вусъат бахшидани татбиқи барномаҳои профилактикӣ барои ҷавонон дар созмонҳои беруназмактабӣ, клубҳо, истироҳатгоҳҳои тобистона бо истифодаи усулҳои гуногуни пешниҳоди иттилоот, аз ҷумла сохтани филмҳои таълимӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи тарзи солими ҳаёт, хусусан пешгирии ВИЧ/СПИД ва вусьатбахшии таблиғи дахлдор дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои педагогӣ (омӯзгорӣ);
- таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ кардан ва чоп намудани дастури методӣ оид ба пешгирии ВИЧ дар ҷойҳои корӣ ва интишори он тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар корхонаҳо ва ташкилотҳо;
- ҳангоми таҳияи барномаҳо ва дастурҳои таълимӣ дар ҳама сатҳҳои сохторҳои таълимӣ ворид намудани ҷанбаҳои ба паст кардани дараҷаи осебпазирии занон ва духтарон ба ВИЧ/СПИД равонагардида.
То соли 2010:
- таҳия, тасдиқ ва чоп намудани дастурҳои таьлимӣ барои омӯзгорон ва талабагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, курсантҳои донишкадаҳои такмили ихтисоси муаллимон, таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи ҳарбӣ оид ба малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ дар ҳама сатҳҳои сохторҳои таълимӣ;
- тайёр намудани захираи кадрҳо аз ҳисоби омӯзгорон, духтурони наврасон, худи ҷавонон барои ҷорӣ намудани барномаҳо оид ба малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ дар сатҳи миллӣ;
- таҳия намудани механизми сертификатсияи омӯзгорон дар сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии таълимӣ ва ихтиёриён аз ҷумлаи ҷавонон оид ба малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ ва методологияи "баробар ба баробар";
- аз ҳисоби маблағҳои донорӣ ё ин ки сармояҳои байналмилалӣ, дар давраи солҳои 2007-2010 бо теъдоди умумии на камтар аз 1 миллион нусха нашр намудани МавИМ оид ба пешгирии интиқоли ВИЧ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва забонҳои намояндагони миллатҳои дигари якҷоя дар як маҳал истиқоматкунанда бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо;
- дар давраи солҳои 2007-2010 вусъат бахшидан ба пешниҳод намудани тестҳо, табобати ИРҶГ, маводи профилактикӣ тавассути системаи ХҶХ бо роҳи ба таври васеъ мутамарказ намудани маводи номбурда дар сохторҳои мавҷуда дар заминаи тандурустии ҷамъиятӣ ва бахши ғайриҳукуматӣ дар сатҳи миллӣ;
- мусоидат намудан ба гузаронидани маркетинги иҷтимоии рифолаҳо дар Тоҷикистон ва вусъат бахшидани рекламаи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои шаҳвати бехатар ва истифодаи рифолаҳо.
Вазифаи 3. Паст кардани осебпазирии аҳолӣ ба сирояти ВНМО бо роҳи таъмини дастрасӣ ба табобати самараноки ИРҶГ
Нишондиҳандаҳо:
- то соли 2010 кӯмаки тиббӣ ҳангомн ИРҶГ дар тамоми муассисаҳои табобатии давлатӣ дар асоси протоколҳои тавсиянамудаи ТУТ расонида мешавад;
- на камтар аз 75%-и ҷавонони ба муассисаи тиббӣ дар мавриди ИРҶГ муроҷиатнамуда бо ташхис, табобат ва машваратдиҳӣ таъмин карда мешаванд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул додани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои амалӣ намудани дастрасии умумӣ ба табобати ИРҶГ мусоидаткунанда:
- То соли 2008 гузаронидани экспертиза бо ворид намудани пешниҳодҳои дахлдор оид ба такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи табобати ИРҶГ, бо назардошти тавсияҳои ТУТ.
* Чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳое, ки дастрасии аҳолиро ба табобати ИРҶГ таъмин менамоянд:
То соли 2008:
- таҳлил намудани дастурамалҳо/протоколҳои миллӣ оид ба муоинаи беморон гирифтори ИРҶГ ва мутобиқ намудани онҳо тибқи тавсияҳои ТУТ бо назардошти натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии муносибатҳои аҳолӣ ба шароити расонидани ёрии тиббӣ;
- таҳия намудани барномаҳои таълимӣ оид ба усулҳои ташхис ва табобати ИРҶГ, аз ҷумла масъалаҳои рушди малакаҳои коммуникатсионӣ бо намояндагони гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ, ҷорӣ намудани онҳо дар таҳсили баъдидипломии духтурони ихтисосҳои дахлдори омехта;
- ба Номгӯи талаботи тахассусӣ ворид намудани донишу малакаҳо дар соҳаи ташхис ва табобати ИРҶГ, ки ба духтурони ихтисосҳои дахлдори омехта пешниҳод карда мешаванд;
- таҳия ва нашр намудани дастури таълимӣ барои духтурони амалияи умумӣ па донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба ташхис ва табобати ИРҶГ;
- дар давраи солҳои 2007-2010 тайёр намудани миқдори зарурии мутахассисон оид ба бархӯрди синдромӣ ба муоинаи ИРҶГ барои ҷорӣ намудани он дар миқёси умумимиллӣ;
Вазифаи 4. Таъмин намудани аҳоли бо дастрасӣ ба маҷмӯи пурраи хизматҳое, ки сатҳи интиқоли ВИЧ-ро аз модар ба кӯдак паст мекунанд.
Нишондиҳандаҳо:
то соли 2010:
- на камтар аз 80%-и шумораи арзёбишудаи занони ҳомилаи бо ВИЧ сироятшуда ва қӯдак таваллудкарда тибқи протоколи миллии муолиҷа курси пурраи профилактикаи антиретровирусӣ мегиранд;
- ҳар сол шумораи кӯдакони бо ВИЧ сироятшуда, аз модарони гирифтори ВИЧ таваллудшуда аз 8% зиёд намебошад;
- на камтар аз 90%-и занони ҳомила дар қайди гинеколог мебошанд;
- ба на камтар аз 99%-и занони ҳомила (аз ҷумлаи онҳое, ки дар қайди гинеколог мебошанд) бояд маслиҳатҳо ва тестҳои ихтиёрӣ пешниҳод карда шаванд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул додани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои амалӣ намудани дастрасии умумӣ ба пешгирии интиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак мусоидаткунанда:
- То соли 2008 аз нав дида баромадан ва тасҳеҳ намудани дастурамалҳо оид ба пешгирии интиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак дар асоси тавсияҳои ЮНЭЙДС, ТУТ ва Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ).
* Чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳое, ки дастрасии аҳолиро ба пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак таъмин мекунанд:
То соли 2008:
- аз соли 2008 оғоз намуда ба ҳама занони ҳомилае, ки хоҳиши нигоҳ доштани ҳомилагӣ доранд, пешниҳод намудани МСИ барои ВИЧ дар тамоми клиникаҳои антенаталӣ, бо муайян намудани роҳҳои матлуби расонидани хун барои тадқиқот;
- сафарбар намудани захираҳои донорӣ барои ба даст овардани тестҳои зуди ташхиси ВИЧ дар занҳое, ки дар давраи таваллуд ба муассисаҳои кӯмакрасони таваллуд ворид мешаванд.
То соли 2009:
- таҳия намудани барномаҳои таълимӣ оид ба пешгирии ннтиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак, аз ҷумла ташаккули малакаҳои муошират бо намояндагони гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар таълими баъдидипломии духтурони тахассусҳои омехтаи дахлдор;
- ба Номгӯи талаботи тахассусии ба духтурони тахассусҳои омехтаи мухталиф дохил намудани донишҳо ва малакаҳои ҳадди ақал дар соҳаи пешгирии интиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак;
- таҳия ва нашр намудани дастури методи оид ба пешгирии интиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак барои духтурони амалияи умумӣ ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- таъмин намудани маҷмӯи доруворӣ, аз ҷумла ДАР, барои гузаронидани тест ва пешгирии интиқоли ВИЧ аз модар ба кӯдак, тибқи протоколи миллӣ, бо муайян намудани ҷои тамаркузи онҳо;
- сафарбар намудани захираҳои донорҳо ва ташкил намудани захираи мақсаднок барои хӯронидани кӯдаконе,ки аз модари гирифтори сирояти ВИЧ таваллуд шудаанд, нигоҳ доштани захираи дахлнопазири он дар тамоми марказҳои СПИД. Пешбинӣ намудани механизми бепул расонидани он дар мавридҳои ба миён омадани зарурат;
- дар солҳои 2007-2010 таъмин намудани ҳамкории хадамоти саломатии репродуктивӣ бо шӯроҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо мақсади фароҳам овардани имконияти харҷи барвақтар дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудани ҳама занҳои ҳомила дар доираи пеш аз таваллуд, маслиҳатдиҳии саривақтии онҳо ва таблиғи гузаштан аз тест барои ВИЧ.
Вазифаи 5. Таъмин намудани бехатарии манипулятсияҳои тиббӣ, аз ҷумла ҳангоми хунгузаронӣ, трасплантатсия ва химиопрофилактикаи баъди тамоси сирояти ВИЧ
Нишондиҳандаҳо:
то соли 2010:
- аз тест гузаронидани ҳама хуни гузаронидашаванда бояд 100%-ро ташкил диҳад, компонентҳо ва препаратҳои он бошанд, бояд баъди гирифтан ба мӯҳлати баробар ба "фосилаи" серологии ҳадди аксар имконпазири донор, вобаста ба ҳассосияти системаҳои тестии истифодашаванда, карантин шаванд;
- таҷрибаи донории пулакӣ барҳам дода шавад.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул додани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои татбиқи тадбирҳои эҳтиёткории умумӣ ва профилактикаи баъди тамос мусоидаткунанда:
- То соли 2008 аз нав дида баромадани санади дахлдори меъёрии ҳуқуқии лоиҳаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хун, ки бо таҷҳизоти замонавӣ, маводи сарфшаванда ва тарбияи кадрҳо таъмин кардани марказҳои хунро пешбинӣ менамояд;
- то соли 2008 таҳия ва мувофиқа намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии интиқоли дохилибеморхонавии ВИЧ тибқи тавсияҳои ТУТ;
- дар солҳои 2007-2010 вусъат бахшидани таблиғи донории беподош, маҳдуд намудани нишондод нисбати гузаронидани хун ва компонентҳои он, сафарбар намудани захираҳо барои таъмини лабораторияҳои стансияҳои (нуқтаҳои) хунгузаронӣ бо системаҳои ташхиси тести дорои ҳассосияти баланд.
- Чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳои таъмини дастрасӣ ба воситаҳои муҳофизат ва профилактикаи баъди тамос:
- Нашр намудан, тақсим кардан ва таъмин намудани омӯзиши санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба чорабиниҳои умумии эҳтиёткорӣ;
- сафарбар намудани захираҳо барои харидории воситаҳои зарурии ҳифз аз ҷониби ҳар як муассисаи тиббӣ, ташкил намудани захираи лозимаи маҷмӯи воситаҳо барои гузаронидани профилактикаи баъди тамос;
- то соли 2008 дар ҳар як МТП бо фармони роҳбари он муайян намудани духтури масъули гузаронидани профилактикаи баъди тамос. Таъмин намудани омӯзиши ҳама духтурони хадамоти СПИД, ёрии таъҷилии тиббӣ, духтурон-лаборантҳо, акушер-гинекологҳо, зкспертҳои тиббии судӣ ба ташхиси одамони зинда машғулбуда. Тайёр намудани маҷмӯи ДЗР тибқи протоколи ТУТ, захира намудани онҳо барои ҳолатҳои фавқулодда дар хадамоти ёрии таъҷилӣ ва МТПи бузург бо истифодаи минбаъдаи захираҳои ДЗР дар марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии СПИД ва огоҳ намудани кормандони тиббӣ ва дигар кормандон бо хун сарукордошта аз он, ки профилактикаи баъди тамос бо онҳо дастрас мебошад.
Вазифаи 6. Таъмин намудани профилактикаи бемориҳои оппортунистии ШВЗ, аз ҷумла бемории сил
Нишондиҳандаҳо:
- то соли 2010 химиопрофилактикаи бемории сил бояд 100%-и ШВЗ, ки бо беморони гирифтори сил тамос доштанд, аз ҷумла дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордоштагонро фаро гирад;
- на камтар аз 90%-и ШБЗ бояд аз бемориҳои дигар (токсоплазмоз, инфексияҳои бактериявии шикам, инвазияҳои протозойӣ ва ғайра) ҳифз карда шаванд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккули муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои амалӣ намудани дастрасии умумӣ ба пешгирии бемориҳои опиортунистӣ мусоидаткунанда.
- То соли 2008 таҳия ва тасдиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба профилактикаи ошкорсозӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои дуюмдараҷа, инчунин бемории сил дар ШВЗ.
* Чорабиниҳо оид ба татбиқи таъмини дастрасӣ ба профилактикаи инфексияҳои оппортунистӣ:
Аз соли 2007:
- ҷорӣ намудани химиопрофилактикаи бемории сил дар ШВЗ, ки бо беморони гирифтори касалии сили фаъол дар тамос мебошанд, аз ҷумла дар шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд;
- таъмин намудани муоинаи мунтазами гинекологии ҳама занҳои бо ВИЧ сироятшуда, аз ҷумла онҳое, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд, барои муайян намудани ташхиси саривақтии саратони гарданаи бачадон.
Дар солҳои 2007-2010:
- таъмин намудани омӯзонӣ ва маърифатноксозии ШВЗ оид ба принсипҳои пешгирӣ ва муолиҷаи сирояти ВИЧ. Таҳия ва интишор намудани ёддоштҳои дахлдор ва бо онҳо таъмин намудани ҳар як ШВЗ;
- марказҳои СПИД ТҒҲ, пеш аз хама, онҳоеро, ки бо ШВЗ кор мекунанд, дар соҳаи пешгирии бемориҳои дуюмдараҷа омода созанд.
Вазифаи 7. Кафолат додани муолиҷаи антиретровирусӣ ба шахсони эҳтиёҷманди гирифтори ВИЧ
Нишондиҳандаҳо:
- то соли 2010 ҳиссаи ШВЗ-и МЗР гиранда, тибқи протоколи миллӣ, бояд на камтар аз 50%-и шумораи арзёбишудаи шахсони эҳтиёҷмандро ташкил диҳад;
- на камтар аз 70%-и калонсолон ва кӯдакони бо ВИЧ сироятшуда баъди 12 моҳи пас аз оғози МЗР зинда мемонанд;
- на камтар аз 90%-и шахсони расман бақайдгирифташудаи бо ВИЧ сироятшуда ҳар сол аз муоинаи тиббӣ мегузаранд;
- на камтар аз 90%-и беморони СПИД бо кӯмаки паллиативӣ ва нигоҳубин фаро гирифта шудаанд;
- на камтар аз 100% беморон дар ҷараёни МЗР, бо мақсади таъмин намудани аз ҷонибдории онҳо ба табобат кӯмаки иҷтимоӣ-психологӣ мегиранд;
- на камтар аз 90%-и беморон ҳангоми дар онҳо вуҷуд доштани ҳам сирояти ВИЧ ва ҳам бемории сил бояд МЗР гиранд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул додани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои азнавсозии дастрасӣ ба МЗР ба ҳама ШВЗ эхтиёҷманд мусоидат менамоянд:
То соли 2008:
- аз нав дида баромадан ва аниқ намудани протоколи МЗР, тасдиқ намудани тағйроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ;
- баррасӣ намудани имконияти таъмини дастрасии ШВЗ, ки МЗР мегиранд, ба терапияи ивазкунандаи дастгирикунанда, 6о назардошти тавсияҳои ТУТ, ЮНЭЙДС, Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъа ва ҷинояткорӣ;
- таъмин намудани дастрасии шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озоди қарордошта ба воситаҳон муосири лаборатории ташхиси сирояти ВИЧ, аз ҷумла тестҳо барои СД4, бо пешниҳод намудани МЗР дар ҳаҷми пурра, инчунин кӯмаки психологӣ ба шахсони гирифтори сирояти ВИЧ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта;
- таҳия намудани стратегияи харидории номгӯи зарурии ДЗР, бо назардошти талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ, тасдиқ намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
* Чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасӣ ба МЗР:
- Аз соли 2007 сар карда, таъмин намудани омӯзонии донишҷӯёни ДДТТ ва курсантҳои донишкадаи тарбияи баъдидипломии кадрҳои тиббӣ бо усулҳои МЗР;
- идома додани амалияи таъин ва амалӣ намудани МЗР аз ҷониби духтурони ҳама ихтисосҳо вобаста ба синдроми афзалиятдошта;
- таъмин намудани омӯзонии доимии намояндагони ТҒҲ ва ШВЗ дар масъалаҳои МЗР;
- инкишоф додани ҷонибдории ШВЗ, пеш аз ҳама ИМНТ, аз МЗР.
Вазифаи 8. Кафолат додани табобати бемориҳои оппортунистӣ, пешниҳод намудани хизматҳо ба ШВЗ, ки ба кӯмаки паллиативӣ ва нигоҳубин эхтиёҷ доранд.
Нишондиҳандаҳо:
- дар соли 2010 натиҷаҳои арзёбии фаврӣ нишон доданд, ки кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба ШВЗ дар ҳамон ҳаҷме, ки ба дигар шахсони вазъи саломатиашон ба категорияи мушобеҳи беморон баробаркардашуда расонида мешавад, сурат мегирад.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул додани муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои амалисозии дастрасии ШВЗ ба табобати инфексияҳои оппортунистӣ мусоидат мекунанд:
То соли 2009:
- аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба табобати бемориҳои вобаста ВИЧ дар ШВЗ;
- ӯҳдадор кардани қабул ва муолиҷаи ШВЗ, ки гирифтори бемориҳои дуюмдараҷа мебошанд дар МТП махсуси дахлдор ва шӯьбаҳои беморхонаҳои гуногунсоҳа;
- таҳия намудани формуляри доруворӣ барои табобати бемориҳои оппортунистии нисбатан бештар дар ШВЗ вохӯранда дар асоси тавсияҳои ТУТ.
* Чорабиниҳо оид ба амалисозии дастрасӣ ба табобати бемор оппортунистӣ:
- Аз соли 2008 оғоз намудани омӯзонии усулҳои нигоҳубин ва дастгирӣ ба аъзои оилаҳои ШВЗ ва бо адабиёти дахлдор таъмин намудани онҳо;
- таъмин намудани ҳамоҳангии саъю кӯшишҳои ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин ҳама дигар ТҒҲ манфиатдор, аз ҷумла Ҷамъияти Миллии Ҳилоли Аҳмар, маҳаллаҳо ба созмонҳои динӣ дар рушди барномаҳои нигоҳубин ва дастгирии ШВЗ;
- то соли 2008 муҳайё намудани захираи дорувории дахлдоре, ки дар ҷумҳурӣ чандон зиёд истифода намешаванд, ба монанди паромомитсин, албендазол, пириметамин ва ғайра;
- аз соли 2008 оғоз намуда, бо барномаҳои таълими ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар муассисаҳои таълимии тиббӣ дохил намудани мавзӯъҳо оид ба расонидани кӯмаки паллиативӣ ба ШВЗ бо истифодаи протоколи миллии дахлдор, аз ҷумла дар фаслҳои дахлдори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда, то соли 2008 ба меъёрҳои штатии марказҳои СПИД дохил намудани вазифаи психолог, корманди иҷтимоӣ, акушер-гинеколог ва ҳуқуқшинос барои кор бо ШВЗ;
- дар давраи солҳои 2007-2010 васеъ намудани доира ва фарогирии ШВЗ бо хизматҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии гузаштани ВИЧ ва сироятшавии такрорӣ;
- таъмин намудани кори доимии психологӣ бо ШВЗ бо роҳи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои психологҳое, ки дар МТП ва ТҒҲ кор мекунанд.
Вазифаи 9. Кафолат додани дастгирии иҷтимоии ШВЗ, аъзои оилаҳо ва наздикони онҳо
Нишондиҳандаҳо:
- миқдори қиёсии % ШВЗ, ки воситаҳои рӯзгузаронӣ доранд дар сатҳи ҳадди ақали расмӣ мебошад;
- миқдори қиёсии % оилаҳои дорои кӯдакони бо ВИЧ сироятшудае, ки барои нигоҳубини кӯдак кӯмакпулӣ мегиранд.
* Чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккули муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои дастгирии кафолатноки иҷтимоии ШВЗ, аъзои оилаҳо ва наздикони онҳо мусоидаткунанда
- То соли 2008 таҳия намудани санадҳои меьёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки ба пурра ҷори гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бо ВИЧ/СПИД" мусоидат мекунанд.
* Чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии ШВЗ ва одамони аз ВИЧ азияткашанда ба кӯмаки иҷтимоӣ:
Аз соли 2007 оғоз намуда:
- ба татбиқи лоиҳаҳои дастгирии хоҷагиҳои оилавӣ ҷалб намудани ШВЗ (омӯзиш ва дастгирии бизнеси шахсӣ);
- таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои ба ШВЗ омӯзонидани малакаҳои касбие, ки шуғли онҳоро таъмин менамоянд;
- таҳия ва оғоз намудан ба ҷорӣ кардани лоиҳаҳои офиятбахшии иҷтимоии одамони гирифтори ВИЧ, аз ҷумла онҳое, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҷавоб мешаванд;
- аз ҳисоби маблағҳои донорӣ ё ин ки сармояҳои байналмилалӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконе, ки ятим мондаанд ё дар натиҷаи сирояти ВИЧ аз сарпарастии волидон маҳрум гаштаанд;
- то соли 2008 ташкил намудани системаи мониторинги мустақили риояи ҳуқуқи ШВЗ, тибқи қонунгузории ҷорӣ, дар сатҳи миллӣ ва мусоидат намудан ба истифодаи механизмҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқ барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои ШВЗ;
- мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳи огоҳии ШВЗ ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар мавриди ҳуқуқҳояшон, ҷалби самараноки ШВЗ ва дигар гурӯҳҳои осебназири аҳолӣ ба қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо;
- ҳангоми таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ дар соҳаи ВИЧ/СПИД, ки ба баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон равона гардидаанд (духтурон, муҳофизони ҳуқуқ, кормандони системаи иҷтимоӣ ва системаи маориф, сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла милитсия ва системаи адои ҷазо);
- ворид намудани масъалаҳои ташаккули муносибати ботаҳаммул ба ШВЗ ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ва риояи хуқуқҳои онҳо, ки қонунгузории ҷорӣ кафолат медиҳад.
6. Бархӯрди асосӣ барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки Нақшаи чорабиниҳо
Тамоюли муҳимтарин барои таъмини самаранокии барномаҳои профилактикӣ ва табобатӣ, инчунин барномаи нигоҳубин ва дастгирӣ амалӣ намудани дастрасии умумӣ мебошад. Дар ин маврид дар кишвар то соли 2008 таҳия ва бо ташкилотҳои донорӣ тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа намудани стандартҳои ҳадди ақали кафолатдодашавандаи пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии вобаста ба ВИЧ мебошад.
Стандартҳои давлатии ҳадди ақали пешгирӣ бояд аз пешниҳод намудани омӯзиш, иттилоот, коммуникатсия, аз ҷумла дар муассисаҳои маориф тибқи барномаҳои давлатӣ иборат бошад, зимнан сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, дар ВАО давлатӣ, инчунин дар муассисаҳои тиббӣ. Ҳамгироии компонентӣ иттилоотӣ-маърифатӣ дар кӯмаки аввалияти тиббӣ-санитарӣ дорои аҳамияти махсус буда, бояд ба низомномаҳо оид ба фаъолияти ташкилотҳои дахлдор ва ба ӯҳдадориҳои вазифавии кормандони онҳо дохил карда шаванд.
Мундариҷаи барномаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ барои тамоми аҳолӣ ҳатман бояд маълумотро дар бораи роҳҳо ва омилҳои гузаштани ВИЧ, инчунин ИРҶГ, усулҳои паст кардани сатҳи хатар, аз ҷумла бо роҳи истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ дар бар гирад. Омӯзонӣ ва иттилоотонии гурӯҳҳои аҳолии дорои хатари баланди сироятшавӣ бо ВИЧ бояд тамоми ин хатарҳоро ба эътибор гирад ва тавсияҳои дақиқи кам кардани онҳоро дар байни гурӯҳҳои махсусан осебпазири аҳолии амалияи хатарнок равонгардидаро дар бар гирад.
Бо мақсади иҷрои нақша таҳия ва қабул намудани сиёсат оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба маводи профилактикӣ (рифолаҳо), аз ҷумла, нисбати фурӯши онҳо бо нархҳои дасрас ва пешниҳод намудани дастурамали истифодаи онҳо зарур мебошад.
Бояд ба аҳолӣ имконияти гирифтани кӯмаки тиббӣ ҳангоми ИРҶГ бо шартҳое, ки аҳолӣ омода аст онҳоро гирад, кафолат дода шавад, аз ҷумла таъмин намудани додани доруворӣ тибқи стандарҳои ҳадди ақали кӯмаки тиббӣ дар шароити амбулаторӣ. То соли 2008 чунин стандартро бояд тибқи протоколҳои ТУТ таҳия намуд ва захираҳои донорҳои байналмилалиро барои таъмини эҳтиёҷмандон бо доруворӣ аз ИРҶГ сафарбар кард.
Бояд ба аҳолӣ чунин дастрасиро таъмин намуд, ки имконпазир бошад дар тамоми МТП барои ВИЧ хун супурда шавад. Кормандони тиббӣ бояд беморонро аз чунин нуқтаҳо хабардор созанд, рекламаи берунии онҳо, аз ҷумла тавассути ВАО бояд таъмин карда шавад.
Маълумотҳо оид ба имконияти гирифтани дастрасӣ ба барномаҳои профилактикӣ, табобатӣ, инчунин ба барномаҳои нигоҳубин ва дастгирӣ ба иттилои аҳолӣ бо истифода аз тамоми шабакаҳои иттилоот расонида шавад.
6.1 Мониторинги иҷрои ин барнома
Дар солҳои 2007-2010 дар Тоҷикистон системаи мониторинг ҳам дар асоси вусьатбахши ва такмили НЭМ, ҳам дар асоси бақайдгирии ҳолатҳои сирояти ВИЧ рушд хоҳад ёфт. Дар айни ҳол бояд эътимоднокии маълумотҳо тавассути дастрасӣ ва такмили технологияҳои таҳлилӣ баланд бардошта шавад.
Мониторинги чорабиниҳо тибқи Дастурамали миллӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, ки аз ҷониби КҲМ тасдиқ гардидааст, бо ҳамгироии НЭМ дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва бо иштироки ҳама шарикони манфиатдор анҷом дода мешавад.
Бояд дар 2 сол 1 маротиба системаи нишондиҳандаҳои миллӣ таҷдиди назар карда шавад ва дар мавриди зарурат нишондиҳандаҳои иловагӣ ворид карда шаванд ва (ё) нолозими онҳо хориҷ карда шаванд. Ҳангоми гузаронидани мониторинг баҳодиҳии фаврӣ гузаронида мешавад, ки вазифаи он муайян намудани миқдори гурӯҳҳои дастнораси одамон (ИМНТ, КАҶ, МСМ, мухоҷирон ва кӯдакони бесаробон) мебошад. Илова бар ин, ҳамзамон мониторинги фаъолияти барномавӣ анҷом дода мешавад, ки фарогирии гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ ва табобати ШВЗ, инчунин таъминот бо захираҳоро дар бар мегирад.
Нақшаи мониторинги барнома бо тамоми тарафҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад ва ҳар сол онро КҲМ тасдиқ менамояд. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои иҷро ва баҳодиҳии он дар конференсияҳои миллӣ бо иштироки тамоми тарафҳои манфиатдор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Иқтидорҳои марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии СПИД, марказҳои ҳамоҳангсозии мониторинг, баҳодиҳӣ, пешгӯии дурнамои оянда ва ҷории банақшагирӣ дар сатҳи кишвар ва минтақаҳои дахлдор вусъат бахшида мешаванд.
Манбаи ягонаи миллӣ оид ба сирояти ВИЧ таъсис дода мешавад, ки дар асоси системаи ягонаи нишондиҳандаҳо ба тамоми шарикон дастрас хоҳад буд.
6.2 Сарчашмаи маблағгузории барнома
- аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола пешбинимешудаи Буҷети давлатӣ, аз он ҷумла дастгирии давлатии ТҒҲ хизматрасони СПИД;
- аз ҳисоби сафарбарсозии захираҳои донорҳои байналмилалӣ.
6.3 Идоракунии барнома
Идоракунии барнома аз ҷониби КҲМ, ки мақоми кории он Котибот буда, ҳамкории бахшҳои гуногуни КҲМ-ро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад. Маркази ҷумҳуриявии СПИД мақоми эксперти миллӣ хоҳад буд.
Бо мақсади иҷрои ин чорабиниҳо, баъди тасдиқи он нақшаи муфассали татбиқ якҷоя бо нақшаи мониторинг барои ҳар сол аз ҷониби КҲМ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Дар асоси ин барнома ҳар як бахши манфиатдори давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, мудофиа, маориф, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, молия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои кишвар тибқи тартиби муқарраргардида барномаҳои минтақавӣ ва нақшаҳои мубориза бо сирояти ВИЧ -ро таҳия, мувофиқа ва тасдиқ менамоянд. Дар ҳар як мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия бо фармони роҳбари аввал хизматчиёни давлатии масъули татбиқи барномаҳои мубориза бо СПИД ва ворид намудани масъулияти дахлдор ба ӯҳдадориҳои вазифавии онҳо муайян карда мешаванд.
Замима
Ҳисоби хароҷоти маблағҳо барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оиди мубориза бо сирояти ВНМО/СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010 (бо млн. доллари ШМА)
+-+------------+------+-------+------+-----+-------+------+----------ҷ
|В| Чорабинихо | Арзиш|Захи- |Камбуд|Арзиш|Захи- |Камбуд| Бучети |
|а| |(бо |рахои |2007- |(бо |рахои |2009- | умуми (бо|
|з| |долл. |чалбша-|2009 |долл.|чалбша-|2010 | доллари |
|и| |ШМА) |ванда | |ШМА) |ванда | | ШМА) |
|ф| |2007- | | |2009-|2009- | | |
|а| |2009 | | |2010 |2010 | | |
|х| | | | | | | | |
|о| | | | | | | | |
+-+------------+------+-------+------+-----+-------+------+----------+
|1|Ноил шудан |16.4 | 3.26 |13.2 |16.6 | 5.0 |11.6 | 24.8 |
| |ба кабули | | | | | | | |
| |тарзи зинда-| | | | | | | |
| |ги аз чониби| | | | | | | |
| |намояндагони| | | | | | | |
| |гуруххои | | | | | | | |
| |ахолии дорои| | | | | | | |
| |хатари аз | | | | | | | |
| |хама бештари| | | | | | | |
| |гирифтории | | | | | | | |
| |ВНМО, ки | | | | | | | |
| |химояи | | | | | | | |
| |онхоро аз | | | | | | | |
| |сирояти ВНМО| | | | | | | |
| |таъмин созад| | | | | | | |

|2|Ноил шудан | 4.0 |1.5 | 2.5 | 0.8 | 0.1 | 0.7 | 3.2 |
| |ба кабули | | | | | | | |
| |тарзи зинда-| | | | | | | |
| |ги аз тарафи| | | | | | | |
| |гуруххои | | | | | | | |
| |осебпазири | | | | | | | |
| |ахоли (чаво-| | | | | | | |
| |нон,аз чумла| | | | | | | |
| |кудакони бе-| | | | | | | |
| |саробон,хиз-| | | | | | | |
| |матчиёни | | | | | | | |
| |харби, мухо-| | | | | | | |
| |чирони занон| | | | | | | |
| |ки хатари | | | | | | | |
| |сирояти | | | | | | | |
| |ВНМО-ро то | | | | | | | |
| |хадди аксар | | | | | | | |
| |паст мена- | | | | | | | |
| |мояд, яъне | | | | | | | |
| |даст каши- | | | | | | | |
| |дан аз | | | | | | | |
| |нашъаман- | | | | | | | |
| |дии тазрики,| | | | | | | |
| |ба таъхир | | | | | | | |
| |гузоштани | | | | | | | |
| |алокаи | | | | | | | |
| |чинси, вафо-| | | | | | | |
| |дори, исти- | | | | | | | |
| |фодаи рифола| | | | | | | |
| |хангоми | | | | | | | |
| |алокаи чинси| | | | | | | |

|3|Паст кардани| 0.25 | 0.06 |0.2 |0.7 | 0.01 | 0.69 | 0.9 |
| |осебпазирии | | | | | | | |
| |ахоли ба | | | | | | | |
| |сирояти ВНМО| | | | | | | |
| |бо рохи | | | | | | | |
| |таъмини | | | | | | | |
| |дастраси ба | | | | | | | |
| |табобати | | | | | | | |
| |самараноки | | | | | | | |
| |ИРЧГ | | | | | | | |

|4|Таъмин наму-|0.6 | 0.1 | 0.5 |0.5 | 0.1 | 0.4 | 0.9 |
| |дани ахоли | | | | | | | |
| |бо дастраси | | | | | | | |
| |ба мачмуи | | | | | | | |
| |пурраи хиз- | | | | | | | |
| |матхое, ки | | | | | | | |
| |сатхи инти- | | | | | | | |
| |коли ВНМО-ро| | | | | | | |
| |аз модар ба | | | | | | | |
| |кудак паст | | | | | | | |
| |мекунад | | | | | | | |

|5|Таъмин наму-|0.1 | 0.05 | 0.05 | 0 | 0 | 0 | 0.05 |
| |дани бехата-| | | | | | | |
| |рии манипу- | | | | | | | |
| |лятсияхои | | | | | | | |
| |тибби аз | | | | | | | |
| |чумла ханго-| | | | | | | |
| |ми хунгуза- | | | | | | | |
| |рони, транс-| | | | | | | |
| |плантатсия | | | | | | | |
| |ва химиопро-| | | | | | | |
| |филактикаи | | | | | | | |
| |баъди тамоси| | | | | | | |

|6|Таъмин наму-|0.3 | 0.05 | 0.25 | 0.2 | 0.02 | 0.18 | 0.43 |
| |дани профи- | | | | | | | |
| |лактикаи | | | | | | | |
| |беморихои | | | | | | | |
| |оппоротунис-| | | | | | | |
| |тии ШВЗ, аз | | | | | | | |
| |чумла | | | | | | | |
| |бемории сил | | | | | | | |

|7|Кафолат |3.8 | 1.2 |2.4 |4.8 | 0.3 |4.5 | 6.9 |
| |додани муо- | | | | | | | |
| |личаи анти- | | | | | | | |
| |ретровируси | | | | | | | |
| |ба шахсони | | | | | | | |
| |эхтиёчманди | | | | | | | |
| |гирифтори | | | | | | | |
| |ВНМО | | | | | | | |

|8|Кафолат | 0.6 | 0.0 | 0.6 |0.4 | 0.0 | 0.4 | 1.0 |
| |додани тала-| | | | | | | |
| |боти бемори-| | | | | | | |
| |хои оппорту-| | | | | | | |
| |нисти, пеш- | | | | | | | |
| |ниход наму- | | | | | | | |
| |дани хизмат-| | | | | | | |
| |хо ба ШВЗ,ки| | | | | | | |
| |ба кумаки | | | | | | | |
| |паллиативи | | | | | | | |
| |ва нигохубин| | | | | | | |
| |эхтиёч | | | | | | | |
| |доранд | | | | | | | |

|9|Кафолат | 0.1 | 0.0 | 0.1 | 0.07| - | 0.07 | 0.17 |
| |додани даст-| | | | | | | |
| |гирии ичти- | | | | | | | |
| |моии ШВЗ, | | | | | | | |
| |аъзои оилахо| | | | | | | |
| |ва наздикони| | | | | | | |
| |онхо | | | | | | | |

| |ХАМАГИ: |26.15 |6.22 |19.8 |24.07| 5.53 | 18.54| 38.34 |