Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010
Бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъдаи вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) ва таъмини муносибати маҷмӯӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои табобатию профилактикии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010 Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда шуда, ба онҳо супориш дода шавад, ки Барномаи мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонанд.
3. Ба Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар мӯҳлати 3 моҳ Нақшаи миллии "Арзёбӣ ва баҳодиҳӣ"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва донории созмонҳои байналмилалӣ, ки барои соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудаанд, татбиқи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010-ро таъмин намоянд.
5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои зикршуда иҷрои чорабиниҳои дар Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010-ро таъмин намуда, ҳар нимсола натиҷаи иҷрои онро дар ҷаласаҳои ҷамбастии дахлдор мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2007 № 86
ш. Душанбе